Ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом ҷавони нерӯманд

104

Дар Қуръони карим дарбораи ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом чунин мехонем:

“Ҳангоме ки Мӯсо нерӯманд ва комил шуд, ҳикмат ва дониш а ӯ додем ва ингуна некӯкоронро ҷазо медиҳем”. Қасас 14.

Тибқи ин ояти Қуръон гӯё байни саломативу нерӯмандии ҷисмонӣ ва ёд гирифтани ҳикмату дониш як иртиботе вуҷуд дорад, ва шунида нашудааст ки ягон паёмбарон – ки шумораи онҳо дар ривоятҳои Исломӣ 124000 нафар зикр шудааст – заъиф ва ё ноқисул хилқа (баданаш камбуд дошта) бошад. Ба ҳамин ҷиҳат дар он ояти зикр шуда фармуд: “ҳангоме, Мӯсо нерӯманд ва комил шуд, ҳикмату дониш ба ӯ додем.

Дар идомаи ин достон мехонем, ки Мӯсо алайҳиссалом аз қасри Фиръавн – ки дар беруни шаҳр буд – берун омада ба шаҳр мерафт.

“Мӯсо алайҳиссалом дар вақте, ки аҳли шаҳр дар ғафлат буданд, вориди шаҳр шуд, ногаҳон ду мардро дид, ки ба ҷангу низоъ машғул ҳастанд, яке аз пайравонаш буд ва дигарӣ аз душманонаш. Он касе, ки пайраваш буд, аз ӯ дар баробари душманаш талаби кӯмак кард”. Қасас 15

Ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом дар инҷо, дар баробари зулм қудрат ва тавони хешро ба кор мегирад ва пайрави худашро кӯмак мекунад ва душманашро бо як мушт задан аз байн мебарад.

Пас аз ин рӯйдод ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом аз он шаҳр мегурезанд. Пиёда дар тӯли ҳашт рӯз ба шаҳри Мадян меравад. Вақте наздики шаҳри Мадян мерасад гурӯҳи чӯпононро мебенад, ки барои об додани гӯсфандони худ наздики чоҳ истодаанд ва дуртар аз онҳо ду зан ҳам истода аз гӯсфандони худро нигаҳдорӣ мекунанд ва ба чоҳ наздик намешаванд.

Ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом ба сӯи он духтарон рафта мепурсад:

Кори шумо чист? Чаро пеши чоҳ рафта гӯсфандони худро об намедиҳед?

Онҳо гуфтанд: Вақте он чӯпонҳо гӯсфандони худро об дода раванд, баъд мо гӯсфандони худро аз боқимондаи оби он чӯпонҳо об медиҳем (чун чоҳ як сатли калон дошт ва чанд нафар мард метавонистанд обро аз чоҳ бикашанд, барои ҳамин он ду зан наметонистанд худ аз чоҳ об бигиранд).

Ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом, бо инки ҳашт рӯз дар роҳ буданд ва хело хаста буданд, пеши чоҳ рафтанд, худ ба танҳоӣ аз чоҳ об кашиданду гӯсфандони он ду занро сероб карданд.Баъд аз сахтии хастагӣ ва гуруснагӣ дар зери сояи дарахт истироҳат карда аз Худованд талаби хайр намуданд. Ба назари бештари муфассирон он ҳазрат аз Худованд миқдори хӯрок дархост кард, ки барои қувват ва тавони баданӣ аст.

Дар ин ҳангом яке аз он занҳо омада ба ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом гуфт: падарам аз ту даъват мекунад то музди сероб кардани гӯсфандонро ба ту диҳад. Он ҳазрат пеши ҳазрати Шуъайб алайҳиссалом меравад ва достони худро нақл мекунад. Онгоҳ яке аз духтарони ҳазрати Шуъайб алайҳиссалом ба падар пешниҳод мекунад, ки Мӯсо алайҳиссаломро барои кор бигирад (киро кунад) ва дар идома далели ин сухаро чунин баён мекунад:

“Ҳамоно (ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом) беҳтарин касе аст, ки киро мекунӣ, касе ки қавӣ ва амин аст”. Қасас 25

Дар ин достон қавӣ ва нерӯманд буданяк навъ бартарӣ ва имтиёз барои ҳазрати Мӯсо алайҳиссалом ба ҳисоб омада. Албатта он қавӣ будан ки бо амин будан ҳамроҳ бошад.

Нуктаи муҳимми дигар ин, ки ба таври маъмулӣ, инсони қавӣ ва нерӯманд беҳтар метавонад амонатдорӣ кунад ва “қавӣ будан” бо “амин будан” бо ҳам иртибот дорад. Аз ин рӯ Қуръони карим калимаи “қавӣ” – ро бо “амин” дар якҷо бо ҳам гуфтааст.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.