Нусхае барои дармони як беморӣ (қисми дуюм)

175

Нусхаҳои Қуръонии дармон ва пешгирӣ аз кина

1) Бадиҳоро бо некӣ посух гӯед

Худованд дар Қуръони карим тариқаи дармони кинаро баён карда онҷо, ки фармуда: “Бо некӣ, бадиро дафъ кун, то душманони сарсахт ҳамчун дӯстон, гарм ва самимӣ шаванд.”

Дар ин оят Худованд, моро мутаваҷҷеҳ месозад, ки ҳамаи инсонҳо ташнаи муҳаббат ҳастанд ҳатто касоне, ки дилҳояшон саршор аз кина ва адоват аст; Бинобарин бо муҳаббат ва некӣ метавон кинаҳоро бартараф сохт.

2) Тақвияти имон

Қуръон имонро ба унвони муҳиммтарин омили аз байнбарандаи кина аз дилҳо мешуморад; Зеро имон, бозгашт ба фитрат аст ва шахсияти шахсро бозсозӣ мекунад ва ба эътидол раҳнамун месозад ва аз бемориҳои рӯҳӣ ва равонӣ эмин мекунад: “Ва касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд – ҳеҷ касеро ҷуз ба қадри тавонаш таклиф намекунем – онон ҳамдами биҳиштанд [ки] дар он ҷовидонанд. Ва ҳаргуна кинаеро аз синаҳояшон мизудоям.

3) Тақво

Қуръон парҳезкорон ва муттақиёнро ваъдаи биҳишт ва дӯри аз кина додааст: “Бегумон, парҳезгорон дар боғҳо ва чашма‏соронанд. Бо саломат ва эминӣ дар онҷо дохил шавед. Ва ончи кина [ва шоиба ‏ҳои нафсонӣ] дар сина‏ҳои онон аст барканем.

4) Ҳадия додан

Имом Муҳаммади Боқир (а) дарбораи роҳкори аз байн бурдани душманӣ ба нақл аз Паёмбари Акрам (с) мефармоянд: Ба ҳамдигар ҳадия бидиҳед, зеро ҳадия нафратҳоро аз дил ба дароварда ва кина ва душманиро аз дил берун мекунад.

Нусхае барои дармони як беморӣ(кисми аввал)

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.