Исору гузашт дар зиндагӣ

77

Исору гузашт дар зиндагӣ

Исор ва аз худ гузаштагӣ, яке аз муҳиммтарин авомили истеҳкоми равобит ва муҳаббати миён аъзоъи як ҷамъият аст.

Намунаҳои исор ва гузашт дар зиндагии ҳар инсон нишонгари бузурги рӯҳ ва баланҳо ҳиммати ӯст, аз ин намунаҳо дар зиндагии Амирулмуъминин (алайҳиссалом) ва Фотимаи Заҳро(с) фаровон дида мешавад. Ба ин намуна зебо таваҷҷуҳ фармоед:

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати аввал

Паёмбари акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ), Алӣ (алайҳиссалом) ва Фотима (саломуллоҳ алайҳо) ро мушоҳида намуд, ки машғули кор ҳастанд. Аз онҳо пурсид:

Кадом як хастатар ҳастед?

Амирулмуъминин (алайҳиссалом) посух дод:

Фотима!

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) дар ҷойи Фотима (саломуллоҳи алайҳо) нишаст ва кори ӯро анҷом дод.

Аз ҷумла нукоте, ки дар ин гузориши кӯтоҳ қобили таваҷҷуҳ аст, яке ҳамкории Алӣ (алайҳиссалом) бо Фотима (саломуллоҳ алайҳо) дар умури хона ва дигари наҳваи пурсиш аст, ки паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) намуданд ва мустақим хитоб ба духтар хеш нанамуданд, ки мехоҳам ба ту кумак намоям.

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати дуввум

Аз тарафи дигар Алӣ (алайҳиссалом) бо ҳамин посухи кӯтоҳ, утуфат ва меҳрубонӣ ба ҳамсарашро нишон медиҳад ва ин метавонад дарси бузурге барои ҳамаи хонаводаҳо бошад, ки дар равобити ҳамсарӣ, аз худ гузаштагӣ як асл аст ва бояд бо масоили зиндагии худ ва дигарон бо зарофат ва меҳрубони бархурд кард. Бояд ба хона Амирулмуъминин (алайҳиссалом) ва Фотима (саломуллоҳ алайҳо) нигарист, ки хонаи меҳр ва исор аст.

Равшан аст онгоҳ, ки рӯҳи кӯмак дар муҳити маҳдуди хона авҷ гирифт инсон, гузашт ва фидокориро пешаи худ намуд дар ҷомеа низ бо ҳама густардагиаш асар мегузорд, бинобарин муҳити зиндагии шахсӣ, заминае барои рушди макорими ахлоқӣ ва омода шудан барои ҳузури муфид дар ҷомеа мебошад.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.