Панҷ вазифаи зану шавҳар [бахши аввал]

186

Панҷ вазифаи зану шавҳар [бахши аввал]

Муқаддима
Зану шавҳар аз он рӯ ки бо ҳам дар дар як ҷой зиндагӣ мекунанд, вазифаҳое доранд, ки баъзе аз он вазифаҳо бар ӯҳдаи зан ё шавҳар аст ва баъзе аз он вазифаи онҳо, бар ӯҳдаи ҳардуи онҳо (зану шавҳар) аст. Ончи аз амал кардан ба вазифаҳои махсус ва муштарак барои ҳамсарон ҳосил мешавад, хонаводае аст, ки да он оромиш ёфт мешавад ва аҳли оила, ки дар он ҳастанд бо доштани оромиш, рушду пешравии худро ҳисс мекунанд.

Вазифаиҳои муштараки зану шавҳар

1. Эҳтиром ба ҳамдигар

Яке аз вазифаҳое ки зану мард доранд, эҳтиром ба ҳамдигар. Зане, ки ба тавоноии мард ва идораи ӯ дар хонавода эҳтиром гузорад, метавонад ширинии як зиндагии хубро бичашад. Аз он тараф агар зане ки барои марди худаш қудрату мудириятро бовар надошта бошад, ҳатман марди бепарво ё бадахлоқро доро мешавад, ки ё дар иртибот бо сахтиҳову мушкилоти хона бепарво ҳаст ё ҳаррӯз барои инки қудрат ва мудир будани худашро дар хона нигаҳдорӣ кунад, бадахлоқиву асабоният ва ҷанг бо ҳамсарро анҷом медиҳад.

Аз он тараф мард ҳам вазифа дорад, ки ба занаш эҳтиром гузорад. Марде, ки надонад зани ӯ дар хона як тарбияткунанда аст ва ӯ модари хона аст ва идораи (даруни хона) бар ӯҳдаи модар аст, наметавонад зане дошта бошад ки оромишбахш ва зебокунандаи хона бошад.

Баъзе аз равоншиносони оила бар ин ҳақиқат бовар доранд, ки яке аз сабабҳои вайрон шудани оилаҳо, ҳамин анҷом надодани вазифаҳо (аз тарафи зану мард) аст. Ба ҳамин сабаб онҳо сафориш мекунанд, зану мард мартаба ва вазифаи худро шиносанд ва худашон зиндагиро пеш баранд.

Фарқи хостгори хуб бо хостгори бад

Дар таълимоти Ислом низ ба баландтар будани мартабаи баъзе таъкид гардидааст, ки маънои он болотар будани мақоми баъзе бар дигарӣ аст. Яке аз ин мартабаҳо, мартабаи падару модар аст ва Ислом дар миёни зану шавҳар бештарин қувват ро ба шавҳар додааст.

Идома дорад………

Панҷ вазифаи зану шавҳар – қисмати дуввум

Панҷ вазифаи зану шавҳар – қисмати севвум

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.