Мардон бояд бидонанд…

168

Мард куллинигар аст ва зан ҷузъинигар. Афроди ҷузъинигар мехоҳанд атрофиёни онҳо ба тамоми заҳамоте, ки кашидаанд таваҷҷуҳ дошта бошанд. Пок шудан хона, омода шудани ғизо, шуста шудани либосҳо ва… ниёз ба дидану ташаккури меҳрубонона дорад. Вақте канори ҳам ҳастед, ин дидану ташаккур метавонад бахше аз замони шуморо пур кунад; албатта ҳар бор ба ҷиҳатҳои тозае аз корҳои ӯ ишора кунед ва дар шеваи баёну ташаккур аз ӯ ҳам танаввӯъ ва халлоқият дошта бошед то наҳваи дидану ташаккур, барои худатон ва ҳамсаратон такрорӣ ва хастакуннда нашавад.

Нагӯед «ман ҳаминам, ки ҳастам!» гуфтани ин ҷумла ба ҳамсаратон ҳисси нокомӣ медиҳад ва бо гузаштаи замон ӯро дучори афсурдагӣ мекунад. Ҳунарманд касе аст, ки бигӯяд «ман ҳамеша омодаи ислоҳ кардани худ ҳастам.»

Дарёи зиндагӣ гоҳ пур аз тӯфон ва мавҷҳои ваҳшатноки асабоният мешавад. Барои наҷот додани киштии зиндагии муштарак лозим аст ин дарёро худатон ором кунед. Хеле сахт нест фаҳмидани инки чигуна метавонед асабонияти худро контрол кунед. Ҳар кас худашро беҳтар мешиносад. Бо ин ҳол метавонед аз худ бипурсед мавзӯе, ки ба хотираш асабонӣ шадид, ду ҳафта, як моҳ, як сол баъд, … чӣ қадар аҳамият хоҳад дошт. Метавонед масоили мушобеҳи қадимиро, ки аҳамияти он маҳв шуда ё рӯ ба фаромӯшӣ аст, ба ёд биоваред.

Ҳаққашро ба ӯ бидиҳед; Тибқи мафоҳими динӣ, бахшиши зан, яке аз ҳуқуқи ахлоқии зан бар гардани мард аст. Агар иштибоҳе кард, ӯро бахшед ва агар иштибоҳе кардед, узрхоҳӣ кунед. Узрхоҳии доруи талх вале шифобахш аст.

Тавофуқ беҳтарин ва тафоҳум воқеъбинонатарин ҳолат дар як зиндагии муштарак аст. Ҳамеша тавофуқ мумкин нест вале ҳамеша тафоҳум мумкин аст. Тафоҳум яъне бо вуҷуди ихтилофи назар, ба раъй ва эҳсоси ҳамдигар эҳтиром бигузоред ва бо ҳамдигар канор биёед.

Муҳаббате, ки интизорашро намекашем ширинтар аст. Муҳаббатҳои ширин ба ҳамсаратон ҳадия диҳед. Гоҳе, ки ҳамсаратон таваққӯъ надорад, ӯро навозиш кунед ва ҳарчанд вақт якбор бидуни ҳеҷ далели хоссе барояш гул бихарид. Гоҳе ин корҳои ғайримунтазираи кӯчак мумкин аст бисёр бештар аз бархе изҳори алоқаҳо ва калимот маъно дошта бошанд.

Аз халлоқияту танаввӯъ барои ибрози муҳаббат ба ҳамсаратон ғофил набошед ва бо шеваҳои гуногуни каломӣ ва ғайрикаломӣ ба ӯ ибрози алоқа кунед то нишон диҳед ҳузураш ҳеҷ вақт бароятон оддӣ нашудааст. Барои мисол метавонед ёддошти муҳаббатомез бинависед ва онро дохили кафши ӯ бигузоред ва ё инки бастабандии шакалотиро боз кунед, ёддошти муҳаббатомезатонро канораш бигузоред ва ба ӯ ҳадия кунед.

* «беминнат» ва «беазият», ин ду аслро дар кумак кардан ба хонумҳо дар назар дошта бошед то аз савоби илоҳии ин кор баҳра бибаред.

Занон ба муқоисаҳои дорои таъми тавбих ҳассос ҳастанд; Муқоиса хусусан бо зане аз занони фомил, хоҳ-нохоҳ таъми таҳқир дорад ва таҳқир, партгоҳи робитаҳо аст. Ҳамсартонро ба даруни ин партгоҳ партоб накунед.

Гоҳе гузаштаҳои ширинро зинда кунед. Ҳарчанд вақт якбор ба маконҳое биравед, ки дар даврони номзадӣ, хотироти хуширо дар онҷо сипарӣ кардаед. Зиндагӣ дар гузаштаҳои ширин, имрӯзатонро хушоянд ва ояндатонро умедбахштар мекунад.

Гоҳе хонумҳо паёми маъкус ирсол мекунанд; Масалан вақте, ки мегӯянд «танҳоям бигузор», воқеан ниёзманди таваҷҷуҳи меҳрубононатари шумо ҳастанд ва ё вақте аз қиёфаи худ шикоят мекунанд дар воқеъ мунтазири шунидани ин ҳарфи шумо ҳастанд, ки «азизам худат бароям хостанӣ ҳастӣ! »

Мо ҳам худамонро дӯст дорем ва ҳам ҳар ончи ба мо марбут аст. Ҳамсарони мо ҳам ҳаминтавранд. Пас эҳтиром ба бастагони онҳо дар воқеъ эҳтиром ба худи онҳост.

Либос, кафш, тилло ва… танҳо ниёзҳои занон нестанд; Дил, гӯш, нигоҳ, табассум ва таҳсину таърифи ҳам аз ниёзҳои як зан аст. Ҳамсаронтонро аз дил, гӯш, нигоҳ, табассум ва таҳсини худ ба баҳонаи таъмин  либос, кафш, тилло, … маҳрум нанамоед; бинобарин мудом сар дар рӯзнома ва телевизион ва телефони ҳамроҳатон накунед; Чароки такрори ин рафтор ва адами таъмини ниёзҳои аввалия ва муҳимтар,  ба хонумҳо эҳсоси турдшидагӣ медиҳад.

Интиқод (он ҳам ба шакли мӯҳтарамона) дар бораи дастпухти ҳамсаратонро то чанд рӯз баъд аз сарфи ғизо ба таъхир андозед то хастагӣ ба тани ҳамсаратон нанишинад. Дар дилаш бузургавории шуморо таҳсин кунад, ангезаи ҷиддитар барои ҷуброн пайдо кунад ва ҳамчунин тезии эҳсоси нороҳатии шумо дар канори он интиқод, кунд шавад. Дар муқобил, нисбат ба ташаккур дар баробари хубиҳое, ки ҳамсаратон дар ҳаққи шумо мекунад, шитоб кунед ва нахоҳеди ҳамаро ҷамъ кунед ва якҷо ташаккур кунед! маврид ба маврид ва рӯзона аз заҳамоташ сипосгузорӣ кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.