Натиҷаи нофармонӣ аз дастури волидайн

77

 

Ривоёти зиёде аст, ки аҳамияти иҳтиром ба падару модарро мерасонад. Монанди достони Ҷурайҳи обид ва модараш. Ҷурайҳи обиде дар Бани исроил буд ва дар савмаа ибодат мекард ва дар миёни Бани исроил маъруф буд. Рузе модараш ба савмаа  (ибодатгоҳ)-и Ҷурайҳ омад ва ӯро садо зад. Аммо Ҷурайҳ ҷавоб надод. Модараш дид, ки ӯ дар ҳоли намоз хондан аст бинобар ин баргашт ва барои бори дуввум омад ва ӯро садо зад. Аммо Ҷурайҳ аҳаммияте надод ба гуфтори модараш ва модараш барои бори дуввум дасти холӣ баргашт. Моари Ҷурайҳ бори севвум омад ва Ҷурайҳро садо зад аммо ӯро боз дар ҳоли намоз хондан мебинад. Ин бор модар аз Ҷурайҳ нороҳат мешавад ва мегуяд: Аз Худованд мехоҳам туро хору залил кунад. Фардои он рӯз зане, ки бадкора буд тифлеро ҳамроҳи худ оварда бар дари савмаа (ибодатгоҳ) нишаст ва иддио кард, ки ин тифл аз Ҷурайҳи обид аст. Мардуми он диёр гуфтанд: Ҷурайҳ ҳамвора моро аз зино манъ мекард, ҳол худаш зино кардааст.

Хабар ба подшоҳ расид. Ӯ дастур дод Ҷурайҳро ба хотири амали зишташ бар дор биовезанд. Модари Ҷурайҳ моҷароро шунид ва аз нороҳатӣ ба руи худ мезад ва гиря мекард.  Дар ин ҳангом Ҷурайҳ ба модараш гуфт: Модарам гиря макун, ки ин бало ба сабаби нафринӣ шумост. Мардуми Бани исроил вақте гуфтугӯи миёни модар ва Ҷурайҳро шуниданд фаҳмиданд, ки Ҷурайҳ бегуноҳ аст. Он тифлро назди Ҷурайҳ оварданд ва Ҷурайҳ ба ӯ гуфт: Падари ту кист? Тифли навзод дар посух гуфт: Фалонӣ. Ва ба ин васила бегуноҳии Ҷурайҳ ошкор шуд. Дар ҳамонҷо Ҷурайҳ қасам ёд кард, ки ҳамвора ба модараш хидмат кунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.