Тавсияҳои ғизоӣ барои мардон

108

 

Барои он ки ҷавониву саломатии худро нигоҳ доред, пас ба маҳсулотҳои худ такя намоед:

Олимони машҳури дунё давра ба давра рӯйхати маҳсулотҳои фоиданокро пешниҳод менамоянд ва дар ин хусус Ташкилоти байналхалқии саломатӣ низ тавсияҳои худро ба табъ мерасонад. Мо кӯшиш намудем, ки маҳсулотҳои беҳтарини ҳама давру замонро интихоб намоем, ки ба мардҳо ва занҳо имкони доимо солиму ҷавон буданро таъмин менамоянд.

Помидор

Беҳуда духтурон помидорро барои простотит беҳтарин ҳисоб намекунанд, зеро дар таркиби он ликопин мавҷуд аст ва он моддае мебошад, ки барои кори ғадуди простата нотакрор аст. Ликопин инчунин антиоксиданти қавӣ буда, ба пиршавӣ ва пайдошавии саратон монеъ мешавад.

Қаламфури сурх

Он барои кори мӯътадили дил лозим аст. Ғайр аз ин, ду дона қаламфури сурх якрӯза талаботи организмро ба витамини С таъмин месозад.

Ангури сиёҳ

Дар таркиби ангури сиёҳ антиоусидантҳо ва флавоноидҳои зиёд мавҷуданд, ки кори мӯътадили организмро таъмин менамоянд.

Гӯшт

Холестерини муфид ба организм ба воситаи гӯшт дохил гардида, барои гармонҳои ҷинсӣ мояи асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин сабаб, истеъмоли гӯшт ба ҳамаи мардҳо тавсия дода мешавад.

Зардолуқоқ ва мавиз

Зардолуқоқ ва мавиз барои кори мӯътадили мағзи сар муфид аст. Дар як шабонарӯз истеъмоли як қабза (каф)-и хушкмева басанда аст.  Брои намояндагони ҳар ду ҷинс дар қатори маҳсулотҳои фоиданок инҳоро дохил намудан мумкин аст: мағзҳо, лӯбиёгӣ, маҳсулотҳои баҳрӣ (креветка, мидия ва ғ.) барои умрдарозӣ заруранд, тухм ва шир бошанд, манбаи сафеда ба ҳисоб мераванд. Инчунин, равғани зайтун ва офтобпараст. Себ (албатта себҳои ватанӣ на хориҷӣ), ки дар таркиби худ пектин дорад, ҷигарро аз ҳар гуна заҳрҳо ҳифз менамояд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.