Чаро занҳо бештар мехобанд?

49

Баррасиҳо нишон медиҳад мағз (майна)и пуркори занон барои бозёбии тавоноиҳояш ба замони бештаре барои хоб ниёз дорад.

Бинобарин шумо ба унвони як зани ҳақ доред ки замони хобатон бештар аз дигар аъзои хонавода бошад.

Ба ақидаи пажуҳишгарон мағзи занон ҳамакора аст ва ин қобилият онҳоро серхоб мекунад.Занон чун мағзашон амалкарди бештаре дорад бештар эҳсоси хастагӣ ва беҳолӣ мекунанд.

Баррасиҳо нишон медиҳад мағзи пуркори занон барои бозёбии тавоноиҳояш ба замони бештаре барои хоб ниёз дорад ва аз назари муҳаққиқон заноне, ки камхобанд ва ё фурсати кофӣ барои истироҳат кардан надоранд бештар эҳтимоли афсурдагӣ дар онҳо вуҷуд дорад.

Натиҷаҳои мутолеот нишон медиҳанд камбуди хоб дар занон муҷиби эҷоди бемориҳои қалбӣ ва сактаи мағзӣ(инсулт) мешавад ва мағзи занон пас аз истироҳат ба мизони 60 дарсад бештар аз замони беҳолӣ ва беҳавсалаги коршоямӣ дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.