Занони ғайри қобили таҳаммул

72

Занон дорои шахсиятҳои мухталифе ҳастанд, ки ин фарқияту тафовути шахсиятҳо сабаби мезони ҷаззобияти онҳо шудааст, аммо гоҳе низ бархе вежагиҳои шахсиятӣ ҳеҷгоҳ мавриди қабули мардон нест.

Бархе аз занон бо вуҷуди инки дар аввали робита бисёр ҷаззоб ба назар мерасанд, вале дар идомаи робита рафта -рафта аз ҷаззобияти онҳо кам мешавад ва дар натиҷа мушкилоти зиёде дар робита хоҳанд дошт. Дар идома занони мухталифро аз назари шахсиятӣ муаррифӣ мекунем.

 Занони таваҷҷӯҳталаб

Заноне ҳастанд, ки дӯст доранд мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ шаванд, дилашон мехоҳад гарму қудратманд ба назар бирасанд дар сурате, ки ба шиддат дар пушти саҳна, ях задаанд.

 Занони меҳрварз ё ҳимоятгар

Ин гурӯҳ аз занон, мардонро бо кӯдакони худ иштибоҳ гирифтаанд. Дилашон мехоҳад монанди як модар муроқиби шавҳари худ бошанд.

 Занони вобаста

Ин гурӯҳ аз занон, ба шиддат сахтгир ҳастанд. Дар муҳаббат ва бемуҳаббатӣ ифрот мекунанд. Дилашон мехоҳад ҳамаҷо ба ҳамсар часпида бошанд. Ин гурӯҳ аз занон гоҳе онқадр дар меҳрварзӣ ифротӣ ҳастанд, ки мардонро аз худ дур мекунанд.

 Занони  рашкӣ

Ин гурӯҳ аз занон ба шакли ҳайратангезе ба ҳамсари худ шак доранд. Ба таври пайваста дар ҷӯстуҷӯи нишонае аз хиёнат ҳастанд. Ин занон бидуни муқаддима ба думболи мардашон роҳ меафтанд ва ӯро таъқиб мекунанд.

 Занони марднамо

Ин хонумҳо дӯст доранд корҳои мардона анҷом диҳанд ва ба шакли аҷиб аз зарофати занона дур мондаанд. Мардоне, ки бо ин гурӯҳ зиндагӣ мекунанд, мардонагии худро аз ёд мебаранд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.