Чаҳор маҳорати мардон барои муваффақият дар зиндагӣ

193

Ҳам занон ва ҳам мардон барои муваффақ шудан дар зиндагии муштаракашон бояд маҳоратҳои корбурдӣ ва муҳимме бидонанд, ба ҳамин баҳона дар ин мақола маҳоратҳое, ки мардон барои муваффақият дар зиндагии муштаракашон бидонандро мегӯем

Маҳорат ҳои мардона барои муваффақияти як зиндагии муштарак

Эҳсоси амният ба ҳамсар

Мард ба унвони сутуни хонавода вазифаи эҷоди амният ва ҳимоят дар хонаводаро бар ӯҳда дорад чаро, ки хонумҳо ниёз ба такягоҳи мутмаин ва амн доранд ва аз ин рӯ ба умеди касби оромиш ва осудагии хаёл тан ба издивоҷ миедиҳанд. Ба ҳамин далел шоистааст, ки мардон ин нуктаро дар назар дошта бошанд ва дар замон ҳое, ки ҳамсарашон ба он ҳо ниёз дорад дар дастрас бошанд ва аз зӯри бозу то иқтидори равонии мавриди ниёзи вайро таъмин кунанд. Инки  зане эҳсос кунад, ки дар ҳар шароите ҳамсараш дар канори ӯ ва ҳомии ӯст эҳсоси беҳтарин ба зан мебахшад.

Шинохти ниёзҳои отифӣ ва равонии занон

Илова бар  тафовут ҳои фардӣ, таваҷҷуҳ ба тафовут ҳои ҷинситӣ низ лозим ва зарурӣ аст. Аз ин рӯ беҳтар аст мардон ниёзҳо ва салиқаҳои ҳамсарашонро аз зовияи диди мардона таҳлил накунанд чаро, ки мардон зотаан куллинигар ҳастанд ва хонумҳо ба ҷузъиёт таваҷҷуҳи бештаре доранд. Ниёз ба таваҷҷуҳ, ниёз ба дида шудан, ниёз ба дӯст доштан ва дӯст дошта шудан, ниёз ба эҳтиром ва… байни зану мард муштарак аст вале дидани тағйироти зоҳирӣ, мавриди эҳтиром воқеъ шудан ба вижа дар ҷамъ, шунидани ҳамроҳ бо таваҷҷуҳи ҳарфҳо ва дарди дил ҳо, ташаккур кардан аз хадамоту заҳматҳо ва ибрози муҳаббати каломӣ аз ҷумла мавориде аст, ки таъсири зиёде бар рӯҳияи занон дорад ва ба навъе метавон гуфт, ки мӯъҷиза мекунад.

Доштани истиқлол

Яке дигар аз вижаги ҳои мардонае, ки барои занон муҳим ва арзишманд аст, расидан ба булуғи отифӣ ва равонӣ ва доштани истиқлоли назар дар мардон аст. Агар марде дар зиндагӣ истиқлол ва қудрати лозим барои тасмимгирӣ надошта бошад ва ба хонаводаи падарии худ такя кунад, наметавонад такя гоҳи мутмаин барои ҳамсараш бошад. Бинобарин тақвияти эътимоди ба нафс ва расидан ба истиқлоли фикрӣ, отифӣ, иқтисодӣ ва…барои мардон зарурӣ ба назар мерасад.

Зиндагии муштарак 2 нафара аст

Дар поён бори дигар таъкид мекунем, ки тасаллут ба маҳорат ҳои зиндагӣ аз сӯи зану шавҳар нақши муҳиме дар муваффақияти зиндагии муштараки он ҳо дорад ва заъфи яке аз завҷҳо дар ин масъала сабаби ноҳамоҳангӣ ва таниш хоҳад шуд. Бинобарин барои пешгирӣ аз бурузи ин мушкил лозим аст, ки ҳар ду нафар огоҳии худро дар бораи ҷойгоҳ ва нақши худ дар зиндагӣ ва ҳамчунин шинохти тарафи муқобил бешатр кунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.