Вазоифи ҳамсарон ҳангоми бордории хонумҳо

222

 

1- Виёр

Аксари хонумҳо дар тамомӣ даврони бордорӣ ё дар аксари он вақти бордорӣ, аз як мизоҷи оддӣ ва маъмулӣ бархурдор нестанд. Балки нисбат ба баъзе ғизоҳо ва таомҳо танаффур ва бадбини пайдо мекунанд. Ва ба ҳар ҳол кам хуроктар мешаванд, дар сурате ки ниёзи ғазоӣ онҳо бештар аст ва ба ҳамин ҷиҳат бояд ғизоҳоеро майл кунанд ки дар айни ҳол ки аз лиҳози маводи мухталифи ғизоӣ ғанӣ аст, ҳаҷми камтаре ҳам дошта бошад.

Ва танзими чунин барномаи ғазои, кори бисёр душворе аст. Билахас барои афроди кам бизоат ва кам иттилоъ аз хавос ва осори ғазоҳо ва беҳдошти умумӣ, дар ин ҷост ки масъулияти бисёр сангине бар уҳдаи падари кудак ниҳода мешавад. Падари кудак аст, ки бояд ба миқдори тавони хеш талош кунад ва барои ҳамсари бордораш ва кудакеро ки дар раҳим парвариш медиҳад барномаи ғазоӣ муносиб ва ҳисоб шудаеро таҳия ва дар ихтиёри ҳамсараш қарор диҳад. Ва агар дар анҷоми ин масулияти бузург, кутоҳӣ кунад ҳам ба саломати ояндаи ҳамсараш ва ҳам саломати кудакаш латма ворид хоҳад шуд ки дар ҳамин дунё натиҷоашро хоҳед дид ва ҳам дар ҷаҳони охират мавриди бозхости Илоҳӣ қарор хоҳад гирифт.

2- Оромиши фикрӣ

Зан дар замони бордорӣ, ниёзи шадиде ба оромиши фикрӣ ва ишқу ва алоқа ба зиндагӣ дорад, зеро аъсоби роҳат ва оромиши фикр ва шавқ ва алоқа ба зиндагӣ, ҳам дар саломати худаш таъсир дорад ва ҳам дар ҷисм ва равони кудаке ки дар раҳим парвариш меёбад таъсири босазое хоҳад дошт.

Ва таҳия ва таъмини муҳити амн ва бо оромише низ бар уҳдаи шавҳар аст. Шавҳар ҳамеша бояд бо муҳаббатҳо ва навозишҳо ва дилҷӯиҳояш дили ҳамсарашро гарм ва ором нигаҳ дорад лекин дар замони бордорӣ бояд ин барномаро ду чандон кунад. Рафтори шавҳар бояд он чунон бошад ки ҳамсараш аз ҳодисае ҷадид эҳсоси ғурур ва шомонӣ кунад ва бар хештан биболад ки масулияти парвариши як инсони хуб ва солим бар уҳдааш ниҳода шуда аст ва ба хубӣ дарёбад ки шавҳараш бо тамоми вуҷуд ӯро дуст дорад ва ба фарзандаш низ комилан алоқаманд мебошад.

3- Худдорӣ аз ҳаракоти шадид

Зан дар замони бордорӣ ниёз ба истироҳат дорад ва ба иҷтиноб аз корҳои сангин ва душвор дорад. Ҳамлу нақл ва бардоштани ашёи сангин ва ҳаракатҳои тунду тез метавонад барои саломати худаш ва кудакаш зиёнҳои ғайри қобили ҷубронеро ба бор оварад. Хонумҳои бордор бояд комилан ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошанд. Шавҳарон низ вазифа доранд ки ба ҳамсарони бордорашон тавсия кунанд ки аз ҳамл ва бардоштани ашёи сангин ва анҷоми ҳаракатҳои тунду тез ҷиддан иҷтиноб намоянд ва лозим аст мардҳо дар ин даврон, анҷоми корҳои сангинро ки барои зиндагӣ зарурат дорад худ мутаҳамил шаванд, ва ба ҳамсарашон иҷозаи анҷоми чунин корҳоро надиҳанд.

4- Коҳиши тарс ва изтироби бордорӣ

Яке аз мушкилоти даврони бордорӣ, тарс ва изтиробе аст ки хонумҳо аз зоимон доранд. Махсусан хонумҳое, ки зоимони аввалашон бошад, ё зоимони ғайри табии дошта бошанд. Дар ин маврид низ, шавҳарон бояд ба ёрии ҳамсаронашон бишитобанд. Ба ӯ дилдорӣ ва тасалият бидаҳанд, бигуянд: агар риояти беҳдошт ва ҳифзи саломатиатро бикунӣ зоимон амри чандон душворе нест, балки як амри табии аст ки барои ҳамаи бонувон воқеъ шуда ва мешавад. Таҳаммули он чандон сахт нест, дар иваз як фарзанди хуб ва солим пайдо мекунем ки мояи ифтихори мо хоҳад буд. Ман низ ҳамвора муроқиби тӯ буда ва хоҳам буд ва аз ҳеч гуна кумаке дареғ нахоҳам кард.

5- Зоимон

Амали зоимон бар рӯи ҳам душвориҳоеро дар бар дорад.

Ғолибан бо як давра дардҳои шадиде ҳамроҳ аст. Хонумҳои бордор ғолибан аз хатарҳои эҳтимолӣ ва авоқиби он бимноканд. Баъд аз вазъи ҳамл ҳам, як даврони заъф ва нақоҳатро бояд бигузаронанд. Гарчи хонумҳои даврони бордор ва зоимон ва шир доданро бояд таҳаммул кунанд лекин шавҳар низ дар инъиқод ва ба вуҷуд омадани кудак комилан дахил буда аст. Дар воқеъ падар ва модар, дар ба вуҷуд омадани кудак ба таври иштирок саҳим ҳастанд, гарчи маркази ин мавҷуди ҷадид раҳими модар мебошад. Бинобар ин шавҳар низ бар тибқи вазифаи виҷдонӣ ва инсонӣ ва исломӣ муваззаф аст дар мавқеияти ҳассоси зоимон ба ёрӣ ҳамсараш бишитобад, ва саъй ва талош кунад то амали зоимон ба хубӣ анҷом бигирад. Агар ниёз ба дуктур ва дору ва зоишгоҳ дорад, шароит ва василаашро фароҳам созад.

Бо изҳори муҳаббат дилгарм ва умедвораш созад. Ҳангоме ки дар зоишгоҳ аст муроқиби аҳволи ӯ бошад. Ва ҳузуран ё ба василаи телефон аз аҳволаш ҷуё шавад. Баъд аз вазъи ҳамл, дар сурати имкон фавран ба мулоқоташ биравад, ва агар мумкин нест, яке аз хонумҳои бастагонро ба мулоқоташ бифиристад ва аз аҳволаш ҷуё шавад. Вақте мехоҳанд ӯро ба манзил биёваранд беҳтар аст худаш низ ба ҳамроҳ бошад. Вақте ба манзил омад асбоб ва васоили истироҳати ӯро фароҳам созед. Дар давраи нақоҳат иҷоза надиҳад ба корҳои сангин ва душвор иқдом кунад ба миқдори тавон, ғазоҳо ва таомҳои хуб ва муқаввӣ барояш таҳия кунад то неруҳои аз даст додаро дубора боз ёбад ва бо саломати ба зиндагӣ ва парвариши навзод машғул гардад.

Мард бо чунин рафторе ба ахлоқи исломӣ амал карда ва назди Худо маҷур хоҳад буд. Расури Худо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд: беҳтарини шумо марде аст ки бо ҳамсараш ба хубӣ рафтор кунад ва ман аз ҳамаи шумо нисбат ба ҳамсарам хушрафтортар ҳастам. Ва Ҳазрати Имом Содиқ (алайҳиссалом) фармуд: Худо раҳмат кунад мардеро ки байни худаш ва ҳамсарашро неку гардонад, зеро Худованди Мутаол мардро ихтиёрдор ва сарпарасти ӯ қарор дода аст.

Ба илова, бадин васила, конуни гарми хонаводаро гармтар аз собиқ намуда ва бунёди издивоҷро устувор мегардонад. Дар ин сурат, хонуми чунин марде низ, муҳаббатҳо ва навозишҳо ва дилҷуиҳои шавҳари меҳрабонашро, ҳеч гоҳ фаромуш нахоҳад кард, ва бо дилгармӣ ва умеди бештаре дар идораи зиндагӣ талош хоҳад кард.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.