Идора кардани замон [қисмати аввал]

89

Идора кардани замон – [қисмати аввал]

Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ ки фиристодаи Худои таъоло барои роҳнамоии мо ҳастанд чунин роҳнамои мекунанд ки замонатонро тақсимбанди кунед ва кушиш кунед ки замонатон 4 қисмат дошта бошад.

 

Қисмати аввал:

Қисмати аввалро ҷудо кунед барои муноҷот ва иртибот бо Худои худ.

Яъне вақт ҷудо кунед барои намозатон. Намозатонро сари вақташ хонед. Намоз, намоз ва боз намоз. Дар дунё ҳеҷ чиз ба андозаи намоз муҳим нест. Худованди мутаол дар сураи Фурқон ояти 77 мефармояд

“(эй Паёмбари мо ба мардум) бигӯ шумо пеши Худо қадру қимате надоред агар дуо ва ибодат надошта бошед.”

Дар сураи Бақара ояти 152 мефармояд:

“ шумо маро ёд кунед, ман ҳам шуморо ёд мекунам”

Ба ҷойи ин, ки соатҳо пеши телевизор ба тамошои филмҳои бефоида ва бозиҳои бефоида менишинем ва соатҳо бо дустон ба сӯҳбатҳои бафоидаву бефоида машғул ҳастем, вақтҳои худро барои муноҷот, дуо, ибодати Парвардигор ихтисос диҳем, то зиндагии охирати мо обод шавад.

Тормуз дошта бошем

Қисмати дуввум: таъмини рузғор

Инсон барои ин ки дар дунё зиндаги кунад бояд хурдани дошта бошад, пушидани дошта бошад, сарпаноҳе  ва манзиле дошта бошад ва барои таъмини ин бояд кор кунад ва барои ин бояд вақт ҷудо кунад. Худованд инсони танбали бекорро бад мебинад. Таъмини рузғор хусусан барои мардон фарз аст.  Ин ҳам ибодат аст, агар дар корҳояш гуфтаҳои Худовандро дар назар дошта бошад. Яъне бояд бидонад ки кадом корҳо ҳалол аст ва кадом ҳаром аст. Кушиш кунем ки дар зиндагимон луқмаи ҳаром надарояд, зеро луқмаи ҳаром заҳре аст ки дили одамиро мемиронад. Ҷасад ҷасади инсон мешаваду қалб, қалби ҳайвон мешавад. Ин ҳайвонот ҳаст ки ҳар чи ёфтанд мехуранд. Аммо инсон пеш аз чизеро хурдан ё истифода кардан аввал нигоҳ мекунад ки оё ин барои ӯ ҳалол аст ё не?

Идома дорад……

Идора кардани замон – [қисмати дуввум]

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.