Тафриҳоти солим кадоманд?

88

1111Донишмандони бузург ва равоншиносон, барои ирзои ғариза тафриҳот ниҳояти аҳмиятро қоил шуда ва ёдовариҳои судманд кардаанд. Оини поки Исломҳам, рушанбинона, ба ин мавзӯъ нигоҳ карда ва мардумро ба сӯи тафриҳоти солим раҳбарӣ кардааст ва аз тафриҳот ва саргармиҳои хатарнок боздоштааст.

  Дар инҷо ба баёни баъзе аз ин роҳнамоиҳои муфид мепардозем ва пешопеш ба насли ҷавон супориш мекунем. Талош бикунанд васоили тафриҳро аз навъе интихоб кунанд, ки сабаби рушд ва пешрафти рӯҳӣ ва маънавии онон бошад ва ба бузургони онҳо низ ёдовар мешавем: васоиле ки сабаби ақибмондагии фикри онҳо мешавадро дар ихтиёри онҳо нагузоранд, зеро сабаби ақибмондагии фикр ва ақл мегардад. Агар шумо одат кунед худро бо тафриҳот ва саргармиҳои ғайри табиие, ки эҳтиёҷе ба кор андохтани қудрати баданӣ ва ҷисмии шумо надорад, машғул созед, натиҷааш ин хоҳад шуд, ки рафта рафта завқ ва қувваи фикрии шумо заиф шуда ва аз байн меравад.

Мутолиа ва рушди фикрӣ

  Мутолиа ва китобхондан аз тафриҳоте аст, ки дар рушди фикрӣ ва рӯҳии мардум таъсири зиёде дорад ва агар бо завқ ва иштиёқ ҳамроҳ бошад, лаззатбахш ва нишотангез аст. Ҳазрати Алӣ (к) мефармоянд: Бо матолиби ҳакимонаи навин ва аҷиб ҷонҳои худро нишот диҳед, зеро рӯҳ ҳам монанди бадан хаста мешавад.

  Гуфтори ҳакимона, ки аз роҳ ва ё нишасту бархост бо донишмандон ба даст меояд, ба рӯҳ нишот мебахшад ва нерӯи фикрро зиёд мекунад ҷавонон бояд миқдоре аз вақтҳои фароғатро ба мутолиаи муфид ихтисос диҳанд ва агар дар оғози кор унс ва алоқае надошта бошанд, такрор ва тамрин ва интихоби китобҳои судманд метавонад онҳоро алоқаманд созад. Мо агар битавонем насли ҷавонро ба мутолиа одат диҳем, қадами бузург дар ҷиҳати пешрафти фикрии онҳо бардоштаем ва дар баробари инҳироф ва фасодашон садди муҳкам ва баланд қарор додаем.

     Усулан одат надоштан ба мутолиа  сабаб намешавад соатҳои фароғати ҷавонон ба анҷоми тафриҳоти ғалат мегузарад. Коргарон низ, ки бо корҳои якхела ва хастакунанда сарукор доранд, метавонанд бо мутолиа саргамии омузандае дошта бошанд, то дар берун аз муҳити кор, сабаби бакор уфтодани ҳуши онон шавад ва бисёре аз матлабҳои илмӣ ва мазҳабиро биёмузанд.

Мусофират

Мусофират низ яке аз тафриҳоти солим ва лаззатбахш аст, ки дар саломати ҷисм ва равон муассир аст. Ислом низ мусалмононро ба ин тафриҳи саҳеҳ ва солим фарохондааст. Аммо бояд таваҷҷӯҳ дошт, Ислом ҳар навъ сайр ва гардишеро намепазирад балки фақат он қисмро мепазирад, ки ҳамроҳ бо як ҳадафи инсонӣ бошад, ҳадафе ки барои фард ё ҷомеа суду фоида дошта бошад. Пайғамбари Ислом (с) мефармояд: сафар кунед, то солим ва тандуруст бошед. Қуръони Карим дар беш аз 10 оят мардумро ба сайру гардиш дар замин фармон додааст, то бо вазъ ва ҳоли мардуми қарнҳои гузашта ошно шаванд ва сабаби инҳирофу нобудии ононро дарёбанд ва бо дилҳои зинда ва бедор ва гушҳои шунаво зиндагӣ кунанд.

Мефармояд: Чаро мардум сайр накардаанд то далелҳое дошта бошанд, ки ба василаи онҳо бифаҳманд ё гушҳое, ки бадон бишнаванд… яъне сайру гардиш бояд барои пайдокардани дили бедор, ва ба мақсади тақвияти рӯҳи пандомӯз бошад. Онон, ки барои бартафшудани хастагӣ кор ва нерӯе дар рӯзҳои бекорӣ ба сафар мераванд, ҳам тафриҳи рӯҳбахш анҷом додаанд ва ҳам ба яке аз омилҳои тандурустӣ даст ёфтаанд. Зеро … имрӯз аз назари пизишкӣ собит шудааст, ки зиндагӣ, кор ва хуроки якнавохт  барои шахс зарар дорад ва аъзои бадан зудтар фарсуда ва нотавон мешавад, пас тағйири зиндагӣ бояд ҷузъи аз барномаи беҳдошти қарор гирад… аммо мусофират, ки ба мақсади ҳавасронӣ аст ва ба ҷои бедордили ва шунавоии гуш, бо куфтагии аъсоб ва хастагии фикр ва ҷисм ҳамроҳ аст, наметавон тафриҳи солим номид ва Ислом ҳам шадидан аз онҳо пешгири кардааст. Мусофират агар саҳеҳ ва бо ҳадафи машруъ анҷом ёбад яке аз омилҳои пешрафти ахлоқӣ ва санъатии ҷомеа маҳсуб мешавад ва бадин васила тараққи ва рушди миллат афзуда мешавад. Албатта имрӯз мардум бо рифоҳ ва осойиши бештаре сафар мекунанд ҳамаҷо мераванд ва ба мамлакатҳои пешрафта сар мезананд. Агар аз он чи мебинанд ва мешунаванд ибрат гиранд муҷиботи пешрафтҳои илмиро фароҳам месозанд. Аммо мутаассифона мардум дар бештари гардишҳо ба ҷои ин ки аз пешрафтҳои илмии дигарон баҳра гиранд, ҳавасронӣ ва айёшӣ тарҳи ҷадиди мудҳо ва ҷуз онро ба армағон меоваранд.

Варзиш

Варзиш низ аз тафриҳоти солим ва судманд аст. Аҳмияти варзиш дар ин аст, ки баданро нерӯманд месозад ва рӯҳро ирода мебахшад. Ногуфта пайдост, ки ҷавононе метавонанд дар майдонҳои мубориза ва дифоъ биистанд ва мубориза кунанд, ки илова бар емон ва ҳадаф бадани неруманд дошта бошанд. Мардони заиф ва нотавон на танҳо дар майдони ҷангу мубориза коре анҷом намедиҳанд, дар майдони зиндагӣ ҳам шикаст мехуранд. Албатта бояд ба варзишҳое пардохт, ки бо усули ахлоқӣ ва инсонӣ носозгор набошад.

Тирандозӣ

  Тирандозӣ барои мусалмонон зарурат дорад то дар мубориза бо душманон ва дифоъ аз ҳарими Қуръон ва инсонияту ватан омодагӣ дошта бошанд. Пайғамбари Ислом(с) дар зейли ояти: و اعدوالهم ما استطعتم من قوه .. яъне: “Ончи метавонед барои мубориза бо душманон нерӯ фароҳам кунед…” Тирандозиро аз нерӯҳо маҳсуб фармуда аст. Имом Содиқ (а) шахсан дар мусобиқаи тирандозӣ ҳозир мешуд. Имом Содиқ (а) ба Ҳушшом ибни Абдулмалик фармуд: “Ман дар ҷавонӣ ба тирандозӣ мепардохтам ва баъд аз даврони ҷавонӣ раҳояш кардам”.

Аспдавонӣ

Аспдавониҳам дар Ислом аҳмияти зиёде дорад ва пешвои бузурги мусалмонон, Пайғамбари Ислом (с) худ дар мусобиқаи аспдавонӣ ширкат мекард, мусалмононро ба ин варзиш ташвиқ мекард ва ҷоизаҳоеро ба барандагон ихтисос медод. Якрӯз душманон, ба моли муслимин дар Мадина ҳамла карданд, Расули Худо(с), бо гуруҳе аз асҳоб савор бар аспҳо шуданд ва ба таъқиби онон шитофтанд вале ҳарчи рафтанд ба онҳо нарасиданд. Абуқутода ба пайғамбар арз кард: Акнун, ки душман рафтааст иҷоза бидаҳед боҳам мусобиқа бидаҳем. Расули гиромӣ(с) пазируфт ва аз ҳамаи онҳо баранда шуд.

Мусалмонон барои омодагии ҷангӣ бо кофирон ба аспдавонӣ ва тимори аспон аҳмияти зиёде медоданд ва дар тарбияти онон талош мекарданд, зеро дар Қуръон омадааст “اعدو الهم ما استطعتم من قوه و من رباط الخيل …” Ононро бадин кор фармон додааст. Ва тибқи сариҳи оя муваззаф буданд дар баробари душманони Ислом, ҳар чи метавонанд нерӯи ҷангӣ ва аспон омода кунанд ва аспи даванд дар ин омодаги хеле муассир аст, ки дар фиқҳи Ислом боберо ба номи мусобиқа ва тирандозӣ кушода аст. Ва коршиносони фиқҳ дар бораи арзиш ва шароити он ёдовариҳои лозимро баён кардаанд.

Шино(об бозӣ)

Шино ва ё ҳамон оббози тафриҳи хуб ва судманде аст, ки дар тақвияти аъзои баданд муассир мебошад. Пайғамбари азизи Ислом (с) мефармоянд: “Ба фарзандонатон шино ва тирандозӣ биёмузед”. Шино ҳангоми гузаштан аз дарё ва рухдодани ҷанг ва хатар ва наҷот додани шахси ғарқ шуда ва ғайри он судманд аст. Расули гиромии Ислом (с) фармуд: “Худо раҳмат кунад падар ва модареро, ки фарзанди худро ба неки ва салоҳияти ахлоқӣ кумак кунад”. Агар маркази шойиста барои тафриҳи солим вуҷуд надоштабошад бояд падарон ва модарони азиз то андозаи тавоноӣ ва ҳудуди имконот васоили тафриҳро дар хонаи худ фароҳам кунанд, то ба авомили фасод ва олудагӣ дучор нашаванд. Ва чи басо ки мардуми хайрхоҳ, марказе барои тафриҳи ҷавонони азизи кишвар бавуҷуд оваранд, илова бар ин ки ба ниёзи табии онон аз назари тафриҳ посух гуяд, матолиби ахлоқӣ ва тарбиятиро низ ба онон таълим дода шавад ва аз ҳаргуна олудагӣ ва фасод дар амон бошанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.