Вазифаи иқтисодии шавҳар

144

Вазифаи иқтисодии шавҳар

Таълим ва тарбият ҳамсар

Паёмбари акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) мефармоянд: «ба занон бофандагӣ ва сураи нурро биёмӯзед».

Ва дар ҷойи дигар мефармоянд: «пеш аз онки занон (ҳамсарон) ба зиштӣ фармонатон диҳанд, шумо ононро ба кори нек насиҳат кунед».

Ва дар робита бо равиши таълим ва тарбият, имом Алӣ(алайҳиссалом) мефармоянд: «гуноҳкорро бо хуш рафториат ислоҳ кун ва бо хуш гуфториат ба роҳи хайр роҳнамоӣ кун».

Ва дар ҷойи дигар ҳазрат мефармоянд: «кайфари хирадмандон ишора гӯӣ ва кайфари нодонон сароҳатгӯӣ аст».

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати дуввум

Ҳадя ва савғоти сафар

Паёмбари бузурги Ислом(с) мефармоянд: «ҳаргоҳ марде ба сафар равад, ҳангоме, ки назди хонаводааш меояд, бояд (ба андозае, ки тавоноӣ дорад) ҳадя ва чизи тоза ва матбуъе барои онҳо биоварад.

Таовун ва ҳамкорӣ дар умури хонавода

Имом Боқир(алайҳиссалом) мефармоянд: «ҳазрати Фотима(саломуллоҳ алайҳо) корҳои манзилро бо ҳазрати Алӣ(алайҳиссалом) ингуна тақсим кард, ки: хамир кардани орд, нон пухтан, тоза кардан ва ҷоруб задани хона, ба ӯҳдаи Фотима(саломуллоҳи алайҳо) бошад ва корҳои беруни манзил аз қабили, ҷамъоварии ҳезум ва таҳияи маводи аввалия ғизоӣ ва…ро Али(алайҳиссалом) анҷом диҳад».

Паймони заношӯӣ

Имом Содиқ(алайҳиссалом) мефармоянд: «ин тақсими кор бо раҳнамуди расули Худо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) анҷом гирифт. Онгоҳ, ки расул Худо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) фармуд: корҳои дохили манзилро Фотима(саломуллоҳи алайҳо) ва корҳои беруни манзилро Али(алайҳиссалом) анҷом диҳад».

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.