10 рози доштани як хонаводаи шоду самимӣ

74

Ба далели корҳои бисёри мардум, истифода аз технология бахши қобили таваҷҷӯҳе аз замонҳои холиро гирифта ва ҳамин амр сабаби пайдоиши стресу ташвиш дар кӯдакону калонсолон мешавад. Барои доштани фазои хонаводагии шод чанд гому рози сода вуҷуд дорад, ки дар идома омадааст.

Талош барои эҷоди як фазои хонаводагии шод гоҳе вақт метавонад дар дунёи имрӯза монанди як мушкил бошад. Ҳамаи афрод машғӯли коре ҳастанд, ба назар мерасад технология бахши зиёде аз вақтҳои холии афродро мегирад ва бисёре аз калонсолону кӯдакон дучори стрес ҳастанд. Бо ин ҳол чанд гом вуҷуд дорад, ки бо риоя кардани онҳо метавонед дар дунёи модерни имрӯза як зиндагии шод дошта бошед.

Даҳ роз барои доштани як хонаводаи шоду самимӣ

  1. Ҳар рӯз якҷоя хӯроки шом бихӯред

Фаъолиятҳои худро тавре барномарезӣ кунед то битавонед ба унвони хонавода хӯроки шомро якҷоя бихӯред. Дар бораи рӯзи худ суҳбат кунед, ду бора бо ҳамдигар иртибот барқарор кунед ва дар бораи барномаи ояндаи худ баҳс кунед. Ин як роҳи олӣ барои волидону бачаҳо аст, ки аз зиндагии якдигар бо хабар бошанд.

  1. Ҳамчун оила дар ҷомеа иштирок кунед

Хонаводаҳое, ки дар ҷомеаи худ иштирок доранд эҳтимолан аз кори гуруҳӣ истифода мекунанд ва ин метавонад ҳамбастагии хонаводаро тақвият кунад. Инки оё шумо дар як ошпазхонаи таҳияи ғизо барои афроди ятим хостаед кор кунед, дар як маросими поксозии фазои шаҳрӣ кумак мекунед ё дар ҷашнҳо бо ҳам иштирок мекунед, анҷоми корҳо ба унвони як хонавода аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

  1. Ба фарзандони худ қудрат бидиҳед то назар худро баён кунанд

Инки ба фарзандон бигӯед аз роҳе, ки шумо мехоҳед пайравӣ кунанд, эҳтимолан натоиҷи хушоянд Дар пай нахоҳад дошт. Равшан аст, ки волидон бояд масъӯл бошанд ва бар ин асос бояд фарзандонро ҳам тарбия кунанд, аммо кӯдакон низ бояд фурсате барои сухан гуфтан дар хонавода дошта бошанд. Ба нигарониҳои фарзандони худ гӯш кунед, ба онҳо иҷоза бидиҳед барномаҳои худро ироа кунанд ва иштибоҳоташонро ба онҳо гӯшзад кунед.

  1. Иҷоза бидиҳед модаркалон пеши шумо бимонад

Агарчи зиндагӣ кардан бо модари ҳамсаратон мумкин аст гоҳе зиёд ҳам орзу набошад, аммо метавонад барои бачаҳо воқеан хуб бошад. Вақте, ки фарзандон бо модарбузург дар як хона зиндагӣ мекунанд эҳтимоли бештаре дорад, ки ба дигарон аҳамият нишон бидиҳанд, ҳамчунин будани шахси дигаре, ки метавонад муроқиби бачаҳо бошад ва ба онҳо кумак кунад низ метавонад миқдоре аз фишори волидонро кам кунад.

  1. Аз ҳамаи аъзои хонавода интизори ҳамкорӣ дошта бошед

Хонаводаҳои шод дар бораи инки чи касе бояд чи коре анҷом диҳад имтиёздиҳӣ намекунанд. Дар иваз ҳамаи онҳо майл ба ҳамкорӣ дар корҳо ва масъулиятҳои манзил доранд. Равшан кунед, ки ҳама бояд саҳми худ аз корҳоро анҷом диҳанд зеро ин бахше аз хонавода будан аст.

  1. Аз фаъолиятҳои якдигар ҳимоят кунед

Чи як мусобиқаи футбол тамошо мекунед ё як гуруҳи мусиқиро ташвиқ мекунед, хонаводаҳои шод аз талошҳои якдигар ҳимоят мекунанд. Ҳатто агар наметавонед дар ҳамаи фаъолиятҳои ҳамсару фарзандонатон иштирок кунед, хурсандиатон аз талошҳои онҳоро нишон диҳед. Бо ҳимоят аз талошҳои ҳар як аз аъзои хонавода барои дастёбӣ ба аҳдофи шахсӣ, ба муваффақияти ҳамдигар кумак кунед.

  1. Қонунҳои равшан гузоред

Хонаводаи шод ниёз ба қонунҳои равшан дар бораи интизорот ва рафторҳо доранд. Навиштани чанд маврид аз қонунҳо ва нигаҳдоштани онҳо дар хона метавонад муфид бошад. Қавонине вазъ кунед, ки бар аҳамияти рафтори бо эҳтиром бо якдигар таъкид дошта бошад. Ҳар як аз аъзои хонаводаро ба мушорикат дар эҷоди қонунҳои хонаводагӣ ташвиқ кунед.

  1. Аз вақт гузарондан бо ҳам истифода кунед

Як хонаводаи шод вақтҳои бо кайфиятеро бо ҳам мегузаронанд. Ин бадон маъност, ки вақте бо ҳам ҳастед аз машғӯл шудан ба кампиютер ва ғайраҳо дурӣ кунед ва воқеан канори аъзои хонавода бошед. Ба пиёдаравӣ биравед, бо ҳам варзиш кунед ё бозиҳои гуруҳӣ бо аъзои хонавода анҷом диҳед.

  1. Барномаҳои хонаводагиро парвариш бидиҳед

Доштани барномаҳои хонаводагӣ метавонад ба эҷоди ҳиси иттиҳод дар хонавода кумак кунад. Барои мисол, рӯз ё шаби бекорӣ бозии хонаводагӣ кунед ва бозиҳои тахтаиро интихоб кунед ё дар ҳангоми хоб ҳар як аз аъзои хонавода дар бораи иттифоқи муҳимме, ки дар тули рӯз барояш иттифоқ афтодааст суҳбат кунад. Эҷоди чунин барномаҳое ба аъзои хонавода кумак мекуна бо ҳам дар иртибот бошанд.

  1. Ҷаласаҳои пай дар пайи хонаводагӣ баргузор кунед

Барои ҳаддиақал моҳе якбор ҷаласоти хонаводагӣ, барномарезӣ кунед. Дар бораи мавориде, ки хуб пеш рафтаанд баҳс кунеду мушкилоте, ки бавуҷуд омадаандро решаёбӣ кунед. Аз ин ҷаласаҳо барои барномарезии корҳои хонаводагӣ истифода баред. Ин як равиши олӣ барои таълими фарзандон дар ҳалли мушкилот аст дар ҳоле, ки онҳоро бо ҳам ҳал мекунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.