Вижагиҳои ҷаззоби зан барои мард

363

То ба ҳол ба ин фикр кардаед, ки кадом хусусиёти занона воқеан барои мардон ҷаззоб ҳастанд? Манзур аз хусусиёти занона лузуман зебоии зоҳири нест. Бар хилофи тасаввури бисёре аз занон, аксари мардон ҳангоми интихоби ҳамсар ба ғайр аз зебоӣ ба чизҳои дигаре ҳам фикр мекунанд. Аммо ин хусусиёти занона, ки мардонро ба сӯи худ ҷалб мекунанд чӣ чизҳои ҳастанд?

Вижагии занона 1: зиндагии худашро дорад.

Занон дар зиндагии имрӯз нисбат ба занон дар қадим аз истиқлоли шахсиятии бештаре бархурдоранд. Муҳим аст, ки собит кунед мустақил ҳастед ва ин истиқлолро дар тамоми тӯли зиндагии муштарак ҳифз кунед. Як марди имрӯзӣ дӯст надорад ҳамсараш беш аз андоза ба ӯ вобаста бошад ва ба истилоҳ ба ӯ бичасбад, чунин чизе боис мешавад, ки ӯ эҳсоси хафагӣ кунад.

Пас ба ҷои инки хонавода ва дӯстонро ба куллӣ канор бигузоред ва ҳамавақт худро дар канори ҳамсаратон сипарӣ кунед, ҳамеша дар барномаи рӯзонаи худ замонеро ба фаъолиятҳои ҷудогона ва махсус ба худ ихтисос диҳед. Як робитаи хуб бар зиндагии мо ҳукумат намекунад, балки кайфияти онро тақвият мекунад.

Вижагии занона 2: содиқу вафодор аст.

Дар мавриди алоқаҳо, эҳсосот, нуқоти заъф ва ҳатто гузаштаи худ содиқ бошед. Мумкин аст васвоси хоссе дошта бошед ё дар ҳоли ҳозир аз як беморӣ ранҷ бибаред вале тарси аз даст додани ӯ набояд шуморо ба дурӯғ гуфтан тарғиб кунад. Ҳар чизе, ки мумкин аст баъдҳо фош шавад ва ӯро нисбат ба шумо сархӯрда кунад, бояд содиқона ва шуҷоъона бозгӯ шавад.

Ҳеҷ чизро пинҳон накунед. Мутмаин бошед агар ӯ ба андозаи кофӣ дӯстатон дошта бошад натанҳо таркатон нахоҳад кард, балки садоқату шаҳомати шуморо ситоиш хоҳад кард ва чӣ басо ба шумо кумак хоҳад кард.

Як марди имрӯзӣ нисбат ба марди сӣ соли пеш аз ҳамсари худ интизороти бештаре дорад

Вижагии занона 3: муроқиби худаш ҳаст.

Ин чизе аст, ки собиқаи тӯлонӣ дорад ва аз замони дӯртарини аҷдоди мо то кунун тағйир накардааст. Мардон хонумҳоеро меписанданд, ки аз зоҳири худ розӣ ҳастанд ва ба он ифтихор мекунанд. Манзури мо аслан ин аст, ки зоҳири беайбу нақс ё шабеҳ ба муделҳои либос дошта бошед. Зоҳир ҳама чиз нест. Аммо зане, ки ба зоҳири худ, ба либосҳое, ки ба тан дорад ва ба низофти худ аҳамият медиҳад мутмаинан ҷаззоб хоҳад буд. Як ороиши мулоим, як атри хуб ва ҳама чизҳое, ки барои доштани як зебоии табиӣ лозим аст, инҳоро фаромӯш накунед.

Вижагии занона 4: эътимод ба нафс дорад.

Мутмаин бошед рӯзҳое, ки занон зарифу тарсу мардони қавиро ба худ ҷазб мекарданд гузаштааст. Ин рӯзҳо заифу ниёзманд будан танҳо сарзаниши дигаронро бармеангезад. Мутмаин бошед афроди машҳуре, ки дар расонаҳо мебинем онқадарҳо, ки ба назар мерасад шуҷоъ ва қавӣ нестанд. Онҳо гоҳе фақат тазоҳур мекунанд. Пас ба ҷои инки бар нуқтаҳои заъфи худ тамаркуз кунед, тавоноиҳои худро густариш диҳед ва ба рух бикашед. Аз забони бадан ҳатман истифода кунед чун ба шумо кумак мекунад ба доштани эътимод ба нафс тазоҳур кунед. Тамоси чашмиро фаромӯш накунед ва гоҳе лабханди пирӯзмандона бизанед.

Вижагии занона 5: болиғ аст ва гуфтугӯ барқарор мекунад.

Баъзе занҳои ҷавон дӯст доранд бо забони кӯдакона ҳарф бизананд ва иттифоқан бо ин кор таваҷҷуҳи тарафашонро ҷалб мекунанд. Аммо муроқиб бошед дар ин кор ифрот накунед. Як марди имрӯзӣ аз ҳамсари худ интизор дорад, ки тавоноии барқарории як муколимаи мантиқӣ ва ақлониро дошта бошад. Беш аз ҳад кӯдакона рафтор кардан боиси сархӯрдагии ӯ мешавад. Собит кунед, ки фарди рушдёфта ва мантиқӣ ҳастед. Дар мавриди масоили ҷолиб сӯҳбат кунед ва бо диққат ба сӯҳбатҳои ӯ гӯш кунед.

Ин як ҳақиқати пазируфта шудааст, ки як марди имрӯзӣ нисбат ба марде, ки 30 соли пеш зиндагӣ мекард аз ҳамсари худ интизороти бештаре дорад. Ҳарчанд мардҳо бо ҳам мутафовитанд ва меъёрҳои мутафовите ҳам доранд, аммо 5 меъёри боло тақрибан мавриди таваҷҷуҳи ҳамаи мардон аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.