Чӣ гуна кӯдаки мустақил тарбият намоем

217

Тарбияти кӯдаки мустақил бо роҳу равиши дуруст ҳатман мумкин аст. Яке аз муҳимтарин аҳдофи шумо ба унвони падару модар, парвариши кӯдаки мустақил ва худмухтор аст.

Мутмаиннан дар авоили рушд, бачаҳоятон рӯи шумо ҳисоб мекунанд. Чун кӯдак барои хӯрок хӯрдан, тамиз шудан ва ҳаракат ба шумо вобаста аст. Вақте бачаҳои шумо рушд мекунад, дар мароҳили ибтидоии зиндагӣ мустақил мешавад, аммо ҳунӯз бу шумо барои ишқ, ҳифозат, роҳнамоӣ ва ҳимоят вобаста аст.

Вақте онҳо ба синни булуғ мерасанд ва бузург мешаванд, камтар ба шумо вобаста хоҳанд буд ва дар тамоми ҷанбаҳои зиндагиашон истиқлоли бештаре касб мекунанд. Ин фароянди ҷудосозии кӯдакон аз шумо аст. Аммо ин пешрафт ба булуғ иҷтинобнопазир нест ва ғолибан бо нияти хайр аст, аммо падару модарон гумроҳ мешавнад.

Кӯдакони мустақил

Кӯдакони мустақил аз чандин равиш бо кӯдакони дигар мутафовит ҳастанд. Агар кӯдаки шумо мустақил аст, шумо ин боварро ба ӯ додаед, лоиқ ва қодир ба муроқибат аз худаш ҳаст. Шумо роҳнаморо барои ёфтани фаъолиятҳое, ки маънодор ва ризоятбахш ҳастанд, ба онҳо пешниҳод кардаед. Шумо ба кӯдакони худ озодиро додаед то зигндагиро ба таври комил таҷриба кунанд ва дарсҳои муҳимми бисёреро ёд бигиранд. Кӯдакони мустақилро метавон ба равишҳои зер шинохт:

– Зотан ангеза доранд, чун имконият доранд далели худашонро пайдо кунанд.

– Фурсат ва роҳнамоиро барои кашфи фаъолиятҳои дастёбӣ ба худ ихтисос доданд.

– Падару модарашон аз подошҳои берунӣ даруст ва кам истифода мекунанд.

– Ҳамкории бештар аз як робитаи контролшуда бо падару модар доранд, зеро ки дар онҳо ақоид ва хостаҳои кӯдакон мавриди истиқлол ва баррасӣ қарор мегирад.

– Тасмимгирандагони хубе ҳастанд, ба ин далел, ки муҷоз буданд гузинаҳои мухталиферо дар назар бигиранд ва бо ҳимоят ва роҳнамоии падару модари худ тасмим бигиранд.

Парвариши кӯдакони мустақил

Шумо метавонед ба фарзандонатон барои касби истиқлол бо ин равишҳо кӯмак кунед:

– Ба фарзандонатон ишқу эҳтиром бидиҳед.

– Эътимод ба тавоноиҳои кӯдакони худро нишон диҳед.

– Ба онҳо биёмӯзед, ки бар зиндагиашон назорат дошта бошанд.

– Роҳнамоиро ироа диҳед ва сипас озодиро барои тасмимгирӣ ба онҳо бидиҳед.

Сомонаи интернетии “Хонавода намуна”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.