Тавсиҳои ғизоӣ барои занон

127

Барои он ки ҷавониву саломатии худро нигоҳ доред, пас ба маҳсулотҳои худ такя намоед:

Моҳӣ

Беҳтараш агар озодмоҳӣ (лосось) ва ё равғанмоҳӣ (треска) бошад. Моҳӣ манбаи селен ва фосфор ба ҳисоб меравад. Инчунин, манбаи омега-3, яъне кислотаҳои чарб ба ҳисоб меравад, ки барои организм муфид буда, ҷавонӣ ва солимии ақлро нигоҳ медорад. Ин маҳсулот қобилияти кориро беҳтар намуда, бо шарофати компонентҳои гуфташуда, рӯҳияро баланд мекунад.

Шӯлаи ҷавӣ

Донаҳои ҷав дар таркиби худ ғозе доранд, ки рагҳоро тоза менамояд. Ғайр аз ин, дар таркиби ҷав витамини Е мавҷуд аст, ки манбаи ҷавонӣ, чандирии пӯст ва мустаҳкамии рагҳо ба ҳисоб меравад.

Карам

Карам антиоксиданти беҳтарин, манбаи ғоз, кислотаи фолиевӣ ва витамини С мебошад. Ҳамчунин, дар таркиби карами навъи брокколи моддае мавҷуд аст, ки саратони синаро пешгирӣ менамояд. Умуман, карам табиатан организмро тоза мекунад ва истеъмоли он барои занҳо муфид аст.

Черника

Ба ҳамагон маълум аст, ки ин буттамева барои биноӣ хуб буда, ҷараёни пиршавиро суст мекунад. Инчунин, ҳама намуди буттамеваҳо манбаи асосии витаминҳо ба ҳисоб мераванд. Буттамеваҳо ба организм нерӯ мебахшанд.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.