Издивоҷ ва саломатӣ

167

Ҳама медонем, ки барои ҳифзи саломатӣ бояд варзиши муназзам ва масрафи меваҳо ва сабзиҷоти тозаро дар барномаи рӯзонамон дошта бошем, аммо бояд як омили дигарро ҳам ба он илова кунем; издивоҷ! як ҳамсари хуб метавонад нақши муассир дар саломатии шумо дошта бошад.

Донишмандони қадиму ҷадид борҳо ва борҳо собит кардаанд, ки издивоҷ нақши мусбӣ дар саломатии афрод дорад. Дар як баррасӣ нишон дода шуд, ки робитаи хуб бо ҳамсар системи дифоии баданро ба мизони қобили таваҷҷӯҳе тақвият мекунад ва ин, ки ҳатто захмҳои афроде, ки робитаи хубе бо ҳамсарашон доранд зудтар хуб мешавад! шояд яке аз иллатҳояш ин бошад, ки вақте издивоҷ мекунед касе ҳаст, ки муроқиби шумо бошад ва дар даврони беморӣ ва заъф аз шумо парасторӣ кунад ва касе ҳаст, ки пайваста ба шумо мегӯяд: «мувозиби худат бош! »

Нақши издивоҷ дар саломатии равон ҳам ба ҳамин мизон собит шудааст. Натоиҷи яке аз ин мутолиот бисёр ҷолиби таваҷҷуҳ буд: афроде, издивоҷ кардаанд дарсад камтаре аз онҳо бистаришуда дар бемористонҳои равониро ташкил медиҳанд (бештарин теъдод, марбут ба касоне буд, ки дар робита шикаст хӯрда ва аз ҳамсари худ ҷудо шуда буданд). Издивоҷ метавонад шуморо аз гирифторӣ ба бисёре аз нороҳатиҳои равонӣ аз ҷумла афсурдагӣ наҷот диҳад, албатта агар дар пайи як издивоҷи ғалат роҳии марказҳои дармони равонӣ нашуда бошед!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.