Чигуна як узви маҳбуб дар хонаводаи ҳамсаратон бошед

91

Яке  аз дағдағаҳои шурӯи зиндагии муштарак, чигунагии рафтор бо хонаводаи ҳамсар аст. Ин нукта бисёр муҳимм аст, ки шумо онҳоро на ба унвони хеши дӯр ва на ба унвони дӯст ва ҳамкор фарз кунед, балки наздик‎тарин афрод ба ҳамсаратон бидонед. Бояд таваҷҷуҳ кунед, ки онҳо ҳам, хешони шумо ҳисоб ме‎шаванд ва наме‎тавон монанди робитаи дӯстӣ ҳар замон мутобиқи майламон набуданд, фаромӯша‎шон кунем.

Беҳтар аст ин нукотро дар иртибот бо хонаводаи нав риоят кунем:

 Эҳтиром бигузоред то мӯҳтарам шумурда шавед

Қадами аввал дар иртиботи саҳеҳ бо хонаводаи ҳамсар ин аст, ки эҳтирома‎шонро дар ҳар шароите нигаҳ доред. Ҷудо аз ин масъала, ки эҳтироми бузургтар воҷиб ба ҳисоб ме‎ояд, эҳтиром гузоштан ба онҳо дар ҳифзи равобит асари мусбате дорад. Илова бар он, шахсияти худи шуморо боло ме‎барад.

 Чеҳраи мусбате аз худ нишон диҳед

Саъй кунед дар рафтуомади худ бо онҳо‏, бо зоҳири мураттаб ва писандида ҳозир шавед. Ҳатто агар нороҳат ҳастед, лабханд бар лабро фаромӯш накунед. Худро оқил ва бо таҷруба нишон диҳед то шуморо кӯдак ба ҳисоб наёваранд.

 Ҳадду марзро муаян ва риоят кунед

Ифрот ва тафрит (зиёдаравӣ ва кутоҳӣ) дар ҳар робитае асари вайронгар дорад. Пас на аз ҳамон аввал ҳар гуна робитаи некро нафи кунед ва на хеле самимӣ ва худмонӣ шавед. Дар ибтидои робита саъй кунед бо иҳтиёт бошед то шароити навро пурра бишиносед. Баъд аз шинохти ҷамъи хонаводагии онҳо, камкам самимияти худро бештар кунед.

 Машварат бихоҳед на дахолат

Дар мавриди масоил ва мушкилоте, ки фикр мекунед хонаводаи ҳамсаратон ме‎тавонанд кумака‎тон кунанд, аз онҳо машварат бихоҳед. Ин кори шумо боис ме‎шавад эътимод ва алоқи онҳо бештар шавад. Албатта диққат кунед, ки дахолат‎ҳои бемавридро нодида бигиред. Дар ин мавқеият, аз таваҷҷуҳи онҳо бо эҳтироми зиёд ташаккур кунед, аммо дар ниҳоят бигӯед, ки тасмими ниҳоиро бо машварати ҳамсаратон хоҳед гирифт.

 Ихтилофотро байни худатон дафн кунед

Агар байни худ ва ҳамсаратон ва ё бо хонавода‎ҳо даргирӣ ва кинаву кудурате эҷод шуд, онро ба дигарон нагуед. Бар фарз, ки шумо баҳсе бо хонаводаи ҳамсаратон доштед, агар инро барои хонаводаи худ нақл кунед, онҳоро дар бораи хонаводаи шавҳарат малол ва бадгумон ме‎кунед ва ҳатто агар байни шумо сулҳ ва сафо ба вуҷуд омад, ҳамчунон хонаводаи шумо аз онҳо ранҷида хоҳанд буд. Пас саъй кунед ҳар масъала кӯчакеро барои дигарон нақл накунед. Каме сабр ва гузашт, ихтилофотро аз байн мебарад.

 Лабханд дар баробар нешу киноя

Модари шавҳар ҳам монанди модари худ гоҳе забонаш талх аст, вале ҳассосият рӯи ҳарф‎ҳои ӯ бештар аст то модари худ. Агар шумо дар баробари нешу киноя қарор гирифтед, оромиши худро ҳифз кунед. Лабханде бизанед. Агар каме рӯҳияи танз ҳам дошта бошед ба хубӣ ме‎тавонед иттифоқро мудирият кунед. Мутмаин бошед бо ин рафтори шумо, ҳассосияти онҳо ҳам камтар хоҳад шуд.

 Қадрдонии вафодории ҳамсар

Ҳамсартонро ташвиқ кунед то ҳамчунон ҳимоягари хонаводааш бошад. Вафодории ӯ ба хонаводааш нишон аз хонаводадӯст будани ӯст. Албатта бидонед, ки бо ин кор шумо дар дараҷа дувум қарор наме‎гиред. Агар эҳсос кардед ин вафодорӣ табдил ба вобастагии шадид шудааст, бо фарди мутмаине машварат кунед.

 Аз муҳаббат хорҳо гул мешавад

Аз муҳаббат кардан дареғ накунед то ба мӯъҷизаи ин амал пай бибаред. Хостаҳои хонаводаи ҳамсар, ба хусус модарашро бишиносед ва барои ӯ ҳадия бибаред. Дар шароити ниёз ба онҳо кумак кунед. Дуруст кардани як супи содда барои хуштомани маризаҳвол, кори содда‎е ба назар ме‎расад, вале натиҷаи он муҳимм аст. Ин корро фақат аз рӯи муҳаббат бикунед, ки агар иҷборе дар миён бошад таъсири бар акс ме‎гузорад. Дар нишон додани муҳаббат ҳам ҳадду андозаро риоят кунед то мабодо муҳаббат‎ҳо табдил ба вазифа шавад.

Рафтори саҳеҳ бо ҳамсар нахустин ва муҳиммтарин қадам ба сӯи рафтори саҳеҳ бо хонаводаи ӯст. Саъй кунед пайванди миёни ӯ ва хонаводаашро дарк кунед ва аз ӯ бихоҳед дар ин пайванд пойдор бошад. Ёдатон бошад хонаводаи ҳамсаратон барои ӯ монанди хонаводаи шумо барои худатон аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.