Хонаи бегарду чанг дошта бошед

183

Чанд роҳи содда ва осон вуҷуд дорад, ки бо анҷоми онҳо фазои хонаи худро покиза нигоҳ медоред.

1- Аз гузоштани маводде, ки тавлиди гардe ғубор дар фазои хона мекунанд, иҷтиноб кунед.

2- Рахту хоб аз ҷумла маконҳое аст, ки ҳар инсон вақти зиёде аз зиндагияшро дар он сипарӣ мекунд, пас ҳаргиз бо либоси берун дар ҷои хоб дароз накашед то тоза монад ва дар тозагии ҷои хоб кӯшо бошед.

3- Тасфия кунандаҳои ҳавоиро, ки дар манзили худ истифода мекунед, гоҳ гоҳ нигоҳ карда кунед ва онҳоро поку покиза кунед, чароки бо гузашти замон худи ин васоил гарду ғубори зиёдеро дар даруни худ ҷамъ мекунанд.

4- Аз мартуб кардани фазои хонаи худ парҳез кунед. Васоили намдору обгирифтаро дар фазои хонаи худ қарор надиҳед, чароки вуҷуд гарду ғубор дар муҳити хона ба самти васоили мартуб ҷазб мешавад.

5- Дастгоҳи таҳвияи ҳавои хонаи шумо бояд дорои филтери бисёр фаврӣ бошад. Филтери қавӣ аз убури гарду ғубор аз дастгоҳ ҷилавгирӣ мекунад. Аз онҷо, ки ҳамеша пешгирӣ беҳтар аз дармон аст, барои инки иҷозаи вуруди гарду ғубор ба хонаи худро надиҳед, беҳтарин кор ин аст, ки аз филтери қавӣ истифода баред.

6- Гоҳе беҳтар аст, ки саломати худро фидои зебоӣ накунед. Чӯбпардаҳо аз ҷумла васоиле ҳастанд, ки ба шиддат эҷоди гарду ғубор мекунанд. Ба ҷои ҷинси чӯб метавонед аз ҷинсҳои пилостикӣ истифода кунед.

7- Порчаҳои кӯҳнаро ҳеҷгоҳ барои дамкунӣ истифода накунед. Ин порчаҳо саросар гарду ғуборанд. Бо ҳар бор такон додани онҳо миллионҳо зарра гарду ғубор аз онҳо ҷудо шуда ва дар фазои хонаи шумо пахш мешаванд.

бо анҷоми ин чанд кори содда хонаи покиза ве бегарду чанг дошта бошед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.