Нусхае барои дармони як беморӣ(кисми аввал)

318

 

Зиндагии инсон пастубаландиҳои зиёде дорад ва гоҳе иттифоққоти нохушоянде байни инсон ва ҳамнишинонаш руй медиҳад, ки интизорашро надорад. Касоне ҳастанд, ки ба сабаби ин иттифоқот аз дасти баъзе афрод нороҳат ва дилгир мешаванд ва ин нороҳатиҳо баъзе вақтҳо идомадор буда табдил ба нафрат ва як бадбинии решадоре дар дили инсон мегардад, ки онро ба осонӣ наметавонад аз байн барад. Ин навъ бадбинӣ инсонро аз барқарор кардани робита бо афрод манъ мекунад. Ба ин нафрат ва бадбинӣ кина гуфта мешавад. Дини ислом ин гуна нафратҳоро аз разоили ахлоқӣ медонад ва дар бораи он дар дини Ислом суханони зиёде зада шудааст.

Дар ин фурсат мехоҳем дар бораи ин разилаи ахлоқӣ нигоҳи дини дошта бошем.

Касе, ки робитаи хуше бо мардум надорад, бо халқи Худованд бадхоҳӣ ва душманӣ мекунад ва кинаи эшонро ба дил мегирад, ҳам даруни хешро тира ва торик месозад, ҳам ба инсон иҷозаи расидан ба камолро намедиҳад ва ҳам аз ҷиҳати саломат ва амнияти зиндагии одии худ зарар мекунад. Дар арсаи равобит иҷтимоӣ худи мо шоҳидем, ки афроди кинатуз ва пурбархурд, чӣ зиндагии сахт, пур эстерес ва ранҷоваре доранд. Вале одамҳои бо гузашт, нармху ва бо сабру бурдбор, ки айбҳо ва бадиҳои дигаронро ё намебинанд ва ё ба дил намегиранд чӣ зиндагии роҳат ва хушеро сипарӣ менамоянд.

Авомили кинатузӣ

  1. Бемордилӣ

Дар Қуръони карим ва аҳодис чандин маврид аз чизҳое ки сабаби ба вуҷуд омадани кина мешаванд, номбурда шудааст “Оё касоне, ки дар дилҳояшон маразе ҳаст, пиндоштанд, ки Худо ҳаргиз кинаи ононро ошкор нахоҳад кард?”

Бемордилон аксаран касоне ҳастанд, ки имонашон заиф аст ва ба тадриҷ (оҳиста-оҳиста) ба нифоқ гироиш меёбанд. Таърих нишон медиҳад гурӯҳе аз касоне, ки ба Паёмбар( саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) имон оварданд аз ин даст будаанд.

  1. Васвасаҳои шайтон

Шайтон ба унвони аслитарин душмани одамӣ ҳамеша бо васвасаҳояш қасди гумроҳии инсонро дорад ва барои эҷоди тафриқа ва душманӣ байни аҳли имон кинаро дар дилҳои онон мекорад, ки дар оёти бисёре ба он ишора шудааст аз ҷумла:

”Ҳамоно шайтон мехоҳад бо шароб ва қимор миёни шумо душманӣ ва кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боз дорад пас оё шумо даст бармедоред”.

  1. Сарзаниш ва маломат

Ҳазрати Алӣ (алайҳиссалом): Бародаратро бо ҳамон хусусиёте, ки дорад таҳаммул кун ва зиёд сарзаниш накун; Зеро ин кор кина ме‏оварад.

  1. Суханчинӣ

Бадгӯӣ ва суханчинӣ, дар ниҳоят ошкор мешавад ва ба гӯши касе, ки аз ӯ бад гуфтаанд, мерасад ва ҳамин кор, сабаби эҷоди кина ва душманӣ мешавад. Алӣ (а) мефармояд: Аз суханчинӣ бипарҳезед, ки кинатузӣ меовард.

  1. Шӯхиҳои беҷо

Дар бархе дигар аз ривоятҳо, шӯхиҳои беасос ва бе марз, аз асбоби кинатузӣ муаррифӣ мешавад. Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд: Аз шӯхӣ бипарҳезед, зеро бадхоҳӣ меоварад ва кина бар ҷой мегузорад ва дашноми кӯчак ба шумор меравад.

  1. Баҳсу ҷадал

Баҳсу ҷадали дигарон дӯстиро аз байн мебарад ва душманӣ ба бор меоварад. Имом Ҳусайн (а) ба марде, ки ба эшон гуфт: Бинишин то дар дин, мунозира кунем фармуданд: Эй мард! ман, динамро мешиносам ва роҳам бароям маълум аст. Агар ту ба дини худ, ҷоҳилӣ, бирав ва онро биҷуй. Маро бо муҷодила чӣ кор, ки шайтон, инсонро васваса мекунад ва бо гӯшакӣ ба ӯ мегӯяд: Бо мардум, мунозира кун то мардум ба ту гумони нотавонӣ ва нодонӣ набаранд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.