Намудҳои тарс дар кӯдакон

86

Тарс дар кӯдакон ба ду шакл мушоҳида мешавад:

Тарс дар кӯдакони кучактар ва кам сину солтар (кӯдакони зери 4-5 сол), ки бештар ба сурати тарс аз афроди бегона ва ҳайвоноти қавиҳайкал иттифоқ меафтад.

Тарс дар кӯдакони бузургтар (7-8 сол ба боло ), ки ба сурати тарс аз торикӣ, ғулу дев ва ҳайвонот ва садоҳои баланд.

Ба ин нукта бояд таваҷҷуҳ дошта бошем, ки баъзе аз тарсҳо табиӣ мебошад ва дар рушди табиии кӯдак иттифоқ меафтад ва бо бетаваҷҷуҳӣ аз байн меравад.

Вале баъзе аз вақҳо ин тарсҳои табиӣ табдил ба тарсҳои беморгуна мешаванд. Чӣ иттифоқе меафтад, ки ин ҳолат рух медиҳад?

Тақлид

Кӯдаке, ки дар хонаводае бузург мешавад ва шоҳиди ин аст, ки модар аз муш метарсад ва фарёд мекашад ва ё хоҳараш аз садои раъду барқ метарсад, қатъан ба ин фикр мекунад, ки ин мавқеъият як мавқеъияти хатарсоз аст ва ӯ ҳам ба тақлид аз дигарон метарсад.

Таҷрибаи қаблӣ

Кӯдак дар як фазои шод буда, масалан руи тоб буда ва замин хурдааст ва таҷрибаи нохушояндеро доштааст мумкин аст, ки аз ин васила битарсад.

Тасаввурот

Кӯдаке, ки ҳануз дар сунне аст, ки марзи байни воқеияту хаёлро наметавонад ташхис бидиҳад мумкин аст, ки бо он тасаввурот ва фикрҳояш як тасовире бисозад, ки хеле ҳам барояш тарснок аст. Масалан тасвири ғулу дев.

Ҷазои номатлуб

Кӯдаке, ки модар ё падараш ба хотири рафтори нохубе, ӯро дар як ҳаммом ё утоқи торик қарор медиҳанд қатъан аз фазои торик метарсад.

Дармони тарс чӣ гунааст?

Аввал аз ҳама вақте, ки кӯдак аз як чизе метарсад саъй кунед, ки эҳсосоташро фаҳмед, бо ӯ суҳбат кунед, масалан бигӯед: Ба назар мерасад, ки ту тарсидӣ, нороҳтӣ…!!! на тасбиташ кунед, на тақвияташ кунед ва на ба ӯ бигӯед, ки ин эҳсос, як эҳсоси ғалат аст. Аз ин гуфтаҳо истифода накунед: Ту калон шудаӣ, аз раъдубарқ набояд битарсӣ, бубин дӯстат аз саг наметарсад! Инҳо иштибоҳ аст ва ин маъноро медиҳад, ки эҳсосоти кӯдакро нодида мегиред.

Агар синни кӯдак бештару бузургтар аст аз ӯ бихоҳед, ки дар мавриди тарсе, ки дорад суҳбат кунад. Метавонед бо кашидани расм аз тарсҳо шуруъ кунед. Талош кунед зиёд бо ӯ суҳбат кунед ва худи ин ҳарф задан дар мавриди тарсҳо сабаб мешавад, ки изтироби он тарс ҳам коҳиш пайдо кунад.

Агар қарор аст кӯдак дар як фазое қарор бигирад, ки таҷрибаи тарснокеро дошта бошад, масалан бемор аст ва мехоҳад ба беморхона биравад, аз қабл ба ӯ тавзеҳ бидиҳед, ки ҳоло назди духтур меравем, сӯзандору мезанад, каме дард дорад, яъне воқеиятро ба ӯ тавзеҳ бидиҳем. Бинобар ин дар мавриди шароите, ки бано ҳаст қарор бигирад тавзеҳ медиҳем.

Рӯбарӯ кардан роҳи дигари дармон аст. Яъне кӯдаке, ки аз сагу гурба ва афроди бегона метарсад саъй кунед, ки оҳиста оҳиста ӯро бо он тарс рӯбарӯ кунед. Дар канори он муроқиби амн, ки одатан падару модар аст канораш бошанд ва хуб аст, ки пилла пилла бо тарс рӯбарӯ шавад. Канори модар ё падар ба саг наздик шавад ва навозиш кунад то он тарсаш аз байн биравад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.