Нақши дӯст дар зиндагӣ (қисми севвум)

156

Анвои дӯстон

Муснади Ибни Ҳанбал-ба нақл аз Маоз ибни Ҷабал-: Паёмбари Худо (с) фармуд: «Дар охирзамон мардуме хоҳанд омад, ки дар зоҳир бародарӣ мекунанд ва дар пинҳонӣ душманӣ».

Гуфта шуд: Эй Паёмбари Худо! Чунин чизе чӣ гуна аст?

Фармуд: «Ба хотири майл бархе аз онон ба бархеи дигар ва тарси бархе аз онон аз дигарӣ».

Имом Алӣ (а): Дӯстони ту се гурўҳанд ва душманони ту низ се гурӯҳ. Дӯстони ту иборатанд аз: дӯсти ту, дӯсти дӯсти ту ва душмани душмани ту. Ва душманони ту иборатанд аз: душмани ту, душмани дўсти ту ва дўсти душмани ту.

Имом Боқир (а): Марде дар Басра дар ҳузури Амири Мӯъминон (а) бапо хосту гуфт: Эй Амири Мӯъминон! Дар бораи бародарии имонӣ сӯҳбат кун.

Фармуд: «Бародарон ду дастаанд: бародарони мавриди эътимод ва бародарони зоҳирӣ. Бародарони мавриди эътимод (ба манзилаи) дасту бол ва хонаводаву сарват ҳастанд.[1] Агар мавриди эътимоди бародарат ҳастӣ, барояш аз ҷону мол моя бигузор ва бо ҳар касе, ки ӯ дӯст аст, дӯст бош ва бо ҳар касе, ки душман аст душман бош, айбу розҳояшро бипўшону хубиҳояшро ошкор кун. Бидон, эй пурсишгар! Чунин бародароне аз кибрийти аҳмар[2] ҳам ноёбтаранд.

Ва аммо дӯстони зоҳирӣ, пас (бидон, ки) ту лаззати худро аз онон мебарӣ. Пас онро аз онон мабур ва беш аз ин аз дарунашон махоҳ ва ҳар миқдор бо ту бо кушодарўию ширинзабонӣ бархӯрд карданд, ту низ чунон кун».

Имом Содиқ (а): Бародарон се дастаанд. Дастае аз онон монанди таоманд, ки ҳамеша ба он ниёз аст ва он хирадманд аст. Дастаи дуввум монанди беморию офат аст ва он нодон аст. Дастаи севвум монанди дору аст ва он ҳаким аст.

[1] Инҳо киноя аз ин ҳастанд, ки: чунин бародароне монанди дасту бол ва моли инсон ҳамеша дар ихтиёри ў ҳастанд ва аз ў мушкилкушоӣ мекунанд.

[2] Кибрити аҳмар бағоят ноёб аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.