Оростагии зоҳирии занон

103

Мурод аз оростагии зоҳири занон мураттаб, покиза ва ороста будани сару вазъ, либос, истеъмоли бӯи хуш ва монанди он аст. Чӣ ҳангоми ибодат ва дар маҳзари Худо бошад, ё дар муҳити хона ва ё дар арсаи иҷтимоъ, аз ҷумла муҳити кор.

Оростагии зоҳирӣ барои занон дар ҳар як аз арсаҳои ёдшуда, тобеи мавозин ва ҳудудест, ки дар шариат таъйин шудааст.

 

1 – Ороста будан ҳангоми ибодат

Ин навъ аз ороста будан барои занон супориш шудааст ва ояти шарифаи сураи Аъроф, ояти 31: “Эй фарзандони Одам, зинати худро ба ҳангоми рафтан ба масҷид, (бо худ) бардоред…” – шомили онон низ мешавад. Ҳудуди пӯшиш ва ҳиҷоби исломӣ дар ибодот ва аз ҷумла намоз, ки дур аз чашми номаҳрамон анҷом мешавад, монее надорад ва ҳатто мустаҳаб шумурда шудааст.

 

2 – Ороста будан дар муҳити хона

Дар бораи таҷаммул ва оростагии зан барои шавҳар таъкид ва супориш шудааст ва аз ҳуқуқи шаръӣ ва ахлоқии шавҳар ба шумор меравад. Имом Боқир(а) мефармоянд, занон ҳадди ақалли зевар – яъне ҳиноро – дошта бошанд:

“Барои зан сазовор нест – чӣ солхӯрда бошад ва чӣ ҷавон – ки бидуни зевар бошад ва дасташро берангу сода бигзорад, агар шуда, гарданбанде ба гардан овезад ва ҳиное ба даст бикашад.

Инчунин дар аҳодис ҳама гуна ороиш ва оростагии зан барои шавҳараш ҷоиз дониста шудааст: “Ҳар ороише, ки зан барои шавҳараш бикунад, монее надорад ва ҷоиз аст”.

 

3 – Ороста будан дар иҷтимоъ

Ҳузури зан дар ҷомеа ва муҳити кор, аз назари ислом ҳудуде дорад, ки бояд риоят шавад. Барои мисол, зан аз назари шаръи муқаддаси ислом, ҳақ надорад, бо ороиш дар иҷтимоъ ва маҳалли кор ҳузур ёбад.

Расули Акрам(с) фармудаанд: “Ҳар зане, ки худро хушбӯ ва муаттар созад ва аз хона берун равад, гирифтори лаън аст, то вақте ки ба хона баргардад”.

***

Хуб аст ва низ супориш шудааст, ки занон дар баробари ҳамсарони худ тамизу ороста ва бо ороиш бошанд, аммо ҳангоми ҳузури номаҳрам, – чӣ дар хона ва чӣ дар иҷтимоъ ё хиёбон – муваззаф ба риояти содагӣ ва дурӣ аз ороиш буда ва зинатро аз худ дур намоянд ва бояд онҳоро аз номаҳрам бипӯшонанд.

“Хонаводаи намуна”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.