Мақоми зан дар Ислом

179

Ҳеҷ паёмбаре бидуни модар ба дунё наёмада аст. Паёмбари бидуни падар дорем, ки ҳазрати Исо (а) мебошанд вале паёмбаре, ки домани пурмеҳру муҳуббати модарро надида бошад, надорем. Паёмбаронамон дар домани модар, рушд ва тарбият шудаанд.

Зан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигари худ чархи таърихи башариятро ҳаракат медиҳад.

Агар ба ҷавҳар ва фаҳми куллии масъалаи зан назар афканем ба ин хоҳем расид, ки зан дар хонавода аз чаҳор ҳолати асосӣ холӣ нест: зан ё модар аст, ё хоҳар аст ё духтар аст ва ё ҳамсар аст, ки дар мавриди ҳаркадом аз ин ҳолатҳо дини муқаддас раҳнамуд ва ҳидояти хосси худро барои таҷлил аз мақом ва манзилати зан барои пайравони худ содир намуда аст.

Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад(с)дар мавриди мақом ва манзилати модар мефармояд:

«بر الوالدين أفضل من الصلاة والصدقة والصوم والحج والعمرة والجهاد فى سبيل الله»

“Фазилат ва савоби некӣ ва эҳсон ва хидмат дар ҳаққи падар ва модар бештар аз намоз, закот, руза, ҳаҷ, (ҳаҷҷи) умра ва ҷиҳод дар роҳи Худованд аст”.

Ва боз мефармояд:

«بر أمك وأباك  وأختك و أخاك، ثم أدناك فأدناک»

“Бо модар ва падарат, бо хоҳару бародарат некӣ кун сипас ба тартиб ҳаркасеро, ки наздиктар аст мавриди муҳаббат ва эҳсон ва некии худ қарор деҳ”.

Дини муқаддаси Ислом хилқати зан ва мардро яке дониста батавре, ки Қуръон дар ин амр таъкид карда мефармояд:

«خلقكم من نفس واحدة»

“Мард ва занро аз нафси воҳиде халқ намудаам” (сураи Нисо, ояти 1)

Дини муқаддаси Ислом дар тафовут бо дигар адён ва мазоҳиб, ки занро монанди Шайтон ва рондашуда аз раҳмати парвардигори илоҳӣ медонистанд, ба зан ва мақоми он ҳайсияти бузурге қоил буда ва муътақид аст ки: Зан як инсони ҳақиқӣ аст ва аз як ҷуфт инсони нар ва мода ба дунё омада аст ва хислатҳои зотии инсонро дорад ва дар мафҳуми инсоният мард бар зан бартарии хос надорад.

Худованд мефармояд:

«يا ايها الناس إنا خلقناكم من ذكر وانثى وجعلناكم شعوبا وقبايل لتعارفوا ان اكرمكم عندالله اتقاكم»

Эй мардум! Ҳамоно Мо шуморо аз мард ва зане офаридем ва шуморо миллатҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед; қатъан гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост; (сураи Ҳуҷурот, ояти 13).

назди Худо касе аст, ки ботақвотар бошад”.

Паёмбари Ислом(с) якҳазору чаҳорсадсоли пеш фармуданд:

«الناس كلهم سواء كاسنان  المشط»

“Мардум (марду зан) монанди дандонаҳои шона боҳам баробаранд. Ва ҳеҷгуна тафовуте байнашон вуҷуд надорад”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.