Издивоҷ бидуни ишқ имкон дорад (қисми дуввум)

124

Издивоҷҳои оқилона бидуни ишқу алоқа

Гоҳе шумо бо як интихоб комилан оқилона пеш меравед ва касеро мебинед ва аз назари ақлонӣ меписандед, аммо шавқе нисбат ба ӯ надоред; дар воқеъ ақли шумо фарди муқобилро аз назари зоҳир, диндорӣ, таҳсилоту дониш, фарҳанг, син ва… таъйид мекунад, аммо шумо ҷазби тарафи муқобилатон намешавед оё дар ин сурат метавонед бо ин фард издивоҷ кунед?

Дар издивоҷ бераҳм бошед ва ба хотири дилсӯзӣ ва тараҳҳум бо касе издивоҷ накунед то замоне ки он ишқу алоқа эҷод шавад. Агар шумо бо фарде рӯбарӯ шадед, ки тамоми милокҳои мавриди назари шуморо дорад, аммо ҳеҷ ҳиссу алоқа ва шавқе нисбат ба ӯ надоред даст нигоҳ доред ва иҷоза диҳед то робита ва шинохти шумо барои моҳҳо идома пайдо кунад то бубинед, ки оё байни шумо алоқа эҷод мешавад. Саъй кунед замони бештареро барои шинохти ҳамдигар бигузоред.

Издивоҷҳои ошиқона бидуни ақлу мантиқ

Яке аз боварҳои ғалати баъзе аз ҷавонон барои издивоҷ ин аст, ки ҳатман бояд қабл аз издивоҷ ошиқи ҳам бошанд то битавонанд зиндагии хубе дошта бошанд, аммо дар аксари маворид чунин издивоҷҳое, ки бо дӯстии қаблӣ ва ишқи оташин оғоз мешавад бо таби сард ба поён мерасад, чароки онҳо эҳсосӣ тасмим мегиранд ва шинохти дурусте аз тафовутҳои худ ва фарди муқобил надоранд; Дар асл ишқ, хушбинӣ ва бемантиқиро дар духтару писар тақвият мекунад дар ҳоле ки зиндагӣ зери як сақф воқеият аст ва бо шинохти воқеии духтару писар сару кор дорад.

Агар шумо ошиқона касеро дӯст доред бо ӯ издивоҷ накунед, сабр кунед то шинохти кофиро нисбат ба тарафи муқобил ба даст оваред. Бояд бидонед, ки ишқу алоқа ба танҳоӣ кофӣ нест ва мумкин аст баъд аз муддате ҳормунҳои марбут ба ишқ фурӯкаш кунад ва қатъан чунин иттифоқе хоҳад афтод. Ҳормунҳое, ки тибқи таҳқиқот дар 4-5 соли аввали издивоҷ ба пойинтарин ҳадди худ мерасанд ва бештарин мизони талоқ ҳам дақиқан дар ҳамин 3-4 у 5 соли издивоҷ аст; бинобарин ҳам ақл ва ҳам дил ду боли парвози мо барои як зиндагии муштараки зебо хоҳад буд пас боақл интихоб кунед ва бо дил хуш бошед.

Мумкин аст шумо дар интихоби ду гузина дучори мушкил шавед масалан шумо ошиқи касе мешавед, ки девонавор дӯсташ доред ва ҳамзамон бо касе рӯбарӯ мешавад, ки ба меъёрҳои шумо наздиктар аст, аммо ӯро ба шиддат нафари аввал дӯст надоред дар ин сурат шумо бо касе издивоҷ кунед, ки солимтар аст. Мумкин аст шумо он ишқи оташинро таҷриба накунед, аммо дар иваз робитаи зеботар ва солимтар хоҳед дошт. Дар ҳолати аввал шумо лаҳазоти ошиқонаи беназирро таҷриба мекунед, аммо зуд ин ишқ фурӯкаш мекунад. Издивоҷи ошиқона дуруст ҳамчу бозӣ кардан дар шаҳрибозӣ аст, ки шумо дар чанд дақиқаи аввали бози саршор аз ҳаяҷону шодӣ ҳастед, аммо чанд дақиқа баъд ба шумо мегӯянд бозӣ тамом шуд ва дигар аз он ҳаяҷон хабаре нест.

Бинобар ин танҳо роҳ барои даст ёфтан ба як издивоҷи хубу муваффақ таодул ва тавозун байни шавқҳои эҳсосӣ ва тасмимгирии мантиқӣ аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.