Дидгоҳи коршиносон нисбати равобити духтару писар “бахши дуввум”

154

Ончи сабаб шудааст дар ин мавзӯъ (робитаи духтару писар) мавозеи гурӯҳои мухталиф то ин андоза гуногуну мухталиф бошад, далелҳои мухталиф дорад.

  1. Камбуди пажӯҳишҳои ҷомеъ ва мустанад

Ин сабаб худ заминаҳои фаровоне дорад ва аз он ҷумла метавон ба ҳассосиятҳои умумии ҷомеа дар тарҳи масоиле, ки ба ҳавзаи равобити ҷинсӣ ва хусусии афрод марбут мешванд, ишора кард. Дар ингуна масоил ба ҷиҳати ҳассосиятҳо, ашхос ғолибан воқеиятҳоро баён намекунанд ва аз тарафи дигар муассисаҳо ва созмонҳои масъули умури пажӯҳишӣ, ҳамон таҳқиқоти андаки худро дар дастрас қарор намедиҳанд.

  1. Асли мавзӯъи иртиботи духтару писар мубҳам аст ва зовияҳои пинҳонии зиёде дорад, ки ибҳоми ин мавзӯъ дар Эрон низ авомили пуршуморе дорад. Яке аз умда илали он ин аст, ки равобити духтару писар дар Эрон гурӯҳи зиёде аз равобитро шомил мешавад. Аз робитаи содда ва гуфтугӯи оддӣ миёни ду ҳамкор ё ду ҳамсинф то равобити ошиқона ва ҳатто дар ниҳоят робитаи ҷинсии комил. Бахши дигар аз ин ибҳом ба ғафлат аз моҳияту шаклҳои ҷадиди ин равобит бармегардад, ки бояд ба шакли ҷиддӣ равшан шаванд.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.