Рафтори Паёмбар(с) бо муҷримон

165

Аввал аз ҳама бояд дар назар дошта бошем, ки Паёмбари Акрам (с) раҳмате барои мардуми ҷаҳон буданд ва ончи ба ҳаққи шахсии эшон бозмегашт, мебахшиданд, аммо агар шахсе ба асли дин, боварҳо ва ҷойгоҳи рисолати хадшае ворид мекард, Паёмбар(с) намебахшиданд.

Ба таври куллӣ Паёмбари Акрам(с) омилони манфигарои фикрӣ, касонеро, ки пайкор мекарданд ва зарбаҳои ҷонӣ ворид менамудандро мебахшиданд. Барои намуна, Абусуфён, Ваҳшӣ (қотили ҳазрати Ҳамз(с), Саффон (аз бузургони қурайш), Марвон ибни Ҳакам, Абдуллоҳ ибни Саъд ибни саҳл ва… дар замони фатҳи Макка ибрози пушаймонӣ карданд ва Паёмбар(с) низ дар мавзеи қудрат қарор доштанд ва онҳоро афв карданд.

Аммо дар нуқтаи муқобил, Паёмбар(с) ҷинояткорони арсаи “ҷанги нарм»ро, аз онҷое, ки бо боварҳои мардум ва ҷойгоҳи рисолат дарафтода буданд, афв намекарданд. Ду нафар дар ин замина бисёр шохисанд: яке Назр ибни Ҳорис, ки даст бар қазо писархолаи Паёмбар(с) низ буд ва дигаре Ақаба ибн Абумуъит. Ин ду шахс аз роҳҳои таблиғотӣ ва нарм сӯроғи Ислом омаданд.

Назр ибни Ҳорис дар ҷанги Бадр ҳузур дошт ва албатта қатраи хуне ҳам аз бинии мусулмонон нарехт, аммо дар ин ҷанг ба ҳамроҳи ҳафтод нафар аз кофирон асир шуд. Бо вуҷуди инки сиёсати Паёмбар(с) куштани асирон набуд, дар байни он ҳафтод нафар, бо дарёфти фидя ва ғаромат аз 68 нафар аз асирони ҷанги Бадр, танҳо Назр ибни Ҳорис ва Ақаба бн Абумуъитро набахшид.

Дар он замон вазъи ҳукумати исломӣ (аз ҷиҳати молӣ) хеле муносиб набуд ва Паёмбар(с) бо дарёфти фидя ва ғаромат аз асирон ҷазби сармоя мекард, аммо бо вуҷуди онки он ду нафар сармоядор низ буданд ва метавонистанд пули хубе пардохт кунанд, ба далели онки аз тариқи абзорҳои таблиғотӣ ва равонӣ ба сӯроғи Ислом омада буданд, мавриди афв қарор нагирифтанд ва ба дасти ҳазрати Алӣ(а) ба ҳалокат расиданд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.