Маҳоратҳои зиндагиро ёд бигирем (1)

170

Омӯзиши маҳоратҳои зиндагӣ, тавоноии иҷтимоӣ ва рӯҳии фардро афзоиш медиҳад ва боис мешавад то фард битавонад ба наҳви беҳтар ва муассиртар бо мушкилот ва душвориҳои зиндагӣ мувоҷеҳ шавад. Ҳар андоза маҳоратҳои зиндагии фарде болотар бошад, ӯ беҳтар метавонад саломати равон ва рафтори худро ҳифз кунад ва ба шевае мантиқӣ ва коромад мушкилоти пешомдаро бартараф кунад.

Маҳоратҳои зиндагӣ қудрати созгории афродро боло мебарад, шахс метавонад масъулиятҳои иҷтимоӣ ва шахсии зиндагиро беҳтар бипазирад ва тавонмандиҳояшро буруз диҳад ва аз осебҳои ношӣ аз нотавонӣ дар ҳалли мушкилот дар амон бимонад. Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ маҳоратҳои даҳгонаеро муаррифӣ кардааст, ки ҳаркас бояд ин тавоноиҳоро барои доштани зиндагии фардӣ ва иҷтимоии муваффақ касб кунад:

Маҳорати худогоҳӣ

Маҳорати худогоҳ  тавоноии шинохти нуқоти заъф ва қуввати ҳар фард аст. Агар ҳар фард битавонад тасвири воқеъбинона аз худ касб кунад ва ниёзҳо ва хостаҳояшро ба хубӣ бишносад, метавонад бо ҳуқуқи фардӣ, иҷтимоӣ ва масъулиятҳои фардӣ ва иҷтимоиаш ошно шавад.

Маҳорати ҳамдилӣ

Ҳамдилӣ ба ин маъно аст, ки фард дар ҳар шароите, чӣ хуб ва чӣ бад, битавонад дигарон ва мушкилоташонро дарк кунад. Ба ин тартиб, дигаронро дӯст дорад ва дигарон низ ӯро дӯст доранд ва ба ҳам таваҷҷуҳ мекунанд, ки дар натиҷа равобити иҷтимоии афрод бо якдигар беҳтар мешавад.

Маҳорати равобити байни фардӣ

Ин маҳорат, мушорикат ва эътимоди воқеъбинона ва ҳамкорӣ бо дигаронро мушаххас мекунад ва сабаб мешавад то равобити дӯстонаеро бо дигарон эҷод кунад ва дӯстиҳои носолимро хотима диҳад то касе аз чунин равобите осеб набинад.

Маҳорати иртиботи муассир

Бо касби ин маҳорат, афрод меомӯзанд барои дарки беҳтари дигарон, ба шеваи дуруст, ба сӯҳбатҳои онҳо гӯш диҳанд. Ҳамчунин фард битавонад ниёзҳо ва эҳсосоти худашро бо дигарон дар миён бигузорад то ҳам ниёзҳои дигарон ва ҳам ниёзҳои худаш бароварда шавад ва дар натиҷа иртиботи ризоятбахш шакл гирад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.