Зан будан манъ!

173

Бархе занон имрӯз тамоми хушбахтиро дар хориҷ аз хона ва дар корҳое, ки битавонад баробариашонро бо мардон собит кунад, медонанд ва зиндагии санъатӣ барои манофеи худ, ононро ташвиқ мекунад.

Афроде, ки бидуни фаҳм ва ташхис, барои ба фасод кашонидани зан ва безор сохтани ӯ аз вазифаи аслӣ мегӯянд, ки набояд зан монанди мошини чуҷабарорӣ бошад, ба олами инсоният хиёнат мекунанд. Онҳо ҳадафе ҷуз ирзои ғароизи ҷинсии худ надоранд.

Эҳсос мекунанд, ки агар зан ба вазифаи аслии худ бипардозад, дигар муҳити расвои ихтилот ва бебандуборӣ вуҷуд нахоҳад дошт то аз занон комҷӯӣ кунанд.

Зане, ки бихоҳад модар ва парастор бошад, зане, ки барои муҳити гарми хонавода арзиш қоил бошад медонад, ки зиндагониро ба ранги ҳавас дар овардан, ҳунар нест. Ҳунар ин аст, ки воқеан вазифаашро ташхис диҳад ва бакор бандад. Ҳарчанд мушкилоте ҳам дарбар дошта бошад.

Вил Дуронт менависад: Занон ва мардони бо ҳайсият, мушкилоти пеш омадаро ҳал мекунанд зеро медонанд, ки назири ин мушкилот дар майдонҳои ҷанги дигари зиндагӣ низ ҳаст.

Онҳо вақте подоши ин корро мегиранд, ки солҳои сахти аз худ гузаштагӣ ва созгории мутақобилро пушти сар гузоридаанд ва муҳаббати маҳкам ва пойдор ба вуҷуд овардаанд, ки ҷуши он аз парастории бачаҳост вақте аст, ки ҳамкори дар ҳаводиси гуногуни зиндагӣ, ҷои шӯру шаҳвати ҷисмониро фарогирифта ва ду рӯҳ ва ду дил ба ҳам омехтааст. Агар аз ин озмоиши маънавӣ гузаштанд, камоли ишқро дарк хоҳанд кард. Ин камол бидуни доштани фарзанд ба сахтӣ ба даст меояд. Боз бояд гуфт, ки издивоҷ дар дарҷаи аввал ба хотири фарзанд доштан падид омадааст.

Издивоҷ танҳо барои ин нест, ки зан ва мардро ба ҳам пайванд диҳад балки мақсуди дигар ҳам дорад ва он ин, ки зиндагӣ навъи худро бо эҷоди пайванди садоқат ва мувозибат миёни падару модар ва фарзанд таъмин кунад.

Ҷомеае, ки занро ба ҳар коре бигуморад ҷуз ба кори аслӣ ба бероҳа меравад. Зане, ки вазифаи модариро фидои мақом, шӯҳрат, нуфуз ва ҳавас намояд ҳунаре надорад. Олитарин ва гаронмоятарин ҳунари зан, ҳунари модарӣ аст.

Агар  зане ба ҷуз модарӣ коре пайдо кунд, ки неруи худро дар он сарф кунад ва ҳаёташро ба камол расонад, айбе надорад ва табиат онро мепазирад аммо агар мақсад ва ҳадафе надошта бошад ва чизе таваҷҷуҳи ӯро ҷалб накунад барои он аст, ки бар ғарази табиии ишқ пушти по задааст. Ба гуфтаи Ниче: Зан муаммое аст, ки ҳалли он кудак доштан аст.

Аз  Паёмбари бузурги Ислом(с) нақл шудааст, ки: Беҳтарин занони шумо зане аст, ки: Зоянда, меҳрубон, покдоман, барои дигарон мутакаббир ва барои шавҳараш мутавозеъ бошад. Дар баробари шавҳар ба худнамоӣ ва ҷилвагарӣ пардозад ва дар баробари дигарон худро пӯшида бидорад. Зане, ки сухани шавҳарро бишнавад ва фармони ӯро итоат кунад ва дар хилват худро дар ихтиёри ҳамсари худ қарор диҳад. Дур шудани зан аз вазифаи аслии худ дар назари пешвои Ислом бисёр нописанд аст

Ҷомеае, ки занро ба ҳар коре водор кунад ҷуз ба кори аслӣ ба бероҳа меравад. Зане, ки вазифаи модариро фидои мақом, шӯҳрат, нуфуз ва ҳавас намояд ҳунаре надорад. Олитарин ва гаронмоятарин ҳунари зан, ҳунари модарӣ аст.  Китоби Тарбияти кӯдак дар ҷаҳони имрӯз – доктор Биҳиштӣ

  Занон, қурбониёни дунёи модерн

Чолиши беҳувиятӣ яке аз осор ва натоиҷи нашъатгирифта аз ҷаҳонӣ шудан ба шумор меояд ва шояд битавон гуфт идеалогияи ҷаҳонишудан бузургтарин таҳдид барои ҳувияти башар бахусус ҷомеаи занон мебошад.

Ҷаҳонӣ шудан умдатан арзишҳо ва ҳанҷорҳои низоми сармоядориро дар дигар ҷавомеъ таъмим медиҳад ва дар соҳатҳои иҷтимоии ҷавомеъ, навъе буҳрони ҳувиятро ба вуҷуд меоварад.

Тазалзули бунёни хонавода ва талоқҳои зудрас, кӯдакон ва навҷавонони овора, занони бесарпараст, суиистифодаҳои ҷинсӣ ва ҳатто масоиле аз қабили ҳамзистӣ ба ҷои заношуӣ ва даҳҳо муъзали иҷтимоии дигар, дар як таҳлил дақиқ, ғолибан реша дар ҷо ба ҷои нақшҳои мардон ва занон ва ғафлат аз ҷойгоҳи воқеии ҳар кадом аз онон дорад.

Ғарбиён бо андешаи ҷаҳонӣ шудан ва бо шиори ташобуҳи ҳуқуқии зану мард, дунёи занонро ба чолиш кашондаанд. Дар дунёи ғарб аз шиори ташобуҳ беш аз ҳама занҳо садама дидаанд. Аввалан ба баҳонаи ташобуҳи зан ва мард, тақсими масъулиятҳои хонаводагӣ ба таври мусовӣ миёни зан ва мард матраҳ шуда ва меҳрия ва нафақа ба далели онки тавҳин ба шахсияти мустақили зан ба ҳисоб меояд ва занро мавҷуди вобаста нишон медиҳад, бояд аз миён биравад ва занон ба ночор барои таъмини молӣ ва барои ба даст овардани шахсияти иҷтимоӣ, ба бозорҳои кор ҳуҷум овардаанд.

Аммо аз сӯи дигар, занон ба далели дағдағаи масоили хонаводагӣ ва тафовутҳои истеъдодӣ аз имкони рақобати кофӣ бо мардон, ба вежа дар симатҳои мудиритӣ, оҷиз ҳастанд. Кудакистонҳо тавонистаанд то ҳудуде аз дағдағаи онон бикоҳанд ва ғизоҳои омода то андозае метавонад ҷои холии набудани онон дар хонаро пур кунад. Аммо дар амал, занон беш аз мардон аз назари ҷисмӣ ва рӯҳӣ фарсуда мешаванд ва маҷбӯранд илова бар фаъолитҳои шуғлӣ фишори кори хонагиро ҳам таҳаммул кунанд.

Аз  ҳама муҳиммтар онки занони шоғил амалан қудрати ибтикор дар майдони хонаводаро ба унвони модар ва ҳамсар аз даст медиҳанд. Онон гарчи бар хилофи модарони худ ба истиқлоли иқтисодӣ даст ёфтанд аммо нақш аслии худро дар ҳидояти маънавии шавҳар ва фарзандон раҳо кардаанд.

Ба ин тартиб, занон мондаанд бо зиндагиҳои берӯҳ, шароити номуносиб дар муҳити кор, фуқдони тафоҳум ва созгорӣ бо ҳамсарон ва билохира фарзандоне, ки дар домани отифаи модарӣ парвариш намеёфтаанд ва дар аввалин фурсат пайванди хешро аз хонавода мегусихтаанд ва волидайнро монее бар сари роҳи хеш медонистанд.

Ҳамин шароит ба тадриҷ осебҳои ҳодди иҷтимоӣ падид меоварад, ки имрӯз гиребони тамаддуни ғарбро сахт гирифта ва ҷавомеи ғарбиро бо буҳронҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ сохтааст.

Гуфтнӣ  аст ғарбиён бо андешаи якпорчагӣ ва яксоннигарӣ ин чолишҳои ба вуҷуд омада дар фарҳанги ҷавомеи худро ба дигар кишварҳо ва ҷавомеъ мунтақил мекунанд.

Тазалзули бунёни хонавода ва талоқҳои зудрас, кӯдакон ва навҷавонони овора, занони бесарпараст, суиистифодаҳои ҷинсӣ ва ҳатто масоиле аз қабили ҳамҷинсбозӣ ба ҷои заношуӣ ва даҳҳо муъзали иҷтимоии дигар, дар як таҳлил дақиқ, ғолибан реша дар ҷо ба ҷои нақшҳои мардон ва занон ва ғафлат аз ҷойгоҳи воқеии ҳар кадом аз онон дорад.

Иштиғоли занон ба шарти онки аз вазоифи аслии худ ва ниёзҳои ҷинсиашон ғофил нашаванд, ба танҳоӣ мушкилсоз нест аммо агар зан буданро фаромӯш кунанд, ҳам худашон осеб мебинанд ва ҳам ҷомеа.

 Занон ва фаромӯш кардани вазоиф!

Ғафлати занон дар анҷоми вазифаи модарӣ, хиёнате бузург аст.

Фаромӯш кардани вазифаи модарӣ бузургтарин хиёнати як зан аст.

Ҳамчунон, ки занони шоғил дар ҷомеа нақшофарин ва таъсиргузор ҳастанд, набояд вазифаи модарии худро фаромӯш кунанд, ки ғафлат дар ин амр хиёнати бузург аст.

Фарзандони миллати мо шоҳиди ғайбати падар дар даврони зиндагии худ ба ҳастанд ва ба ҳадд кофӣ осеб дидаанд ва набояд бо ғайбат модари хонавода ҳам дучори осеби бештаре шаванд.

Насли мо дар айни ҳол, ки модари халлоқ, фаъол ва пуркор мехоҳад, ниёзманди модарӣ аст, ки ба маънои воқеӣ ҳузурашро дар хона эҳсос кунад.

Ҳамчунон, ки занони шоғил дар ҷомеа нақшофарин ва таъсиргузор ҳастанд, набояд вазифаи модарии худро фаромӯш кунанд, ки ғафлат дар ин амр хиёнати бузург аст.

Як зан вақте метавонад ба унвони як улгуи муносиб дар ҷомеа матраҳ бошад, ки дар се буъд; парвариши худ, парвариши хонавода ва ҳузур дар ҷомеа таъсиргузор ва самаранок воқеъ шавад.

Пардохтан ба ҳар як аз ин абъод ба танҳоӣ наметавонд барои расидан ба аҳдофи як зани намунаи фарҳангӣ иҷтимоӣ муассир бошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.