Орзу

101

Орзу

Башар бо орзуҳояш зинда аст. Ҳамаи мо дар зиндагӣ орзуҳое дорем, ки дӯст дорем зудтар ба онҳо бирасем. Орзу намудан аз ҷумла масоилест, ки моро аз соири мавҷудот мутамоиз месозад.

Ба гуфтаи ҳакиме, орзу далел бар истеъдоди одамист. Ва ҳар касе ҳар орзуе дошта бошад, ҳатман ба орзуяш мерасад! Вагарна орзу намекард. Касе, ки истеъдоди чизеро дорад орзу мекунад, вагарна ба хотираш ҳам намеояд, ки орзу кунад. Бовар дошта бошед, ҳар кас ҳар орзу кард, бароварда мешавад. Аслан орзу санади ҳаққонияти мост. Мавлоно мегӯяд:

Ин талаб дар ту, гаравгони Худост,

З-он ки ҳар толиб ба матлубе сазост.

Сабабҳои таъсиргузор дар тарбият кӯдак

Орзу нақши бисёр муҳимме дар ҳаракати чархҳои зиндагӣ ва пешрафт дар ҷанбаҳои моддӣ ва маънавии башар дорад. Орзу раҳмати Худост, чунон ки дар ҳадисе Паёмбар Акрам(с) фармудаанд: “Умед ва орзу барои уммати ман раҳмат аст ва агар умеду орзу набуд, ҳеч модаре фарзандашро шир намедод ва ҳеч боғбоне ниҳоле намекошт”. (Биҳор, ҷ.7, саҳ.173).

Бидуни шак умеду орзу омили ҳаракат дар зиндагии инсон аст, ки ҳатто агар як рӯз аз дилҳои мардуми ҷаҳон бардошта шавад, низоми зиндагӣ ба ҳам мерезад ва камтар касе далеле бар фаъолият ва талош ва ҷунбуҷӯш пайдо мекунад.

Орзуҳои инсон дар ҷиҳатгирии саҳеҳ ё ғалати зиндагии ӯ нақш дорад, зеро ҳамаи ҳиммати инсон дар зиндагӣ сарфи расидан ба орзуҳояш мешавад.

Бусидани дасти ҳамсар

Агар орзуҳояш мусбату созанда ва дар ҷиҳати рушду таолии фард ва ҷомеа бошад, инсон неъматҳо ва имконоти зоҳирию ботинии вуҷудашро дар ҷиҳати муфид ва мусбат ба кор хоҳад гирифт ва агар инсон даргири орзуҳои пуч ва беарзиш шавад, ҳамаи зиндагиашро барои ҳадафи беарзиш фонӣ хоҳад кард. Монанди кишоварзе, ки беҳтарин базрро дар бадтарин замин мекорад. Ба ҳамин далел орзуҳои козиб ва дуру дароз аз разоили ахлоқӣ шинохта шудааст.

Пас мувозиби орзуҳоямон бошем ва орзуҳои мусбату созандаамонро афзоиш диҳем, то кӯмаке бошад ҷиҳати пешрафтҳоямон дар зиндагӣ ва фаромӯш накунем, ки орзу лозимаи идомаи ҳаёт аст.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.