Ҳамсарёбӣ дар фазои маҷозӣ; дуруст ё ғалат (1)

121

Густариши иртибототи интернитӣ ва фароҳам шудани дастрасии осон ба фазои маҷозӣ, имконоти зиёде барои корбарон фароҳам кардааст. Ҳамсарёбии интернитӣ яке аз ин қобилиятҳо аст, ки ба тозагӣ афродро дар дунёи маҷозӣ ба якдигар наздиктар кардааст. Ҳамсарёбии интернитӣ, дар солҳои ахир тарафдорони бисёре пайдо кардааст. Дар сайтҳои ҳамсарёбӣ шумо метавонед бо фарде, ки милокҳои мавриди назаратонро доранд ошно шавед. Албатта ин навъ иртиботот агар бо огоҳии кофӣ сурат нагирад метавонад осебҳои рӯҳӣ ва равонӣ бар ҷой бигузорад. Бинобарин дар ин мақола ба баррасии ин навъ иртиботот мепардозем.

Ҳамсарёбии интернитӣ, хуб ё бад?

Истифода аз сайтҳои ҳамсарёбӣ, равиши модерн барои ошноӣ ва издивоҷ мебошад, ки дар солҳои ахир таваҷҷуҳи бисёре аз афродро ба худро ҷалб кардааст. Ин равиш барои афроде, ки ҷуёи издивоҷ ҳастанд ин имконро фароҳам карда аст, ки бо густариши доманаи интихоби худ битавонанд ба хостаҳои худ наздиктар шаванд ва интихоби дақиқтаре дошта бошанд, ҳамчунин ба навъе ҳамсарёбиро осон кардааст.

Мушкилоти марбут ба ҳамсарёбӣ бо интернит

Яке аз бузургтарин мушкилоти сайтҳои ҳамсарёбӣ, адами садоқат дар ироаи иттилоот тавассути хоҳишмандон мебошад. Маъмулан афрод дар ин сайтҳо ҷанбаҳои мусбати худро дар маърази намоиш мегузоранд ва нукоти манфии худро пинҳон мекунанд. Бар ин асос агар шумо сирфан бар асоси иттилооти анкетаи тарафи муқобил иқдом ба интихоби ҳамсар кунед, эҳтимолан ин робита маҳкум ба шикаст хоҳад шуд.

Мушкили дигаре, ки вуҷуд дорад ин аст, ки мумкин аст афроде бо аҳдофи ғайр аз издивоҷ ва ба манзури суистифода корбари ин гуна сайтҳо бошанд. Ба ҳар ҳол ба иштирок гузоштани аксҳо ва иттилооти шахсӣ метавонад паёмадҳои манфӣ барои шумо ба ҳамроҳ дошта бошад. Яке дигар аз айбҳо ин аст, ки бархе афрод дучори васвос дар интихоб шуда ва барои пайдо кардани гузинаи беҳтар, мулоқотҳои интернитии зиёдеро тартиб диҳанд, ки дар ниҳоят мумкин аст интихобро барояшон душвор созад.

Чӣ афроде маъмулан аз сайтҳои ҳамсарёбӣ истифода мекунанд?

Афроде, ки дар дунёи воқеӣ наметавонанд иртиботи хубе бо ҷинси мухолиф барқарор кунанд, маъмулан бо истифода аз ин сайтҳо ба роҳатӣ метавонанд робитаҳои дӯстона дошта бошанд. Бархе дигар мумкин аст пас аз талошҳои мутааддид ва ноком мондан дар пайдо кардани ҳамсари идаоли худ ба ин сайтҳо муроҷиа кунанд. Аз дигар маворид метавон ба афроде ишора кард, ки ба далели маҳдудиятҳое монанд нақс дар зоҳир, беморӣ ё мушкилоти хонаводагӣ дар садади баҳра гирифтан аз ин имконот ҳастанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.