Ҳаққи зан ва шавҳар – бароварда кардани ниёзҳои моддӣ

123

Ҳаққи зан ва шавҳар – бароварда кардани ниёзҳои моддӣ

Ва вазифаи муҳимми дигари мард таъмини ниёзи модди оила аст.

дар сураи Нисо оят 34 мефармояд:

الرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَى النِّسَاءِ … وَبِمَا أَنْفَقُوا مِنْ أَمْوَالِهِمْ

“мардон бар занон сарпарастӣ доранд( ва идораи зиндагии занон ба уҳдаи онон аст) … ва ба хотири ин ки мардон аз моли худ нафақа (ва харҷи зиндагии занонро ба унвони як ҳаққи воҷиб ба) онон медиҳанд”

Ҳаққи зан ва шавҳар – раҳмат (меҳрубонӣ)

Ҳар оилае ниёз ба сақфе дорад ки зери сояи он зиндагӣ кунанд, оила ниёз ба хурдан дорад, ниёз ба пушидан дорад, хулоса зиндаги харҷ дорад.

Зан ки дар хонаи падарӣ буд зери боли падар буд ва харҷи зиндагии ӯ бо падараш буд, ҳоло ки рози шуд зери ҳимоят ва боли шавҳар дарояд, дар ояти боло Худованд ба шавҳар вазифа додааст ки аз ин баъд мардона, ба қавлаш биистад занро зери боли худ бигирад. Хонае муҳаё кунад ва ба талаби ризқу рузи худаш ва ҳамсараш ва низ фарзандонаш талош кунад ва аллатта ки ин талоши онҳо бе подош намемонад ва аҷри муҷоҳиди дар роҳи Худоро дорад, зеро дар ҳадис омадааст ки “ заҳматкаш барои оила монанди муҷоҳиди дар роҳи Худо аст”.

Ҳаққи зан ва шавҳар – либоси ҳамдигар будан

Аммо ин шароити моддиро чи миқдор ба мард воҷиб карда аст?

Ҳадди инро дар сураи Бақара ояти 233 баён кардааст:

وَعَلَى الْمَوْلُودِ لَهُ رِزْقُهُنَّ وَكِسْوَتُهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ لَا تُكَلَّفُ نَفْسٌ إِلَّا وُسْعَهَا لَا تُضَارَّ وَالِدَةٌ بِوَلَدِهَا وَلَا مَوْلُودٌ لَهُ بِوَلَدِهِ

“… ва соҳиби фарзанд, (яъне падар) хурок ва пушоки занҳоро ба шоистагӣ уҳдадор аст, ҳеҷ кас беш аз тавонаш вазифа дода намешавад, ҳеҷ модаре ба сабаби тафлаш зиён набинад ва на соҳиби фарзанд (яъне падар) ба сабабаи фарзандаш зиён набинад…”

Пас ба қадри тавонаш ки урф он миқдорро маъқул медонад шавҳар вазифа дорад зану бачаҳояшро аз назари хурока ва пушока таъмин кунад.

Хонаводаи намуна

Ҳаққи зан ва шавҳар – андеша ва тафаккур

Ҳаққи зан ва шавҳар – маваддат (меҳру муҳаббат)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.