Оини ҳамсардорӣ

215

Мард ҳамсари шоиста ва солеҳаашро дӯст медорад. Зеро ахлоқи паёмбарон дӯст доштани занон аст. Ӯ ин муҳаббатро изҳор мекунад ва сареҳан ба ӯ мегӯяд: “Ман туро дӯст медорам!” – то ин ки ҳаргиз аз қалбаш маҳв нагардад.

Мусалмон бо ҳамсараш омезиш мекунад, хусусан мавқее, ки ҳамсар тамоюл дорад. Зеро тамоми фикру алоқаи занон ба ҳамсарон ва мардони худ аст ва ҳамвора дар андешаи онҳоянд. Иддае аз онҳо ба омезиш алоқаи шадиде доранд ва аз он лаззат мебаранд, аммо Худованд ҳаёро дар онҳо қарор додааст, ки аз изҳори он шарм мекунанд. Бинобар ин, бар ҳамсари огоҳ аст, ин масъалаи муҳимро дар робитаи хонаводагӣ фаромӯш накунад, балки аз шӯхӣ, бозӣ, мулоиба, муошиқа ва бӯсидан кӯтоҳӣ накунанд, ки барои ӯ лаззатбахштар ва дар гувороӣ ва лаззати омезиш асари басазое дорад.

Мусалмон ба ин нукта низ таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки дар омезиш набояд саросема шавад ва фавран хешро аз он фориғ созад, зеро маъмулан занон дертар аз мардон ба авҷи лаззати ҷинсӣ мерасанд, бинобар ин бояд мурооти онҳоро низ комилан бинамояд.

Афроди зоҳид набояд ин фикрро ба худ роҳ диҳанд, ки ин саргармӣ инсонро аз ёди Худо ва таваҷҷӯҳ ба воқеият бозмедорад. На. Зеро Паёмбар(с) мефармоянд: “Ҳар кори лаҳву беҳуда саргармӣ ва бефоида аз мӯъмин ботил ва беасар аст, ҷуз се кор: фаро гирифтани саворӣ (аспсаворӣ), тирандозӣ ва мулоиба ва бозӣ ҳангоме ки ҳамсар омодагии омезишро ёфт. Пас бо ӯ меомезад, ӯро ишбоъ мекунад то чашмаш ба дунболи ғайри шавҳар набошад”. Аз одоби омезиш он аст, ки ҷои хилвате пайдо кунад, ончунон ки касе онҳоро набинад ва ҳатто садои нафаси онҳоро нашунавад ва аз шайтон ба Худо паноҳ барад, накунад асаре дар нутфа гузорад, мусалмон дар ин ҳол низ ба ёди Худост ва зикри Худо мегӯяд то агар фарзанде насибаш кард, дӯстдори аҳли ҳақ бошад.

Аммо вазифаи зани мусалмон он аст, ки аз ҳамсараш итоат кунад, корҳои хонаашро анҷом диҳад, бидуни иҷозаташ аз хона хориҷ нашавад, некӯ шавҳардорӣ кунад, зеро ҷиҳоди зан ҳамон некӯ шавҳардорӣ кардан аст. Зани мусалмон ҳаргиз нушуз ихтиёр намекунад, яъне монеъ аз омезиши ҳамсараш намегардад, вагарна Худованд ва ҷамаеи халқи Худо ӯро лаънат мекунанд то ҳангоме ки бозгардад ва итоати ҳамсарашро пеш гирад.

Аз мардони аҷнабӣ ва бегона худро мепӯшонад, ҳангоми сухан бо мардони бегона, нарму мулоим ва бо зеру бами хос сухан намегӯяд, накунад шахсе, ки қалбаш бемор аст, тамаъ варзад. Бар мардони аҷнабӣ ва бегона низ ҳаром аст, ки ба зани номаҳрам нигоҳ кунанд, зеро “назар ва нигоҳ аз тирҳои шайтон аст”.

Шавҳари мусалмон маҳри ҳамсарашро мепардозад ва ё мултазим ба он мешавад ва тазмин мекунад ва дар қалб низ нияти адои онро дорад, агарчи миқдори маҳрия пӯсти гове пур аз тилло бошад ва агар маҳр қарор надиҳад, гӯё зино мекунад. Он ки маҳрро қарор диҳад ва қасд дошта бошад, ки напардозад, ба монанди дузд ва сориқ аст.

Шавҳар бояд бидуни миннат, муваззаф ба таъмини ҳазинаҳои ҳамсараш аъам аз хӯроку пӯшок, манзил ва тамоми ниёзмандиҳояш бар ҳасби шаънаш гардад ва то ҳангоме ки мутеи ӯст, ҳаргиз наметавонад ӯро аз камтарин ҳуқуқаш маҳрум кунад, на метавонад ӯро бизанад ва на эҷоди нороҳатӣ барояш бинамояд.

Ёдоварии як матлаб

Мусалмон бояд нафақа ва ҳазинаи зиндагии падару модар, фарзандон ва ҳар касе, ки дар мулки ӯст, аъам аз бардагон ва ҳайвонотро бипардозад, ҳатто саге, ки барои коре мавриди таълим қарор гирифтааст, харҷи онро низ бояд бидиҳад то дар пешгоҳи Худованд муохиза нашавад ва осӣ ва фармоннобардор ба ҳисоб наояд.

Вазоифи падару модар дар мавриди фарзандон

Зани мусалмон ҳангоме ки ҳомила шуд, вазоифи бордорӣ дар исломро муроот мекунад, аз ҷумла ин ки таоми ҳалол мехӯрад то дар тифл асари нек гузорад, аз меваҳо биҳӣ мехӯрад, ки бӯи фарзандаш хуш ва ранги ӯ сафед гардад. Он гоҳ ки вазъи ҳамл намуд, нахуст бори хурмо ва рутаб мехӯрад то кӯдак ҳалиму оқил гардад.

Он гоҳ ки башорати таваллуди навзод ба падару модар дода шуд, аз писар ва духтарии ӯ намепурсанд, балки мепурсанд: солиму тандуруст аст? Агар солиму тандуруст буд, Худовандро меситояд ва ҳамду сипоси ӯро мегӯяд.

Агар кӯдак духтар буд, ӯро мавлуде нек медонанд, зеро Худованд нисбат ба духтар рауфу меҳрубонтар аст то писар, духтар гулест, ки бояд онро бӯид ва аз муборакӣ ва майманати зан аст, ки нахустин кӯдаки ӯ духтар бошад.

Зани мусалмон пас аз таваллуди кӯдакаш, ӯро бо таҳорат ва ёди Худо шир медиҳад то аз саодатмандони ду ҷаҳон қарор гирад. Ҳаром ва чизи наҷас намехӯрад, зеро дар шир асар мегузорад, шири модар барои кӯдак пурбаракаттар аз ҳар чизи дигар аст, зеро кӯдак бо шири модар рушд мекунад.

Аз ин назар, ки мавлуд дар гарави ақиқа аст, мусалмон барои кӯдаки худ ақиқа мекунад ва ҳадди ақал даҳ нафар аз мусалмононро дар ин ақиқа даъват мекунад ва агар беш аз даҳ нафар бошанд, фазилаташ бештар аст.

Мусалмон кӯдакашро дар ҳамон ҳафтаи аввал хатна мекунад, зеро хатна аз суннатҳои оини ҳаниф аст. Хатна дар ин вақт дар рӯидани гӯшт ва адами олудагӣ таъсири басазое дорад.

Ҳамчунин мусалмон номи хубе барои кӯдакаш интихоб мекунад. Ӯро хуб тарбият мекунад, одоби нек ба ӯ меомӯзонад, ӯро дӯст медорад, ба ӯ раҳиму меҳрубон аст. Ҳамчун кӯдакон бо ӯ бозӣ мекунад. Кӯдакашро мебӯсад ва агар ба ӯ ваъдае дод, вафо мекунад. Ба андозае, ки қудрат дорад, корашро мепазирад ва аз он чӣ дархури қудраташ нест, сарфи назар мекунад. Ҳафт сол ӯро озод мегузорад, ки бозӣ кунад ва ҳафт соли дуюм ба ӯ китоб, Қуръон ва ҳалолу ҳаром меомӯзад, дар ин давра шино ва тирандозӣ низ ба ӯ ёд медиҳад, барои тамоми ин корҳо аз тарафи Худованд савоб ва аҷри фаровоне дорад.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.