Издивоҷ бидуни ишқ имкон дорад (қисми аввал)

94

Борҳо аз мушовирону равоншиносони хонавода ва афроди бо таҷриба шунидед, ки мегӯяанд муроқиб бошед ишқу ошиқӣ кӯратон накунад; оқилона издивоҷ кунед чароки биное, ки бо ақлу мантиқ сохта шавад бешак пойдортар аз биное аст, ки танҳо бо ишқ сохта мешавад, аммо оё издивоҷи оқилона бидуни ишқу алоқа имконпазир аст?

Шунидед, ки мегӯяанд то бо касе ҳамсуфра ё ҳамсафар нашавед наметавонӣ вайро бишносӣ! дар мавриди издивоҷ ҳам бояд гуфт то бо касе зер як сақф наравед наметавонед ӯро ҳамаҷониба бишносед; барои доштани як издивоҷи муваффақу бооромиш шинохти аввалия, таҳқиқоти маҳаллӣ ва мушовираи қабл аз издивоҷ аз ҷумла мароҳиле аст, ки ҳангоми интихоби ҳамсар бояд ба он таваҷҷуҳ дошт, аммо агар аз ҷавонони имрӯзӣ дар робита бо издивоҷ назарпурсӣ кунед қариб ҳамашон мегӯянд, ки ишқу алоқа яке аз милокҳои аслӣ дар издивоҷ аст.

Гоҳе афрод танҳо аз рӯи одат ба якдигар ва на аз рӯи ишқу алоқа ба қадре ба якдигар вобаста мешаванд, ки қудрати фикр кардан бар рӯи масоили муҳими издивоҷро надоранд ва ба қавле кӯркӯрона издивоҷ мекунанд, аммо баъд аз рафтан зери як сақф мутаваҷҷеҳ хоҳанд шуд, ки издивоҷ чизи фаротар аз ишқу ошиқӣ аст.

Издивоҷ яъне интихоби як шарики ҳамаҷониба, ба ҳамин далел инки чигуна ҳамсари ояндамонро интихоб кунем бисёр муҳим аст; ошиқона ё оқилона?!

Агар шумо қарор бошад чанд миллион пулро бо касе шарик шавед яқинан бидуни фикру мантиқ чунин коре нахоҳед кард, ҳол барои як широкати ҳамешагӣ ва ҳамаҷонибаи издивоҷ чигуна метавон танҳо ба ларзидани дил иктифо кард?!

Албатта аз тарафе наметавон интизор дошт, ки бидуни алоқа ҳам издивоҷ шакл гирад, пас ҷойгоҳи ишқу ақл дар издивоҷ куҷост? Масале, ки мегӯяд оқилона интихоб кунед ва ошиқона зиндагӣ кунед то чӣ андоза дуруст аст?

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.