Чӣ ҳамсаратонро нигарон мекунад?

190

Мардон бояд огоҳ бошанд, ки чӣ чизҳо омили нигаронии ҳамсарашон ва эҳсоси адами амният ӯст‎.

Вақте занҳо дар мавриди равобити заношуӣ ва зиндагии муштараки худ эҳсоси нигаронӣ мекунанд, мавзӯъ фаротар аз як адами созиши содда ё як тамоси телефонии барқарорнашуда аст. Ин нигаронӣ реша дар адами амният дорад.

Инки занон вазъияти зиндагии муштарак ва робитаи заношуии худро зери шубҳа мебаранд ва мехоҳанд хуб будан ё кайфияти онро бисанҷанд далоили қатъӣ дорад ва мардон бояд огоҳ бошанд, ки чӣ чизҳо омили нигаронии ҳамсарашон ва эҳсоси адами амнияти ӯст.

Чӣ чизҳо боиси нигаронии ҳамсаратон мешавад?

Ихтилоф

Барои бештари мардҳо ихтилоф сирфан ихтилоф аст; онҳо тақрибан ба роҳатӣ метавонанд онро фаромӯш кунанд ва рӯи корҳои дигари худ тамаркуз кунанд. Аммо барои бештари занҳо… ингуна нест! бештари занҳо вақте бо ҳамсари худ ихтилоф пайдо мекунанд гӯё ҳеҷ чиз дигар дар дунё хуб пеш намеравад то замоне, ки мушкил бартараф шавад. Оқои азиз! ҳамсари шумо ниёз дорад то мутмаин шавад, ки шумо ҳамчунон дӯсташ доред ва чизе иваз нашудааст!

Рӯйгардонӣ

Вақте дучори ихтилоф бо ҳамсаратон мешавед ё эҳсоси асабоният ва нотавонӣ мекунед мумкин аст вокунишатон ин бошад, ки барои пардозиши масъалаи пешомада, сукут кунед то чизе нагӯед, ки боиси ранҷиши ҳамсаратон шавад ва ё ҳатто барои муддате аз ҳама чиз фирор кунед. Аммо барои зани зиндагии шумо, ин ақибнишинӣ ва рӯйгардонӣ боиси изтироби бештар мешавад. Пас пеш аз инки ба ғори танҳоии худ паноҳ баред ба ӯ бигӯед: ман асабонӣ ҳастам ва ниёз дорам муддате танҳо бошам, аммо мехоҳам инро бидонӣ, ки ҳама чиз рӯ ба роҳ аст ва чизе барои нигаронӣ вуҷуд надорад.

Сукут

Занҳо ба шакле ҳастанд, ки сукути шуморо мехонанд! пас вақте шумо сокиттар аз ҳамеша мешавед онҳо ба роҳатӣ натиҷагирӣ мекунанд! Ҳатто агар ин фаҳмҳо ва натиҷаҳо дуруст набошанд. Вақте сукут мекунед ҳамсари шумо мушкилро аз худаш мебинад ва сукути шуморо ба худаш рабт медиҳад. Оқои мӯҳтарам! агар дар сукути худ фурӯ рафтаӣ чун нигарони саломатии модарат ҳастӣ ё мехоҳӣ ба мушкиле, ки дар маҳалли корат пеш омадааст фикр кунӣ ё нигарони ин ҳасте, ки шартро ба дӯстонат бибозӣ, лутфан ба ҳамсарит бигӯ. Дар мавриди чизе, ки дар сарат мегузарад бо ӯ ҳарф бизан: нигарон набош, сукути ман рабте ба ту надорад ва ман ҳам девона нашудаам! мавзӯъ марбут ба корам аст!

Холӣ шудани ҳисоби бонкии отифӣ

Шояд хеле хаста ва кесел шуда ва шумо ҳам ҳузуратон хеле камранг шуда, шояд ҳам ҳардуи шумо ихтилофоти ҳал нашудае доред. Ба ҳар ҳол иллат ҳар чӣ, ки бошад ( ҳатто агар иртиботе ба шумо надошта бошад), агар захираи отифии ҳамсартон тамом шуда бошад, ӯ ба роҳатӣ нигарони робитатон хоҳад шуд. Аз ҳамсаратон дар мавриди эҳсосоташ бипурсед ва бо алоқа ба ҳарфаҳояш гӯш диҳед, гарму самимона ӯро дар оғӯш бикашед ва ба ӯ бигӯед бароятон чиқадар хос аст. Ин кори шумо кумак мекунад захираи отифӣ ва эҳсосии ӯ фавран ҷуброн шавад!

Оқоёни шавҳар! агар бо нигарониҳои ҳамсаратон дар мавриди робитатон мувоҷеҳ шадид, ҳоло дигар медонед чӣ чиз мумкин аст иллати эҳсоси ноамнӣ ва нигаронии ӯ бошад. Бо огоҳ будан нисбат ба авомил ин нигаронӣ ва пайдо кардани ниёзҳои ӯ, кумаки бисёр зиёде ба эҳсоси амнияту оромиши ҳамсаратон хоҳед кард.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.