Таъсири васвос дар муносибатҳои заношуӣ

115

Васвос чӣ гуна дар робитаи заношуӣ таъсирҳои бад ва харобкунанда мегузорад?

Шахсе, ки ҳамеша дунболи ҷузъиёт ва фикрҳоест, ки ба фоидаи зиндагӣ нест ва монеи корҳои зиндагии ӯ мешавад ба мурури замон атрофиёнаш ва афроде, ки бо ӯ дар муошират ҳастанд аз навъи нигоҳи ӯ ба зиндагӣ хаста мешаванд, ин иттифоқ чӣ гуна рух медиҳад?

Зан ё марде, ки доиман айбу эрод мегирад аз наҳваи тозагии хона, аз ҷузъиёти ғизо, аз наҳваи либос пӯшидани бачаҳо ва ҳамсараш, нигоҳаш ба ин аст, ки дигарон дар мавриди ӯ чигуна фикр ва рафтор мекунанд ва… ин навъ рафтор нишондиҳандаи васвоси фикрӣ дар афрод аст. Агар фард натавонад ин мавзуъро дар худаш нигоҳ дорад ва доиман як фикре ба суроғаш ояд, ки бигӯяд то роҳат бишавад ва дигарон мутаваҷҷеҳ бишаванд, ки бо арзиш аст ва ҷойгоҳи муҳимме дорад, натиҷааш ин мешавад, ки атрофиён ба ҳам асабӣ мешаванд ва наметавонанд кумак кунанд ва бинобар ин мавриди қазоват ва туҳмат қарор мегирад.

Дармони дуруст ва усулии чунин рафторҳое табиатан назди мутахассис, равошинос ва равонпизишк иттифоқ меафтад. Аммо чизе муҳимтар, ки бояд мо бидонем ва аз он ба унвони абзори ҳали масаъла дар васвос истифода кунем ин аст, ки бояд бубинем ҳар фикре, ки моро дуҷори изтироб мекунад ва як изтироби ҷадидро ба вуҷуд меоварад, ки агар нагӯем як мавқеъияти нохушоянде дар ояндаи наздик суроғи мо меояд, мисли ин ки дигарон, дигар барои мо арзишу эҳтиром қоил нестанд ва мо дигар одами муҳимме нестем ё обуруи мо хоҳад рафт. Сарчашмаи ин афкор монанди нушхорҳои зеҳнӣ ҳастанд ва сабаби рафтани мо ба суи афкор ва рафторҳои такрорӣ мешавад ва ин амалкарди васвосӣ аст ва бояд муроқиби ин нишонаҳо барои ҳазф ва дармони онҳо бошем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.