Дидгоҳи коршиносон нисбати равобити духтару писар “бахши аввал”

112

Яке аз масоили муҳими иҷтимоӣ дар солҳои ахир масъалаи равобити духтару писар аст. Қатъан дар мавриди ин падида мисли дигар падидаҳои иҷтимоӣ дидгоҳҳои мутафовит ва баъзан муттазод ҳа матраҳ шудааст.

Се дидгоҳи умда дар ин масъала пеши рӯи мо қарор гирифтааст:

1- Аксари волидайн, мураббиён ва касоне, ки дағдағаи ҳифзи суннатҳо ва омӯзаҳои динии ахлоқиро доранд ва бо нигоҳи интиқодӣ бо ин қазия бархурд мекунанд.

2- Бархе коршиносони масоили тарбиятӣ ва равоншиносӣ онро марҳалае аз булуғи фикрӣ ва рушди шахсият медонанд, ки муваффақият дар ин марҳиларо ба маънои муваффақият дар фароянди иҷтимоӣ шудан медонанд.

3- Гурӯҳе аз мутахассисони улуми иҷтимоӣ ин мавзӯъро аз вижагиҳои ҷомеаҳои модерн ё дар ҳоли гузор ба сӯи ҷомеаи модерн медонанд, ба ин маъно, ки ҷомеаҳои дар ҳоли тавсеа ба ночор бояд бо ин падида рӯбарӯ шванд ва худро омода барои пазириши он кунанд.

Ончи сабаб шудааст дар ин мавзӯъ (робитаи духтару писар) мавозеи гурӯҳои мухталиф то ин андоза гуногуну мухталиф бошад, далелҳои мухталиф дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.