Дидани заҳматҳои якдигар ва ташаккур кардан

213

Бисёр аст мардон ва заноне, ки фақат заҳматҳо ва талошҳои худро мебинанд ва интизори ташаккур аз дигарон доранд ва бар онон миннат мегузоранд, аммо зану марди бо имон ҳар кадом ба вазифаи худ таваҷҷуҳ намуда ва заҳматҳои дигариро дида ва ба ҷои миннат гузоштани кори худ аз талоши ӯ ташаккур мекунанд.

Шавҳаре, ки заҳматҳои ҳамсарашро бубинад аз низофати манзил, таҳияи ғизо, нигоҳубини кӯдакон ва соири корҳое, ки зан анҷом медиҳад ташаккур мекунад. Ҳамин ташаккури забонӣ ба ҳамсар энержии мусбат дода ва ӯро ба талоши бештар ташвиқ мекунад ва конуни зиндагиро рӯз ба рӯз гармтар мекунад. Аммо ношукрии мард ва надидани заҳматҳои зан вайро дар кораш суст мекунад ва ҳар рӯз аз ширинии зиндагӣ кам мешавад.

Дар ривоятҳо омадааст: “Инсони бузургвор аз талоши андак низ ташаккур мекунад”. “Худовандо ба Ту паноҳ мебарам… аз инки касе кори хубе дар ҳаққи ман анҷом диҳад ва ман аз ӯ ташаккур накунам.”

Албата зиндагӣ ва кор бояд барои Худованд бошад, аммо ҳамонгӯна, ки фард вазифа дорад барои худованди Мутаол кор кунад тарафи муқобил ҳам вазифа дорад заҳамоти ӯро бубинад ва аз ӯ ташаккур кунад.

Нигоҳи мусбат ба мушкилот

Бархе мушкилоти зиндагӣ ба хотири камкорӣ ва бемасъулиятӣ аст, аммо бархе аз масоил аз кӯтоҳии зан ё мард нест; балки ҳар кадом талоши худро мекунанд, аммо бо ин ҳол бархе мушкилоту гирифториҳо дар зиндагӣ вуҷуд дорад. Дар зиндагии дунёӣ надоштани мушкил маъно надорад муҳим навъи нигоҳи мо ба мушкилот аст; Қуръони Карим нигоҳи дурусте ба мо медиҳад ва мефармояд:

“Чи басо чизеро нохуш доред дар ҳоле, ки хайри шумо дар он аст ва чи басо чизеро дӯст доред дар ҳоле, ки зарар ва шарри шумо дар он аст. Ва Худованд (салоҳи шуморо) медонад ва шумо намедонед.” (Сураи Бақара, ояти 216)

Агар бидонем дигарон мушкилоти бештаре доранд.

Агар бидонем мушкилот таваҷҷуҳи моро ба Худованд бештар мекунад. Агар бидонем мушкилот ғурури моро мешикананд ва сангдилии моро бартараф мекунанд.

Агар бидонем мушкилот моро ба ёди дардмандон меандозанд.

Агар бидонем мушкилот моро ба фикри ибтикор меандозанд.

Агар бидонем мушкилот арзиши неъматҳои гузаштаро ба мо ёдоварӣ мекунанд.

Агар бидонем мушкилот каффораи гуноҳон аст.

Агар бидонем мушкилот сабаби дарёфти подошҳои ухравӣ аст.

Агар бидонем мушкилот ҳушдор ва занги бидорбоши қиёмат аст.

Агар бидонем мушкилот сабаби шиносоии дӯстони ростин аст.

Ва агар бидонем, ки мумкин буд мушкилоти бештар ё сахттаре барои мо пеш ояд хоҳем донист, ки талхиҳои зоҳирӣ низ дар ҷои худ ширин аст.

Барои волидон, ки рушду биниши бештарӣ доранд туршу ширинии ҳарду хушоянд аст.

Бояд бидонем, ки ҳамеша хайри мо мутобиқи хостаҳои мо нест,  бисё аст, ки чизеро нохушоянд дорем ,вале Худованд хайри зиёд дар он қарор дода бошад; зеро инсон ба ҳамаи масолеҳи хеш огоҳ нест. Қуръони Карим мефармояд: “Ва агар аз ҳамсаратон хушатон наомад чи басо чизеро хуш надошта бошед вале Худованд хайри фаровон дар он қарор дода бошад”. (Сураи Нисо, ояти 19)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.