Мардон бояд бидонанд

265

Мардон бояд бидонанд…

Чанд нуктаи муҳим аст, ки мардон бояд хонда ва барои онҳо ёдоварӣ гардад

1) Тавре рафтор кунед, ки зан бидонад вуҷудаш ҳатман лозим аст, зеро агар ин корро накунед афкораш ӯро ба ҷое мекашонад, ки фикр мекунад вуҷудаш ғайри зарурӣ аст ва шумо вайро бо чаҳорчуб дар яке мебинед. Занҳо дӯст надоранд бо риске, ки мекунанд зиндагияшон аз ҳам бипошуд ва танҳо мардон ҳастанд, ки ин итминонро дар онҳо ба вуҷуд меоваранд.

2) Иҷоза бидиҳед, ки занҳо истиқлолашонро ҳифз карда то битавонанд аз назарҳояшон истифода кунанд. Бовар кунед шумо бояд ин итминонро ба онҳо бидиҳед.

3) Фикр накунед назари як зан наметавонд чорасоз бошад, ин афкори қадимиро бояд дур рехт. Назари ӯро бипазиред ва ба он фикр кунед.

4) Лутф кунед бидонед, ки занҳо агар муваффақияте ба даст меоваранд сареъан онро бо шумо тақсим мекунанд. Пас нигарон набошед.

5) Ӯро танҳо нагузоред. Ба зани худ итминон бидиҳед ҳатто агар мехоҳад кураи заминро ҳам мунфаҷир кунад шумо бо ӯ хоҳед буд. Бигузоред имтиҳон кунад.

6) Бидонед, агар битавонед тарси адами муваффақиятро дар ҳамсаратон аз байн бубаред беҳтарин ҳамсари дунё мешавед, бовар кунед ҳеҷ ҷизе ғайри қадршиносӣ ба даст намеоваред.

7) Дар сурати шикасти ҳамсаратон ба вай оромиш бидиҳед.

8) Афкоратонро таҳмил накунед. Воқеан далеле надорад чун шумо мард ҳастед назаратон қобили иҷро бошад.

9) Бидонед қудрат ва эътимоди ба нафси мард ба иловаи санҷиш ва дурнигарии зан, эътидол дар зиндагии муштаракро тазмин мекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.