Шиваҳои тозасозии хона аз беморӣ дар тирамоҳ

396

Дар ин навиштор шиваҳо ва роҳкорҳоеро барои тозасозии хона аз вирус ва беморӣ дар тирамоҳу зимистон бо шумо дар миён мегузорем. Барои огоҳӣ аз ин равишҳо бо “Хонаводаи Намуна” ҳамроҳ бошед.

Фасли зимистон ва тирамоҳ барои ин ки аз василаҳои гармидиҳӣ истифода мебарем ва ҳавои хона хушктар аз ҳадди маъмул мешавад, бояд рутубати хонаро ҳифз кунем чун рутубат як монеи табиӣ барои ҷилавгирӣ аз интиқоли микробҳо мебошад.

Василаҳои нарм, махфигоҳи микробҳо!

Қадами аввал ин ки васоили нарми хонаро амиқан тамиз кунед, монанди фаршу диванҳо махфигоҳи хубе барои микробҳо ҳастанд ва шустушуи муназзами онҳо роҳи хубе барои ҷилавгирӣ аз интиқоли бемориҳо аст.

Нигоҳ доштани рутубат дар зимистон

Дар фасли зимистон азбаски мо аз асбобҳои гармидиҳӣ истифода мебарем ва ҳавои хона аз маъмулӣ хушктар мешавад, мо бояд рутубат ва намии хонаро нигоҳ дорем, зеро намӣ монеаи табииест, ки аз интиқоли микробҳо пешгирӣ мекунад. Аз ин рӯ дар косае об рехта канори асбоби гармидиҳӣ нигоҳ доред то бухори он намӣ ва рутубати хонаро ҳифз кунад.

Дезинфексияи ҷойҳои сироятшуда ва олудагӣ

Ҷойҳои пур истифодае, ки ҳамаи аъзои хона ламсаш мекунанд, мисли дастгираи дарҳо, калиди чароғҳо, дастгираи кумудҳо, яхдонҳо, тилифон ва кантроли телевизион аз чизҳое ҳастанд, ки бояд умуман зиддиуфунӣ ва дезинфексия шаванд.

Ҷараёни ҳавои ҳуҷра

Дуруст аст, ки дар ҳавои сард дару панҷараҳо барои ҳифзи гармо бояд баста бошанд, аммо ёдатон бошад дар рӯзҳои сард ҳам агар ҳаво хело олуда набуд, барои чанд дақиқае панҷараҳоро боз кунед, то ҳавои куҳнаи дохили хона бо ҳавои тоза ҷойгузин шавад ва аз уфунатҳои танаффусӣ ҷилавгирӣ кунад.

Шустани рахтихобҳо

Малҳафаҳо ва патуҳоро ҳам мураттаб бишуед, чун маъмулан дар рӯзҳои сард бештар аз онҳо истифода мекунем, агар касе дар хонатон бемор шуда бошад, рахтихобашро бишуед то аз интишори микробҳо ҷилавгирӣ кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.