Роҳкорҳои содда барои ҳалли мушкилоти зиндагии муштарак

46

Роҳкорҳои содда барои ҳалли мушкилоти зиндагии муштарак

Бештари мушкилот ва масоиле, ки дар ағлаби зиндагиҳои муштарак ба чашм мехӯранд ба хотири адами дарки саҳеҳи ду тараф аз якдигар ва доман задан ба ин камбудӣ аст. Аз ин рӯ лозим аст ба баррасии роҳкорҳое пардохта шавад, ки дар айни корбурдӣ будан, битавонад дарсади болое аз намунаҳои дар назар гирифта шударо низ пӯшиш диҳад.

Издивоҷ ва пешбурди солими як зиндагии муштарак ниёзманди огоҳӣ ва риояти фоктурҳои гуногуне буда, ки мумкин аст ҳар завҷе аз онҳо иттилои кофӣ надошта бошад. Ағлаб завҷҳое, ки ба равоншиносони бахши хонавода муроҷиа мекунанд таҷрибае аз мароҳили ноумедӣ ва аз миён рафтани равобити худро буруз медиҳанд, ки ингуна авоқиб ба содагӣ ва танҳо бо огоҳӣ ёфтан ба нукоти зарурӣ, қобили пешгирӣ хоҳад буд. Бештари мушкилот ва масоиле, ки дар ағлаби зиндагиҳои муштарак ба чашм мехӯранд, ба хотири адами дарки саҳеҳи ду тараф аз якдигар ва доман задан ба ин камбудӣ аст.

Чӣ гуна шавҳари хубе барои ҳамсарамон бошем?

Аз ин рӯ лозим аст ба баррасии роҳкорҳое пардохта шавад, ки дар айни корбурдӣ будан, битавонад дарсади болое аз намунаҳои дар назар доштаро низ пӯшиш диҳад. Дар идомаи ин матлаб ба ироаи равишҳои муассир бо такя ба таҳқиқоти ба амаломада мепардозем. Албатта ин роҳкорҳо танҳо барои касоне, ки таҷрибаи зиндагии муштаракро доштаанд муфид нахоҳад буд балки соири афрод низ метавонанд бо огоҳӣ ёфтан ба он таҷрибаи солимтареро дар ояндаи худ рақам бизананд.

Роҳкори нахуст; таҳияи феҳристе аз мушкилот

Феҳристи воқеъбинона, содиқона ва комил аз масоиле, ки дар он иттифоқи назар надошта ва ё ҳатто ихтилоф доред таҳия кунед. Ин роҳкор бештар дар мавориде ҷавобгӯ аст, ки аз дар миён гузоштани он бо ҳамсари худ ба ҳар далеле тарс доред чаро, ки эҳтимоли мушоҷира ва ихтилофи бештарро медиҳед. Анҷоми ин фаъолият зимни эҷоди оромиши дарунӣ сабаби ёфтани роҳи ҳалҳои муносибтаре низ мешавад. Ба василаи ин равиш ҳатто метавонед худбоварии худро афзоиш диҳед зеро танҳо пас аз муддати кӯтоҳ, бидуни бурузи ҳошия хоҳед тавонист роҳи ҳалҳои масоилро дарёбед ва як равиши муваффақиятомезро таҷриба кунед. Роҳи ҳалҳои пешниҳодии худ ва ҳамсаратонро ҷудогона ёддошт карда ва рӯи онҳо тафаккур кунед. Дар канори ин амал ҳатто ба навъи дидгоҳи фард муқобил ва хостаҳои вай низ пай бурда мешавад. Метавонед бо як тир ду нишон бизанед!

Роҳкори дувум; шурӯъе аз дарун

Беҳтарин коре, ки метавон барои дарки тарафи муқобил анҷом дод, ин аст, ки худатонро ба ҷои ӯ бигузоред. Ҳеҷ фарде аз шунидани иштибоҳот ва камбудиҳояш хушнуд намешавад, агарчи мумкин аст ҳақ бо ҳамсаратон набошад аммо истифода аз ин равиш сабаб мешавад то роҳаттар битавон бо шароити мавҷуд иртибот барқарор кард, ба думболи он бархурди муносибтар низ аз ҷониби вай дарёфт хоҳад шуд. Барои тағйир бояд ҳамвора аз дарун оғоз кард. То замоне, ки одатҳои ғалати худро ислоҳ накарда бошед наметавон интизори тағйир ва беҳбудро аз тарафи муқобил хостор буд. Издивоҷе пешрафт мекунад, ки бо вуҷуди тамомии масоил ва мушкилот, ҳар ду фард ба даруни худ таваҷҷуҳ дошта бошанд.

Тафриҳоти солим кадоманд?

Роҳкор севум; наҳваи баён

Яке аз соддатарин аммо дар айни ҳол муассиртарин равишҳое, ки ба василаи он метавон аз эҷоди як мушоҷираи бузург ҷилавгирӣ кард, ёдгирии наҳваи баён аст. Бори мафҳумие, ки калимаҳо ва ба думболи онҳо, ҷумлаҳо ҳамл мекунанд бисёр аҳамият дорад. Иборатҳое таҳти унвони иборатҳои тиллоӣ вуҷуд доранд, ки истифода аз онҳо ба вижа ҳангоми бурузи ихтилофи назарҳое, ки ба соддагӣ рафъ намешванд, тавсия мешавад. Аз ин рӯ ба чанд намуна аз ин даста иборатҳои корбурдӣ ишора мекунем.

+ ман эҳсос … мекунам. (беҳтар аст иборат танҳо ба василаи як калимаи содда ва аммо комил барои расондани ҳолати рӯҳӣ комил шавад)

+ нигарони ман … аст.

+ алоқа дорам … рух бидиҳд. Ҳеҷгоҳ сохтори ин ҷумларо бо иборати “мал дорам ту …ро анҷом бидиҳӣ” иваз накунед. Ҷумлаҳои дастурӣ ағлаб натоиҷи муфиде ба думбол надоранд, танҳо бо тағйири содда дар наҳваи истифода ва чиниши калимаҳо метавон тағйири бузургро шоҳид буд.

+ назарат дар бораи мавзӯи … чист? Чӣ роҳи ҳаллеро беҳтар медонӣ? Эҳтиром ба назари фарди муқобил.

Ин иборатҳо агарчи мумкин аст бисёр пеши по афтода ба назар бирасанд аммо бештари вақтҳо истифода намешванд ва ҷои худро ба ҷумлаҳои дастурӣ ва хилофи мавориди гуфташуда медиҳанд. Мумкин аст истифода аз инҳо барои аввалин бор ва ҳангоми бурузи мушкилот каме душвор бошад аммо бо тамрини пай дар пай табдил ба бахше аз рафтори шумо мешаванд, ки ин иттифоқ як маҳорат маҳсуб хоҳад шуд.

Сабабҳои таъсиргузор дар тарбият кӯдак

Роҳкор чаҳорум; мушорикат

Мутаассифона мавриде, ки ағлаб камбудӣ ва заъфи онро метавон ба вузӯҳ дар равобити завҷайн мушоҳида кард, баҳси адами мушорикати дутарафа аст. Дар ҳақиқат пешгирии роҳи ҳале, ки ҳар ду тараф дар он мушорикат надошта ва ризояти нисбӣ аз он низ надошта бошанд, бештари вақтҳо бо шикаст рӯ ба рӯ мешавад. Нигарониҳои худро иброз карда, дар мавриди онҳо сӯҳбат кунед, ба сӯҳбатҳои тарафи муқобил низ таваҷҷуҳ карда ва бо мушорикати якдигар равишеро интихоб кунед, ки нигарониҳои ҳар ду тарафро пӯшиш диҳад. Ин корро дар мавриди роҳкори нахуст анҷом диҳед. Пас аз муддате тамрин аз роҳи ҳалҳое, ки кашф мекунед ҳайратзада хоҳед шуд. Таваҷҷуҳ ба хостаҳои якдигар шурӯъи кор хоҳад буд.

Ҳеҷ мошинеро бидуни шинохти қитъаҳои он ва наҳваи истифода наметавон ба ҳаракат даровард. Равобити завҷайн низ ҳамонанди мошин аст, ки истифодаи дурусту муфид аз он вобаста ба омӯзишҳои қаблӣ хоҳад буд. Фарогирии роҳкорҳои ироашуда ва ҳамчунин мутолиаи бештар дар ин бора метавонад ба соддагӣ аз бурузи ихтилофоти бузург ҷилавгирӣ кунад.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.