Чӣ гуна китобхон шавем?

104

Чӣ гуна ба мутолиа одат кунем?

Барои шурӯи мутолиаи рӯзона чӣ китобе муносибтар аст?

Чӣ гуна як китобро бихонам ва аслан чӣ тавр як китобхон шавам?

Пурсишҳое, ки зеҳни ҳар фард дар шурӯи фароянди одат ба мутолиа бо он рӯбарӯ мешавад.

Аҳамияти китоб ва китобхонӣ бар касе пӯшда нест. Дар фарҳанг ва тамаддуни исломӣ китоб ҷойгоҳи хоссе дорад ва ҳамвора ба он инояти хос шудааст.

Ислом мӯъҷизааш китоб аст ва нахустин паёми он, амр ба хондан аст. Дар ривоёт низ ба асли ҳадя додани китоб, ба манзури афзоиши муҳаббат бисёр таъкид ва супориш шудааст, ба ҳамин манзур дар ин матлаб саъй шудааст, ба ихтисор ба панҷ роҳкор дар мавриди наҳваи китобхонӣ пардохта шавад.

Қадами аввал: дӯст доштан

Нахустин пешниҳоди мо ин аст: агар китоберо дӯст надоред, нахонед. Нахустин қадам барои китобхон шудан, дӯст доштан аст.

Зиндагӣ он қадар ҳам тӯлонӣ нест, ки мо бо дӯстнадоштаҳоямон онро сипарӣ кунем. Пас дар китобхонӣ ҳам таваҷҷӯҳ кунед, китоберо инихоб кунед, ки дӯсташ медоред ва аз хондани он лаззат мебаред.

Агар мехоҳед як китобхони ҳирфаӣ шавед, нахуст китобро пеши чашм қарор диҳед ва бинед, оё аз хондани ин китоб лаззат мебаред ё на? Метавонед бахши кӯтоҳе аз китоби баргузидаи худро ҳам бихонед.

Агар иртибот барқарор кардед, он китобро барои мутолиа интихоб кунед.

Бо китоб ҳамроҳ шавем

Яке аз роҳҳои тарвиҷи китобхонӣ дар дастрас будани он аст. Дар миёни даргириҳо ва машғалаҳои рӯзона замонҳои бисёре вуҷуд дорад, ки метавон аз он ба унвони фурсате барои китобхонӣ баҳра бурд.

Дар замонҳое, ки ба китоб дастрасӣ дошта бошем, беҳтарин замон барои китобхонӣ аст ва ин замонҳо метавонад замонҳои интизорӣ монанди интизори австобус, саффи мағоза ё нонвоӣ ва… бошад. Агар одаме нестед, ки ба содагӣ китоб ба дастатон гиред ва бихонед, дар марҳалаи аввал ҳамеша як китоб ҳамроҳи худ дошта бошед ва ҳар куҷо, ки меравед бо худ бибаред.

Метавонед аз китобҳои камҳаҷм истифода кунед. Агар ҳам алоқае ба ҳамли китоб надоред, истифода аз китобхонаи электроникиро пешниҳод мекунем.

Таъини замони китобхонӣ

Шумо чӣ соате дар рӯз хӯрок мехӯред? Посух ба ин суол барои шумо сода аст, чун шумо замонҳои мушаххасеро барои сарфи таом таъин кардаед.

Ин мавзӯъро дар ҳавзаи китобхонӣ низ бояд дунбол кунед. Замонҳои мушаххасеро барои китобхонӣ таъин кунед. Ба таври мисол, пеш аз хобидан, замони муносибе барои китобхонӣ аст. Ин як роҳи олӣ барои поён додан ба рӯз аст ва роҳи муассир барои оромиши қабл аз хоб.

Шумо метавонед ин замонро барои барои китобхонӣ интихоб кунед. Агар шумо як мӯҳлати таъиншуда барои итмоми китоб дошта бошед, метавонед мутмаин бошед, ки замони лозим барои хондани он китобро ҳам дар байни шабу рӯзҳоятон пайдо мекунед.

Аз китобхонӣ лаззат баред

Чаро аз китобхонӣ лаззат намебарем? Ин пурсишест, ки теъдоде аз афрод матраҳ мекунанд. Яке аз далоили адами лаззати китобхонӣ, набуди макони муносиб барои китобхонӣ аст.

Шумо метавонед барои хондани китоб ба китобхона равед. Шояд муддатҳост ба китобхона нарафтаед, аммо беҳтар аст, муҷаддадан саре ба китобхона бизанед.

Имрӯза китохонаҳо нисбат ба қабл фазои беҳтаре доранд. Фазои бисёр муносиб барои китобхонӣ.

Наҳваи китоб хондан ҳам метавонад дар мизони лаззати китобхонӣ таъсиргузор бошад. Диққат кунед, лаҳн, оҳанги баён  ва ҳолати чеҳраатонро бо матн ҳамоҳанг кунед.

Иштирокгузории китоб

Дӯстони китобхон барои худ пайдо кунед. Як асл байни китобхонҳои ҳирфаӣ роиҷ аст: одамҳое, ки ошиқи китоб ҳастанд, саъй мекунанд бо одамҳои ошиқи китоб муттасил шаванд.

Дӯстони китобхон китобҳои пешниҳодии бисёре доранд, ҳатто шумо метавонед китобҳоятонро бо онҳо ба иштирок гузоред.

Китоб қарз диҳед ва китоб қарз бигиред. Вақте робитаи наздик бо чунин касоне пайдо мекунед, майли шумо ҳам ба хондан ҳам афзоиш пайдо мекунад. Аслан метавонед дар як шабакаи иҷтмоӣ таҷрубиёти худро аз як китоб бо дӯстони худ ба иштирок гузоред ва дар мавриди китобе, ки хонадед, дар фазои маҷозӣ бо дӯстонатон сӯҳбат кунед.

“Хонаводаи намуна”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.