Ёдовариҳои муфид барои падару модарон

131

Нукоти эминиро дар хона риоят кунем

Хонаи худро ба макони бехатар барои бачаҳо табдил кунед. Ҳаргиз бачаи зери 5 соларо дар вон (ванна) ё ташти об танҳо нагузоред. Курсии махсуси кӯдакро ҳатман дар мошин, дуруст ҷогузорӣ кунед. Замоне қасди дучархасаворӣ ё эскутербозӣ дорад, барои истифода аз кулоҳи эминӣ исрор намоед.

***

Ба дастуроти пизишки кӯдак гӯш диҳед

Агар пизишки мутахассиси кӯдак мӯътақид аст, ки таби фарзандатон вирусӣ аст ва ниёзе ба онтибиотик надорад, барои гирифтани воксан ва онтибиотик исрор накунед. Беҳтарин дору гоҳе истироҳат, миқдори зиёди моеот ва каме муроқибати муҳаббатомези шумост. Истифодаи нобаҷо аз онтибиотикҳо мумкин аст боиси мушкилоте барои фарзандатон шавад ва эҳтимоли эҷоди гунаҳои микробии муқовим ба дармонро боло бибарад.

***

Навзодро замоне ки хоболуд аст, дар ҷояш хобонед

Замоне ки навзод хоболуд аст, аммо ҳанӯз ба хоб нарафта, метавонед ӯро дар ҷояш хобонед. Бо ин равиш, ӯ меомӯзад, ки битавонад худашро барои хоб ором кунад. Ин кор аз мушкилоти эҳтмолии хоби ӯ дар оянда мекоҳад.

***

 Ҳамеша рост бигӯед

Ҳамеша баростию садоқат бо фарзандамон рафтор кунем, зеро дар ҳар ҳол мехоҳем фарзандамон ҳам ҳамон корро кунад.  Пас улгу ва намунаи хубе барои ӯ бошем.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.