Ҳарим дар равобити зану мард

207

Ҳарим нигаҳ доред:

Ҳарим нигаҳ доштан миёни зан ва марди номаҳрам дар китобҳои ривоӣ ва дар сира ва рафтори бузургони дин зикр шудааст. Суннати ҷории муслимин аз замони Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҳамин буда ва занон аз иштирок дар маҷолис ва ҷамъомадҳо манъ намешудаанд вале ҳамеша асли «ҳарим» риоят мешудааст. Дар масоҷид ва ҷамъомадҳо ҳатто дар кӯча ва роҳҳо зан ва мард омехта набуда [2] ва дари даромадгоҳи занон дар масҷиди Паёмбар(с) ҷудо будааст.

Аз нигоҳ ва рафтори ҳавасолуд парҳез кунед:

Ислом мехоҳад ҷомеа холӣ аз ҳаргуна нигоҳ ва рафтори ҳавасолуд ва саршор аз кору фаъолият бошад. Зану мард фориғ аз дағдағаҳои шаҳвонӣ ба таҳсил ва дигар корҳои зиндагӣ бирасанд, бинобар ин зан ва мардро аз дарҳамомехтагии беҳаду марз ва аз зери по гузоштани ҳаримҳои ифоф ва шарму ҳаё боз доштааст то саломати фард ва ҷомеа таъмин гардад. [3]

Ба рӯҳиёт, син ва шароити вежаи худ таваҷҷуҳ кунед:

Агар ҳассосияте нисбат ба сӯҳбат намудан ва мулоқоти пайдарпайи духтар ва писар вуҷуд дошта бошад, ба рӯҳиёт ва син ва шароити хоси он ду вобаста аст. Баъд аз синни булуғ дар ҷавонон аз назари руҳӣ ва ҷисмӣ эҳсоси ниёз, ба ҳамсар ба вуҷуд меояд, ки онон ҳар лаҳза ба думболи посухе барои таъмини ниёзи худ ва ҷуброни камбуди рӯҳи равонии худ мебошанд.

Ислом ба ниёзи табиии зан ва мард таваҷҷуҳ карда ва издивоҷро беҳтарин посух барои ниёзҳои ҷисмӣ ва равонӣ қарор додааст.

Ислом хоҳони он аст, ки ҳаргуна робита таҳти шароит ва ба сурати расмӣ бошад. Ба воситаи издивоҷ аз ҳарҷу марҷи ҷинсӣ ва бебандуборӣ, ки имрӯза ҷавомеи башарӣ шоҳиди он аст ҷилавгирӣ шуда ва ба ниёзи табиӣ низ посух дода шавад. Таъмини ғароиз ва саркӯб накардани он як матлаб аст ва озодӣ ва рафъи муқаррарот ва мавозини ахлоқи матлаби дигаре аст.[4]

Ислом талоши фаровоне дорад, ки масоили ҷинсӣ фақат дар хона ва муҳити хусусӣ бошад ва инсоҳо вақте аз хона берун мераванд ҳамеша ба фикри фаъолият ва талош дар кор ва таҳсил бошанд ва муҳити иҷтимоъ холӣ аз ҳар навъ комёбии ҷинсӣ бошад. Сабабҳои ҳаром кардани нигоҳ ба номаҳрам[5] ва баҳрагириҳои ҷинсии ғайриқонунӣ ва ҳаром кардани ороиш[6] барои бегона аз инҷо нашъат мегирад.

Дар заминаи масоили ҷинсӣ эҳтиёт кунед:

Дар достони ҳазрати Юсуф (а) дар Қуръон ба хубӣ дар меёбем инсон дар заминаи масоили ҷинсӣ дар хатар аст ва агар эҳтиёт накунад ва ба Худо паноҳ набарад тӯъмаи шайтон мегардад. Дар Қуръон мехонем «Он зан қасди Юсуф намуд ва Юсуф низ агар бурҳони Парвардигорро намедид қасди вай менамуд»[7] Оят мегуяд имони ҳазрати Юсуф сабаби наҷоти ӯ шуд ва дар ғайри ин сурат ба таври табиӣ ӯ низ дар ин роҳ ба хато мерафт. Пас қарор гирифтани зану марди номаҳрам лағзишгоҳ мебошад.

Дар достони ҳазрати Мӯсо ва духтарони ҳазрати Шуайб(а) мехонем ҳангоме, ки духтари ӯ аз тарафи падараш Шуайб(а) ҳазрати Мӯсоро даъват намуд ҳазрати Мӯсо (а) гуфт: «Ман ҷилав меравам ва ту пушти сари ман роҳ биё ман аз қавме ҳастам, ки пушти занонро нигоҳ намекунем» .[8]

  Ба сира ва равиши зиндагии бузургон таваҷҷуҳ кунед:

Дар ҳадисе омадааст ҳазрати Алӣ (а) кароҳат дошт ба занони ҷавон оғоз ба салом кунад, ва дар бораи ҳикмати он фармуд: «Тарс аз он дорам, ки таҳти таъсири садои ӯ воқеъ шавам ва зарари он аз савобе, ки аз салом мебарам бештар шавад». [9]

 Аз шӯхӣ бо номаҳрам бипарҳезед:

Дар ҳадисе дар бораи шӯхии зану марди номаҳрам омадааст: «Абубасир мегуяд: Ба зане дарси рӯхонии Қуръон медодам каме бо ӯ шӯхӣ кардам; Вақте хидмати имом Боқир (а) расидам ба ман фармуд: Чӣ чизе ба зан гуфтӣ. Рангам парид ва хиҷолат кашидам. Баъд фармуд: Дигар ба тарафи он зан марав ва дарсаш мадеҳ» .[10]

Ҳамчунин аҳодисе дар бораи азоби касоне омада, ки бо занони номаҳрам шӯхӣ ва хуштабъӣ мекунанд.[11]

Бо таваҷҷуҳ ба оёт ва аҳодиси боло ба хубӣ ҳукми дарҳамомехтан ва канори ҳам қарор гирифтан ва равобити беҳадду марзе, ки мутаассифона дар ҷомеа дар ҳоли ривоҷ пайдо кардан аст ба даст меояд. Ҳатто гоҳе ба исми равшанфикрӣ ин корро мекунанд, ки бархилофи гуфтаҳои динӣ аст.

 Самароти қарор додани ҳарим дар равобити зан ва мард:

  1. Ҷилавгирӣ аз ошуфтагии зеҳнӣ.
  2. Кантроли ғароизи ҷинсӣ.
  3. Парҳез аз қарор гирифтан дар макони тӯҳмат.
  4. Оромиши равонӣ.
  5. Таҳкими низоми хонавода ва вафодорӣ ба ҳамсар.
  6. Анҷоми солими фаъолитҳои иҷтимоӣ.
  7. Коҳиши ҷароими ахлоқии ҳамчун сиқти ҷанин, ҳамҷинсбозӣ ва…
  8. Пешгирӣ аз нокомӣ ва шикаст дар зиндагӣ.
  9. Муваффақияти таҳсилӣ ва шуғлӣ.
  10. Иҷрои фармонҳои илоҳӣ ва касби ризояти Худованд.

Худованди мутаол дар Қуръони Карим ҳамроҳ бо баёни дақиқи ҳаримҳои лозим дар равобити байни зан ва мард, аз дӯстии зану мард дар хориҷ аз қонуни шариат наҳи кардааст.

[1]. Ҷаводи Омулӣ, Абдуллоҳ, Зан дар оинаи ҷалол ва ҷамол, саҳ.394.)

[2]. Шаҳид Мутаҳҳарӣ, Муртазо, масъалаи ҳиҷоб, саҳ. 241.

[3]. Зан дар оъина ҷалол ва ҷамол, с 395 ва масъала ҳиҷоб 93.

[4]. Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ахлоқи ҷинси дар ислом ва ҷаҳон ғарб, интишорот садро, қм бито) саҳ. 69.

[5]. Сураи Нур, ояти. 31.

[6]. Сураи Аҳзоб, ояти. 33.

[7]. Сураи Юсуф, ояти 24.

[8]. Сураи Қасас, ояти. 23 ва 25. Ва Алломаи Таботабоӣ, Муҳаммад ҳусайн, тафсир Аламизон, (чопи дувум, дорулкутуби лисломия, қум 1393 ҳ) ҷ 16, саҳ.129.

[9]. Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Мизонулҳикма, (чопи аввал, дафтари таблиғоти исломи қум, 1362) ҷ 4, саҳ. 540.

[10]. Ҳурри Омулӣ, Муҳаммад бин Ҳасан, Васоил (чопи 6, Дорулкутуби исломия, Теҳрон 1403 ҳ) ҷ 14, с 144, б 106, муқаддамоти никоҳ, ҳадиси 5.

[11]. Ҳамон, ҷ.14, саҳ 143, боби 106, муқаддимот никоҳ.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.