6 Роҳи мутанаввеъ барои бо хонавода будан

191

Дунёи пурмашғалаи имрӯз дур монданҳои зиёдеро байни аъзои хонаводаҳо эҷод кардааст. Онҳо камтар фурсати бо якдигар буданро пайдо мекунанд; Як нафар дар ошпазхона, як нафар дар утоқи хоб, як нафар дар ҳоли дарсхондан ва як нафар ҳам дар ҳоли чек кардани шабакаҳои иҷтимоӣ (интернет) аст. Аммо равишҳои соддае барои лаззат бурдан аз гирдиҳам буданҳои хонаводагӣ вуҷуд дорад, ки мо ба онҳо ишора хоҳем кард.

Агар дар тӯли рӯз танҳо 2-3 соат дар канори аъзои хонаводаи худ ҳастед ва ё танҳо дар охири ҳафтаҳо маҷоле барои боҳам будан пайдо мекунед, бояд барои ҳамон замони андак барномарезӣ дошта бошед то аз ҳузур дар ҷамъи хонаводагӣ ниҳояти лаззатро бибаред. Ҳар хонавода алоқамандиҳои хосси худро дорад, аммо мо бо риояти эҳтиром ба салиқаи онҳо, барномаҳоеро дар назар гирифтаем то бо иҷрои онҳо хотироти хушеро аз давриҳам буданҳои хонаводагӣ барои худ рақам бизанед.

Ғизо хурдан бо хонавода

Ғизо хӯрдан дар канори ҳамдигар мутаассифона дар баъзе аз хонаводаҳо мавриди ғафлат қарор мегирад. Ин амр натанҳо боиси шодӣ ва нишот дар хонавода мешавад балки метавонад таъсироти фавқулодае дар кӯдакон ва навҷавонон дошта бошад; Муҳаққиқон дарёфтаанд, ки ғизои шом хӯрдан дар ҷамъи хонаводагӣ боиси саломати равонӣ, боло бурдани эътимод ба нафс, инъитофпазирӣ, аз байн бурдани афсурдагӣ, пешрафт ва қавӣ кардани равобити байни волид ва фарзанд мешавад.(1) Агар дар тӯли ҳафта ба иллати соатҳои корӣ ва барномаҳои мухталиф фурсат намекунед як ваъда ғизоеро канори ҳам бошед, рӯзҳоеро дар ҳафта муаян кунед ба сурати навбатӣ ё дастаҷамъӣ онро таҳия ва канори ҳам майл кунед.

Лаззати бозии хонаводагӣ

Агар аҳли бозӣ ҳастед бо дар назар гирифтани сину рӯҳияи аъзои хонаводаатон як лист аз бозиҳое, ки метавонед гурӯҳӣ дар хона бо ҳам анҷом диҳедро таҳия кунед ва дар сооте аз шабонарӯз, ки фурсатро муносиб дидед ба бозӣ бипардозед; Мушоира, менч, ҳалли ҷадвал, ва ғ. Бозиҳои гурӯҳии хонаводагӣ беш аз онки шуморо вориди фазои рақобатӣ кунад, ҳамдилиро бештар ва ба якдигар наздикатон мекунад.

Амалиёти муштарак зидди беназмӣ

Назофати хона ба танҳоӣ дар саломати рӯҳ ва равон таъсиргузор аст; Пажӯҳишгарон тибқи як таҳқиқи илмӣ дар донишгоҳи Малмёи Шветсия ба ин натиҷа расиданд, ки дар муҳити номураттаб афрод дучори афсурдагӣ ва беҳавсалагӣ мешаванд ва тамоюле надоранд, ки баъд аз поёни соати корӣ ба маҳалли зиндагии худ баргарданд, чинобарин рӯзона 20 дақиқа назофати хона ё назофати маҳалли кор, саломати рӯҳ ва равонро тазмин мекунад.(2) Ҳар як аз аъзои хонавода баъд аз як рӯзи корӣ ва таҳсилӣ вақте ба хона бозмегарданд тарҷеҳ медиҳанд дар як муҳити тоза ва мураттаб истироҳат кунанд ва интизор доранд як нафар аз қабл ҳамачизро барои онҳо муҳайё карда бошад. Бинобар замонҳои бекоре, ки доред, як рӯз дар ҳафта ё моҳ хонатаконии дастаҷамъӣ ва тағйири чидамонро таҷриба кунед. Гарчи ин боҳам будан хастагӣ ба думбол дорад аммо худи он метавонад боиси наздиктар шудани назароти шумо ба якдигар шавад.

Гардиш як тафреҳи камхарҷ

Дар тӯли ҳафта ҳадди ақал як рӯзро ба гардиш ихтисос диҳед. Ҳатман лозим нест ба як рестарани муҷаллал ва гаронқимат биравед то ба шумо хуш бигузарад балки ҳар ғизоеро, ки қарор аст дар хона майл кунедро омода ва ба дили табиат биравед.

Ҳар фасле зебоиаҳои хосси худашро дорад; Дар фасли тобистон кӯҳнавардӣ ва рафтан ба парк ва дар фасли замистон тамошои барф лаззатбахш хоҳад буд.

Канори ҳам филм бибинед ва бо ҳам гуфтугӯ кунед

Мумкин аст барои бархе аз хонаводаҳо ҳарф задан дар иртибот бо мавзӯи як китоб, маҷалла, мақола, ё мавзӯи рӯзи ҷомеа ва… ҷаззоб бошад. Метавонед як матлаб, ки муносиби ҳамаи аъзои хонавода астро канори ҳам бихонед ва ба баҳс дар бораи он бипардозед. Бархе дигар тамоюли бештаре ба дидани анвои филм ва серялҳо доранд, тамошои як филм ва баҳс дар бораи раванди он метавонад як давриҳамиро барои шумо рақам бизанад.

Тамошои барномаҳои кӯдак бо аъзои кам сину сол, натанҳо шуморо ба ёди даврони кӯдакиатон меандозад балки фарзандони кӯчаки хона ҳам метавонанд бо лаззати бештаре ба тамошои он барнома бипардозанд ва аз ҳузур дар канори хонавода лаззат бибаранд.

Хонаи модаркалонҳоро фаромӯш накунед

Дар атрофатон одамҳои арзишманде ҳастанд, ки аз танҳоӣ хаста шудаанд ва чашм ба роҳ ҳастанд ба хонаашон биравед ва дилашонро шод кунед. Рафтан ба хонаи бобокалон ва модаркалонро аз даст надиҳед. Метавонед як рӯз дар ҳафтаро  барномарезӣ кунед ва ҳамроҳи хонавода ва ҳатто бо ҳамоҳангии дигар наздикон ба хонаи модаркалонҳо биравед.

Дар зоҳир иҷрои ҳар як барнома содда ба назар бирасад аммо дар иҷроӣ кардани он баҳонаҳои зиёде сарироҳи шумо қарор мегирад бо чунин барномарезиҳои соддае равобити хонаводагиро гармтар, самимитар ва шодтар кунед. Охир ҳамин ҳафта фурсати хубе барои тамрин кардан аст.

 

1-тарҷума шуда аз мақолаи “Why Families Should Eat Dinner Together”, ки дар сайт “Activekids” мунташиршудааст.

2- “Назофати манзил ва таъсироти он бар ҷисм ва рӯҳи инсон” мунташиршуда дар сайти клиникс.

 

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.