Тааммуле бар нафси лаввома дар Қуръон

253

Масъалаи виҷдон аз ҷумла масоиле аст, ки то кунун донишмандон ва фалосифаи ҷаҳон мақолоти фаровоне дар бораи он навиштаанд ва яке аз фалосифаи муосир устод Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ китобе бо унвони «Виҷдон» навиштаанд, ки ба нақд ва таҳлил матолиб пардохтааст. Эшон дар ин китоб виҷдонро чунин таъриф мекунанд: Виҷдон аз нуқта назарҳои равоншиносӣ ҳолоти психологӣ ва ахлоқи равон мебошад ва вуҷуди падидаҳои равонии худ огоҳро тарҳ мекунад.

Ба тавре, ки донишмандон ва равонпажӯҳон дар таърифи виҷдон овардаанд: виҷдон неруи ботин ва муассир дар нафси одамӣ мебошад, ки муҳиммтар аз модаи ҷисмонӣ аст. Бинобар ин виҷдон як падидаи мутағайир ва шахсӣ мебошад, ки аз авомили хусусии шахс барангехта мешавад.

Ва аз фалосифаи қадим масалан Арастӯ дар таърифи виҷдон метавон гуфт: Нафси инсонӣ аз ду ҷузъ таркиб ёфтааст: Яке аз он ду ақли шахсии ҳар фард аст ва дигаре пайрави ақл аст, ки аз он ба виҷдон таъбир шудааст.

Аз таърифҳое, ки шуд метавон чунин таҳлил кард ақли инсон ба ду қисмат тақсим мешавад, ки аз он ба ақли муҷаррад ва ақли амалӣ таъбир мешавад, ки агар бихоҳем виҷдонро ба яке аз ин қисматҳо марбут кунем метавон онро аз фаъолияти ақли амалӣ донист.

Зеро виҷдон аст, ки ба кумаки ақл ҳис ва дарк ахлоқи инсонро таҳрик мекунад.

Пас виҷдон неруе аст, ки бо кумаки ақл, ҷудокунандаи хубиҳо ва бадиҳо ва навъе қозӣ ва довари инсон мебошад ба тавре, ки дар муқобили аъмоли некӯ мисли адолат эҳсоси шодӣ ва хурсандӣ мекунад ва дар муқобили зулм ва ситам шиканҷа хоҳад дид ва ба пушаймонӣ ва надомат мерасад. Иртиботи виҷдон бо ақл ба қадре наздик аст, ки иддае гуфтаанд: Виҷдон ба монанди додгоҳе мемонад, ки дар тамоми қазоватҳои ақлӣ назорат мекунад ва ӯст, ки хубро аз бад ва бадро аз хуб ташхис медиҳад.

Дар баъзе аз оёт масъалаи виҷдон ба нафс таъбир шудааст ба тавре, ки дар достони ҳазрати Иброҳим (а) баъд аз шикастани бутҳо, ки дар (сураи Анбиё, ояти. 64) омадааст:

«Онон ба виҷдон ва фитраташон бозгаштанд ва ба замирҳои худ муроҷиа карда ва гуфтанд ҳаққо, ки шумо золим ва ситамгаред.

Дар сурате, ки дар баъзе аз ривоёт ва гуфтаҳои бузургон омадааст, ки масъалаи рӯҳ ва виҷдон мутародиф(ҳаммаъно) якдигар ҳастанд. Пас виҷдон ахлоқе, ки дар таърифи он омадааст, ки огоҳе ба баъзе аз шуъуни шахсият, огоҳӣ ба худ ба таври умум тамоми шахсиятро мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад, бо намудҳои гуногунаш аз фаъолиятҳои рӯҳ ба шумор меравад ба тавре, ки «Вольтер» мегӯяд: Илми бе виҷдон вайронии рӯҳ аст! дар равоншиносӣ таъсири кайфиёти зеҳнӣ ва рӯҳӣ дар рафтори одамӣ мавриди таваҷҷуҳи бисёр қарор мегирад ва авомили муваллиди андеша ва кор таҳлил ва таҷзия мегардад ва тарзи фаъолият ва таъсири онҳо дар сарнавишти шахс баррасӣ мегардад.

Инсон дар мароҳили тазкияи нафс ва ахлоқ худ мутаваҷҷеҳ мешавад, ки ақл иртиботи танготанаге бо виҷдон дорад ба сурате, ки вақте гуноҳе анҷом медиҳад барои тавба аз он гуноҳ ибтидо виҷдон, ӯро шиканҷа медиҳад, ки барои чӣ ин гуноҳро анҷом додӣ. Ин нукта набояд фаромӯш шавад, ки азоби виҷдон ва шиканҷа ба қадре бошад, ки инсонро ноумед кунад ба тавре, ки дучори афсурдагӣ ва изтироб шавад. Пас хавфу раҷо дар инҷо комилан мутаодил бошад на хавф бар раҷо ғалаба кунад ва на раҷо бар хавф.

Бинобар ин виҷдон яке аз авомили муҳимм барои тазкияи нафс ва ахлоқ ва тавбаи инсон аз гуноҳе аст, ки анҷом додааст.

  Хулоса инкӣ:

Аз маҷмӯи сӯҳбатҳое, ки файласуфон дар бораи виҷдон кардаанд ба ин натиҷа мерасем, ки баъзе аз ҳолоти нафсонӣ мунбаис аз рӯҳу ақл ва виҷдон аст ва то инҷо ба ин масъала мерасем, ки виҷдон иртиботи мустақим ва ғайри мустақим бо рӯҳ ва равон дошта ва нақши виҷдон дар ҳаёти одамӣ асароти амиқе дорад. Ҳамчунон, ки метавонад дар тазкия нафс ва рӯҳро аз олудагиҳо наҷот дода ва ақли амалиро тақвият намояд ва саодат ва некбхтии рӯҳро дар олами пас аз марг таъмин намояд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.