Издивоҷ поёни ман асту оғози мо

256

Дидед касоне, ки мехоҳанд як қолини хеле вазнинро баланд кунанд чи кор мекунанд? Чаҳор гӯшаашро мегиранд ё агар қолин хеле сангин буд байни гӯшаҳо ҳам як нафар мобайни қолинро мегирад; чаҳор то ҳастанд, мешаванд ҳашт нафар. Ҳоло мехоҳанд қолинро баланд кунанд чанд бор як ду се мегӯянд неруҳояшонро бо ҳам ҳамоҳанг мекунанд ва қолинро баланд мекунанд. Агар ин корро накунанд инҳое, ки зур мезананд, онҳое, ки дер зӯрашонро меоварданд, инҳо хаста мешаванд мегузоранд замин онҳо баланд мекунанд вақти инҳо гузоштанд замин онҳо баланд карданд вақте онҳо баланд карданд инҳо гузоштанд замин; ҳамоҳанг, ки нашуд пора мешавад.

Дар замони қадим мегуфтанд хона қолини шаш гӯшааст, қолин чаҳор гӯшааст бояд ҳама бо ҳам баланд кунем.

Издивоҷ поёни ман аст ва оғози мо. Яъне мард ба сурати мо бояд вориди хона бишавад зан ҳам бояд ба сурати мо вориди хона бишавад. Ман мани худаш бояд бигӯяд таърихи масрафаш тамом шудааст; ҳам зан ҳам мард. Вақти мо мешаванд канори ҳам созанда мешавад. Бо ҳам ҳамроҳу созгор мешаванд.

Аммо агар яке аз онҳо ман маниашро ҳамроҳ оварда бошад ё ҳар ду ҳамроҳ оварда бошанд ман ба мо табдил нашуда бошад, инҷо зиндагӣ зоҳираш тақсими кор аст, зоҳираш муошират аст зоҳираш иртибототи ғаризӣ аст, аммо ҳамаи ин масоил ботинаш аст чун он ман худашро нишон медиҳад. Худи ин ман муҳаррики мани дигаре мешавад. Ду то ман канори ҳамдигар созгор намешавад.

Он ду вақте дуто ман мешаванд ақди издивоҷ ва пайвандашон мемирад. Инҳо бидуни муҳаббат зиндагӣ мекунанд яъне бидуни пайванд, бидуни дӯстӣ, бидуни ҳамдамӣ, бидуни пазириши ҳамдигар, бидуни мо шудан зиндагӣ мекунанд. Он пайванд вақте мемирад бӯйи бад пайдо мекунад. Ин озоре, ки ба ҳамдигар мерасонанд натиҷаи бӯйи баде аст, ки ба хотири мурдани он пайванд ҳосил шудааст.

Гоҳе аввали сол ин пайванд мурдааст, аммо дафнаш намекунанд як сол бо ин мурда зиндагӣ мекунанд, ду сол гоҳе даҳ сол бо ин мурда зиндагӣ мекунанд. Аз уфунаташ хаста мешаванд баъд меоянд инро дафнаш мекунанд. Талоқ дафн кардани мурдаи пайванд (издивоҷ) аст. Аз мо ба ман баргаштан, ин лаҳзаи марги ин пайванд  аст. Ин мурдан ин пайванди мурда як ҷасади бадбӯ аст. Бо ин бӯйи бад зиндагӣ мекунанд. (Диққат кунед дар ин бора)

Қуръони Карим дар ин бора мегӯяд:

وَجَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَرَحْمَةً

Ва дар миёнатон (зану шавҳар) дӯстӣ ва меҳрубонӣ қарор дод. (Сураи Рум, ояти 21)

Ин руҳ ва ҳақиқати издивоҷ аст, ин ҳақиқати зиндагӣ аст, ин ҳаёти зиндагӣ аст, ин маънои зиндагӣ аст. Динҳо омадаанд, ки  ба издивоҷ ҳақиқат бахшанд ва онро зинда нигаҳ доранд. Агар зинда шуд бӯйи атр медиҳад агар мурд бӯйи бад медиҳад. Тақво буй дорад атр дорад.

Падарам солҳо аз дунё рафта буд модарам саводи расмии чандоне надошт худаш заҳмат кашида буд як чизе дар мактаб ёд гирифта буд, китоб, рӯзнома, Қуръон инҳоро мехонд, аммо фаҳмаш боло буд. Як рӯз як буғчаеро овард дар утоқ, як утоқи панҷ дар доштем, канори ман гузошт. Гуфт инҳоро бӯ кун, ман гиреҳро боз кардам либос, ҷуроб, пероҳан ва рӯандоз буд. Бӯ кардам, модарам пурсид чӣ бӯйе медод? Гуфтам бӯйи себи беҳ медод. Гуфт ин бӯйи падарат аст.

Инсон вақте мӯъмин шуд бӯйи атр медиҳад. Муҳаббат бӯйи атр дорад зиндагӣ вақте бо муҳаббат бошад бӯйи атр мегирад. Бубинед муҳаббат атр дорад онҳое, ки аҳлаш ҳастанд ин бӯйро мешунаванд. Инки дар бораи ҳазрати Расул Акрам (с) мегӯянд агар аз кучае мегузашт то муддатҳо бӯйи хушаш мемонд ин воқеият аст. Паёмбарон ҳамаашон бӯйи атр медоданд.

Издивоҷ вақте бо муҳаббат мешавад зинда мешавад. Динҳо омадаанд, ки ин зиндагиро барои мо биҳишт кунанд. Мо фикр мекунем, ки мӯъмин ҷаҳаннамаш ин дунё аст биҳишташ дар охират аст ва кофир биҳишташ дар ин дунё аст ва ҷаҳаннамаш дар охират аст, ин бардошт ғалат аст. Кофир ду то ҷаҳаннам дорад як ҷаҳаннами дунё ва як ҷаҳаннами дигар охират аст. Мӯъмин ду то биҳишт дорад яке биҳишти дунё ва яке биҳишти охират. Баъзеҳо маънии ривоятро иштибоҳ мефаҳманд.

Нагуфтаанд, ки дунё ҷаҳаннами мӯъмин аст, балки гуфтаанд дунё зиндони мӯъмин аст. Нагуфтаанд, ки дунё биҳишти кофир аст балки гуфтаанд, дунё роҳати кофир аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.