Гуноҳе, ки анҷомаш эълони ҷанг бо Худост

181

Яке аз мавориде, ки Қуръони Карим ошкоро дар бораи он сухан гӯфта ва мардумро аз анҷоми он наҳи фармуда, «рибохорӣ» аст. Рибохорӣ аз назари Қуръони Карим ҳаром аст ва рибохор бо ин амал ба ҷанги бо Худо ва Паёмбар(с) меравад.

Расули Акрам(с) мефармояд: Ҳарки рибо бихӯрад саранҷоми ӯ ба фақр ва бечизӣ меанҷомад;(Наҳҷулфасоҳа)

арати Алӣ (р) мефармояд: Ҳар кас рибо бихӯрад Худованд шиками ӯро аз оташи ҷаҳаннам пур мекунад ва ба қадри ончи, ки аз рибо моле ба даст оварда агар дар роҳи Худо инфоқ кунад Худованд қабул намекунад, ҳамчунин рибохор ҳамеша дар лаънати Худо ва фариштагон аст.

Дар ҳашт ояти Қуръони Карим дар бораи «рибо» сухан гуфта шудааст, ки мо бахше аз ин оётро ҳамроҳ бо тафсири онҳо меоварем:

Ояти аввал:

“Эй касоне, ки имон овардаед! тақвои илоҳӣ пеша кунед ва ончиро аз (мутолибот)-и рибо боқӣ мондааст, раҳо кунед, агар имон доред.” Сураи Бақара ояти 278

Нуктаҳо

Дар оёти қабл ба мафосиди рибо ишора шуд, ки рибо инсонҳо ва ҷомеаро ошуфтаву парешон мекунад; Ва равшан шуд, ки рибо дар ҳақиқат кам шудан аст, на зиёд шудан; Акнун наҳи аз риборо ошкоро баён мекунад.

Дар тафсирҳои Маҷмаулбаён, Алмизон ва Мароғӣ нақл шудааст, ки вақте ояти таҳрими рибо нозил шуд, баъзе аз саҳоба ки ҳамонанди Холид бин Валид, Аббос ва ғ, дар дасти мардум миқдоре қарзи аз рибо доштанд, онҳо дар мавриди қарзҳои худ, аз Паёмбар(с) касби таклиф карданд ва ояти фавқ нозил шуд. Паёмбар(с) баъд аз нозил шудани ин оят фармуд: Аббос, амаки ман низ ҳаққи талаби рибо надорад ва қабл аз ҳама, бояд хешони ман даст аз рибо бардоранд. Ҳамчунон, ки дар хутбае фармуд: «Тамоми рибоҳои муқаррар дар давраи ҷоҳилиятро зери пой меандозам ва аз ҳама пештар рибоҳое, ки барои Аббос аст.»

Паёмҳо

1- Рибохорӣ, аз одоти замони ҷоҳилият буд, ки мусулмонони садри Ислом низ ба он олуда буданд.

2- Тақво, марҳалаи болотар аз имон аст.

3- Рибохор, молики баҳра намешавад ва Ислом суди риборо ба расмият намешиносад.

4- Лозимаи имон ва тақво, сарфи назар кардан аз моли ҳаром аст.

Ояти дуюм:

“Пас агар чунин накардед (риборо тарк накардед), (бидонед, ки) эълони ҷанг бо Худо ва расулаш додаед ва агар тавба кунед, (асл)-и сармояҳои шумо аз они худатон аст. (ва дар ин сурат) на ситам мекунед ва на бар шумо ситам мешавад.” сураи Бақара ояти. 279

 Нуктаҳо

Дар Ислом, на иҷозаи рибо ва баҳраҳкашӣ ва истисмор дода шуда ва на амволи мардум якҷониба мусодира мешавад. Дар баъзе низомҳо, моликият бекор ва тамоми амволро аз соҳибонашон мегиранд ва дар баъзе дигар, истисмор ва баҳракашӣ ва рибо, ба ҳар шакле озод аст.

Паёмҳо

1- Рибохор, муҳориб (ҷангкунанда) бо Худост. Ӯ бояд бидонад, ки дар ин ҷанг, дар як тараф ӯ қарор дорад ва дар тарафи дигар, Худованди Ҷаббор.

2- Рибохорӣ, гуноҳи кабира аст. Чун эъломи ҷанг бо Худованд аст.

3- Рибохор, гумон накунад бо мардуми маҳрум тараф аст, балки Худованд ба ҳимоят аз маҳрумон бархоста ва аз ҳаққи онон дифоъ мекунд.

4- Чун рибохор муҳориб (ҷангкунанда) бо Худост, аз вазоифи ҳукумати Исломӣ мубориза бо рибохорӣ аст.

5- Барои муҳорибини бо Худо низ роҳи тавба боз аст.

6- Рибохор, танҳо молики асли мол аст, на баҳраи он.

7-Барои наҷоти маҳрумон, асли моликияти мардумро нодида нагиред ва моликияти хусусӣ дар иқтисоди исломӣ пазируфта шудааст.

8- Султапазирӣ (зулмпазирӣ) ва султагарӣ (золимӣ) ҳар ду маҳкум аст, на зулм бубинед ва на зулм раво доред.

9- Интиқом мамнуъ аст. Ба рибохори тавба кунанда низ набояд зулм шавад.

10- Ба тавбакунандагон, набояд ба хотири хилофкориҳои пешинашон зулме шавад. Сарзаниши касоне, ки қаблан хилофкор буданд мамнуъ аст.

11- Истиқрори адолати иқтисодӣ, аз вазоифи ҳукумати исломӣ аст.

Ояти сеюм:

“Эй касоне, ки имон овардаед! рибо (ва баҳраи пул)-ро бо афзуданиҳои чандбаробарӣ нахуред, аз Худо парво кунед то шояд растагор шавед.”Сураи Нисо, ояти 161

Нуктаҳо:

Ин оят ҳамроҳ бо ҳашт ояти баъд, дар миёни оёти ҷанги Уҳуд қарор гирифтааст. Шояд ин амр ба ин ҷиҳат бошад, ки масоили ахлоқӣ ва иқтисодӣ, дар як низоми дифоъии муассир аст. Ҷомеае, ки афродаш аҳли ихлос ва исору гузашт, ва сибқати дар корҳои хайр, ва итоат аз раҳбар бошанд, дар ҷанг ҳам пирӯз мешаванд, вале ҷомеаи пулпараст ва бахил ва нофармон ва пофишоригар дар анҷоми гуноҳ, яқинан шикаст мехурад.

Оёти таҳрими рибо, дар чанд марҳала ва ба сурати тадриҷӣ нозил шудааст.

Марҳалаи аввал: Интиқод аз рибохории яҳуд буд.

Марҳалаи дуюм: Манъ аз рибое мекунад ки чандин баробар суд дорад.

Марҳалаи севум: Ислом ҳатто як дирҳам риборо таҳрим ва ба манзилаи ҷанги бо Худо муаррифӣ кардааст.

 Паёмҳо

1- Имон, зербинои амал ба дастурот аст.

2- Қабл аз таҳрими тамоми рибо, намунаҳои зишт ва барҷастаи он таҳрим шуд.

3- Риояти тақво дар масоили иқтисодӣ башиддат лозим аст.

4- Растгорӣ бо рибохорӣ ба даст намеояд, балки бо тақво ҳосил мешавад.

5 – Рибохор, на дар дунё растгор аст, (ба хотири эҷоди ихтилофоти табақотӣ, ки сабаби тафриқа ва кинаи маҳрумон мешавад) ва на дар охират. (ба хотири гирифторӣ ба қаҳри Худованд).

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.